Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ"
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010с. № 191)
Бо мақсади иҷро намудани тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", таъмини омодагии доимӣ барои иҷрои вазифаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-ба созмон додани мақомотҳои идоракунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонӣ ва барпо намудани иншоотҳои муҳофизати мудофиаи гражданӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
-бо назардошти сиёсати мудофиавии мамлакат ва ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табиӣ, экологӣ ва техногенӣ дошта, нақшаҳои мудофиаи гражданиро таҳия ва тасдиқ намоянд;
-тайёрии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва ташкили омӯзиши умумӣ ва ҳатмии аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил намоянд.
2. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо зарурати таъсис намудани фондҳои эҳтиётии воситаҳои инфиродӣ, тиббӣ, хурокворӣ ва дигар амволи мудофиаи гражданӣ, инчунин сохтмони иншоотҳои муҳофизатиро муайян намуда, барои банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳои мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд
3. Ҳайати комиссияҳои зерини мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:.
- комиссияи устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷангӣ (замимаи № 2).
4. Раисони комиссияҳои таъсисдодашудаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияҳоро пурра гардонида фаъолиятл доимии онҳоро ба роҳ монанд.
5. Номгӯи хадамотҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаи № 3).
6. Роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи онҳо хадамотҳои мудофиаи гражданӣ таъсис дода мешаванд, мувофиқи замимаи тасдиқшуда хадамотҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, таъминоти моддӣ-техникӣ ва омодагии доимии онҳоро таъмин намоянд.
7. Сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании онҳо мувофиқи замимаҳои тасдиқшуда комиссияҳо ва хадамотҳои мудофиаи граждании вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва иншоотиро созмон дода таъминоти моддӣ-техникӣ, фаъолият ва омодагии доимии онҳоро таъмин намоянд.
8. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро аз болои иҷрои талаботҳои ин қарор ба роҳ монда, дар таъсис, фаъолияти ҳамарӯза ва омодагии доимии мақомотҳо ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонад
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 166 "Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 апрели соли 2002 № 192
ш. Душанбе
Замимаи № 1
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2002 № 192
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси комиссия - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии соҳаи мазкурро ба зимма дорад.
Муовини раиси комиссия - Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси комиссия - Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи хадамоти муҳоҷиратро ба ӯҳда дорад
Котиби комиссия - Сардори зершӯъбаи эвакуатсия ва нақлиёти Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои комиссия:
Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини сардори Сарраёсати алоқаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармутахассиси шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Муовини Раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Нафтрасон"
Муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
Муовини Раиси Ширкати давлатии бинокории "Тоҷиксохтмон"
Замимаи № 2
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2002 № 192
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷангӣ
Раиси комиссия - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии соҳаҳои иқтисодиётро ба зимма дорад
Муовини раиси комиссия - Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси комиссия - муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиби комиссия - аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Ширкати давлатӣ оид ба сохтмони иншоотҳои энергетикии "Нурафзо"
Муовини Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Мадад"
Муовини Раиси Ширкати давлатӣ сохтмонии "Тоҷикстрой" Муовини Раиси Ҷамъияти саҳомии "Тоҷикдеҳлоиҳа"
Муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Муовини Раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
Муовини Раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот"
Муовини Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хӯрокворӣ"