Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2007, № 384 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот"

Мувофиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ гардидани лоиҳаи "Рушди деҳот", инчунин барои самаранок истифодабарии қарз ва гранти Бонки Осиёгии Рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот" таъсис дода шуда, Оинномаи-замимагардидаи он тасдиқ карда шавад.

Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои заруриро барои ҷойгир намудани Муассисаи давлатии ,Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот" ҷудо намояд.

3. Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи ,Рушди деҳот, бо мувофиқаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи "Рушди деҳот" ҳамасола хангоми таҳияи Буҷети давлатӣ маблағгузории саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э.Раҳмонов

аз 13 июли соли 2007 № 384

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Центра управления проекта "Развития сельской местности"

В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях реализации проекта "Развития сельской местности", и эффективного использования кредита и гранта, предоставленных Азиатским Банком Развития Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Центр управления проекта Развития сельской местности" и утвердить прилагаемый ее Устав.

Исполнительным агентством проекта "Развития сельской местности" определить Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан.

2. Государственному Комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Министерством сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан выделить необходимое помещение для размещения Государственного учреждения "Центра управления проекта "Развития сельской местности".

3.Государственному учреждению "Центр управления проекта "Развития сельской местности" по согласованию с Министерством сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Азиатским Банком Развития разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание аппарата Государственного учреждения "Центра управления проекта "Развития сельской местности".

4. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно при формировании Государственного бюджета предусматривать необходимые средства для вклада Правительства Республики Таджикистан на реализацию проекта "Развития сельской местности".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 13 июля 2007 года № 384

г. Душанбе