Низомномаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 263

Санаи амалкуни: 26.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 июни соли 2007 № 263

тасдиқ шудааст

Низомномаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2008 № 581)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раёсат) мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007, № 253 "Дар бораи таъсиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 № 272 "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳамоҳангсозии корҳо доир ба танзими анъана ва чашну маросимҳо, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии давлати демократии Тоҷикистон, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таъсис шудааст.

2. Раёсат танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва назорати фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллиро ба роҳ монда, танзими муносибати байни давлат ва ташкилотҳои диниро ба амал мебарорад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ "Қомун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 2 воҳиди штатӣ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо 3 воҳиди штатӣ, шаҳру ноҳияҳо то 2 воҳиди штатӣ аз ҳисоби воҳидҳои штатии дар доираи шумора ва фонди музди меҳнати тасдиқшудаи онҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо 1 воҳиди штатӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ комиссияҳои доимоамалкунанда таъсис дода мешаванд. Раисони комиссияҳои доимии маҳаллӣ аз ҳисоби воҳидҳои штатии ҷудошуда дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъин карда мешаванд. Дар ҳайати комиссияҳо шахсони обрӯманди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳракҳо, ҷамоатҳо, омӯзгорони варзида, имомхатибони масҷидҳо, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд шомил бошанд.

Комиссияхои доимии маҳаллӣ мувофиқи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи Раёсат ва Низомномаи маҳалли фаъолият намуда, тибқи муқаррарот ба Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир ба фаъолияташон ҳисобот пешниҳод менамоянд.

5. Ҷиҳати татбиқи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо ва муассисаҳои хизматрасонии коммуналӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

II. Сохтор ва ташкили Раёсат

6. Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Сохтор ва шумораи кормандони Раёсат тибқи пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. Сардори Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикнстон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Дигар кормандони раёсатро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

III. Вазифаҳои Раёсат

8. Вазифаҳои асосии Раёсат аз инҳо иборатанд:

- таҳлили мунтазами холати соҳаҳо ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муайян намудани роҳҳои самарабахши рушди онҳо, ҳалли масъалаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои нисбатан муҳими байнисоҳавӣ, байниминтақавию ҷумҳурӣ, ки ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо вобастагӣ доранд ва дар ин асос таҳия намудани пешниҳодҳои дахлдор;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳалҳо вобаста ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- анҷом додани назорати мунтазами иҷрои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳияи гузоришҳо оид ба ин масъалаҳо;

- ташкили иҷрои нақшаҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар ин самт;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фаврӣ доранд;

- мувофиқаи муросилоти хизматӣ, мактуб ва муроҷиатҳои шифоҳии шаҳраандон, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд;

- назорати риояи анъана ва ҷашну маросимҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур;

- дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур Раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади дахлдор таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд;

- дар ҳолати вайрон намудани талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур аз ҷониби коркунони комиссияҳои маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Раёсат санади дахлдор таҳия намуда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии марбута барои чораандешӣ пешниҳод менамояд;

- барои амалӣ намудани талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур Раёсат ташкили кори комиссияҳои маҳаллӣ, комиссияҳои ҷамъиятиро таҳлил менамояд ва барои пешбурди кор пешниҳодҳо ва санадҳои лозима таҳия менамояд;

- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо;

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;

- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбахои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар танзими ҷашну маросимҳо;

- таблиғи адабиётҳои илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- талаб кардан ва дарёфт намудани маълумот оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон;

- таъмини пешбурди коргузорӣ мувофиқи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

IV. Ҳуқуқ ва ваколатҳои Раёсат

9. Сардори Раёсат:

- татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Раёсат вогузоршударо ташкил намуда, барои иҷрои самарабахши онҳо масъулияти шахсӣ дорад;

- вазифаҳоро байни кормандони тобеъ тақсим намуда, интизоми дурусти меҳнатӣ, аз ҷониби онҳо риоя гардидани талаботи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, барои ташкили кор оид ба назорат ва тафтиши иҷрои он дар Раёсат масъул мебошад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо баро и таҳияи масъалаҳои аз тарафи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда маводи заруриро дархост менамояд, ҳангоми зарурат кормандони мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро бо розигии роҳбаронашон барои омодасозии масъалаҳои доираи салоҳияти Раёсат ҷалб мекунад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба ҳуҷҷатҳои дар Раёсат таҳиягардида ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш медиҳад;

- ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар хусуси ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргардонидани лоиҳаҳои санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали коргузорӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, пешниҳод манзур менамояд;

- дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд, инчунин дар маҷлисҳои ҳайатҳои мушовара, маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, муассисаҳо ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои тахти салоҳияташон қарордошта ширкат менамояд.

