Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015
Мутобиқи модаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, фавт ва маъюбшавӣ аз бемории ишемиявии дил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техники амалисозии Барномаро таъмин намояд.
- дар бораи натиҷаҳои амалисозии Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол, моҳи декабр ахбор манзур намояд.
4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Шӯрои ҳамоҳангсозиро оиди амалисозии барномаи мазкур созмон диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 334
ш. Душанбе