10. Кормандони масъули Раёсат:

- мутобиқи вазифаҳо корҳои мушаххаси ба зиммаи онҳо гузошташударо иҷро мекунанд, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошанд;

- ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи ӯҳдадориҳои вазифавиашон, дар маҷлисҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва муовинони ӯ, ҷаласаҳои мушовара, маҷлисҳо, машваратҳое, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузаронанд, иштирок мекунанд;

- дар доираи салоҳияти худ бо маводи дахлдори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳои давлатӣ, муассисаю ташкилот са мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шинос мешаванд;

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон доир мегарданд, иштирок менамоянд.

V. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ

11. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар асоси Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур фаъолият намуда, таҳти роҳбарии умумии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо қарор доранд.

12. Сохтор ва шумораи кормандони Комиссияҳои доимии маҳаллӣ тибқи Низомномаи мазкур бо фармони раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо тасдиқ карда мешаванд.

13. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур соле ду маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассали таҳлилӣ пешниҳод менамоянд.

14. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳамоҳангӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

VI. Талабот оид ба танзими ҷашну маросимҳои расмӣ

15. Ҷашн ва маросимҳо

а. Ҷашнҳои расмӣ

Дар арафаи ҷашнҳои расмӣ бинои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хиёбону гулгаштҳо, кӯчаҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатии шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи идонаоро дода мешаванд.

Воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо) барномаҳо таҳия намуда, манзури мардум мегардонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои расмӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд. Идҳои касбӣ бе оростани зиёфат берун аз вақти корӣ гузаронида мешаванд.

б. Зодрӯз

Таҷлили рӯзи таваллуд фақат дар доираи оила гузаронида мешавад.

в. Хатнасур

Хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар (ба истиснои ҳунармандон ва пешхизматон) - танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида мешавад.

Хатна бо хоҳиши падару модар дар якҷоягӣ бо тӯйи домодию арусӣ метавонад баргузор гардад. Дар ин ҳолат шумораи иштирокчиён ҳангоми додани зиёфати хатна бо тӯйи домодию арусӣ то 150 нафар (ба истиснои ҳунармандон ва пешхизматон) дар оростани зиёфат ва ҳангоми додани оши хатна бо оши тӯйи домодию арусӣ то 200 нафар (ба истиснои ҳунармандон ва пешхизматон) муқаррар карда мешавад.

Хатна бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббӣ ва ё аз ҷониби устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали баъд аз таваллуд анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2008 № 581).

Дар хатнасур маъракаҳои "маслиҳатошӣ", "бузкашӣ", "гӯштингирӣ", "ордбезон" ва инъом кардан, ба истиснои тақдими тӯхфаҳо ба тифл, манъ аст.

Падару модарон ва шахсони парастор метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёзнок ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ва бепарасторро гузаронанд.

Маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд.

г. Тӯйи домодию арӯсӣ

Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бояд дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шавад. Қайди давлатии ақди никоҳ бо хоҳиши ҷавонон ба таври ихтиёрӣ дар шаби тӯйи арӯсӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо гузаронида мешавад.

Маслиҳати тӯй бо иштироки волидайни тарафҳо сурат мегирад. Ба домоду арӯс то 7 адад сару либос ба ҳар нафари онҳо муқаррар карда шавад.

Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2008 № 581).

Ташкили маъракаҳои "фотиҳаи тӯй", "маслиҳатошӣ", "идонабарӣ", "сандуқбарон", "сарупобинон", "чойгаштак", "раисталабон", "қудоталабон", тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс манъ аст.

Тақдими тӯҳфахо барои домоду арӯс ва волидайни онҳо иҷозат аст.

Маросимҳои домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

Маросими қайди давлатии никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 адад автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.

д. Маросими дафну азодорӣ

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

Маросими "се" бе додани таъом гузаронида мешавад: Маросими чил ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом гузаронида мешавад.

Шахсони азодор метавонанд маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таъом дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2008 № 581).

Дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили "оши сари тахта", "душанбегӣ", "ҷумъагӣ", "ҳафт", "бист", "шашмоҳагӣ", ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё манъ аст.

Додани ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй иҷозат аст.

е. Маросими ҳаҷ

Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд. Ташкили маъракаҳои "хоҷиталабон" ва "ҳоҷиошӣ" манъ аст.

16. Тартиби хизматрасонии муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо дар баргузории ҷашну маросимҳо

Муассисаҳои фарҳангӣ дар байни масъулини санъаткорон ва гурӯхҳои эҷодӣ танзим ва ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотиро амалӣ менамоянд. Иштироки ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн сурат мегирад.

Дар баргузории ҷашну маросимҳо маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо назорати ҷои нишаст, маданияти хизматрасонӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиении кормандон ва муҳити атрофро таъмин менамоянд. Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо бо дархости Раёсат ва комиссияҳои дахлдори маҳаллии тамзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир ба риояи талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур маълумот пешгиҳод менамоянд.

Ҳангоми гузаронидани маъракаҳои хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ комиссияҳои доимии маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур бо сабти имзои соҳибмаърака дар дафтари махсуси бақайдгирӣ ба омодагӣ ва баргузории маърака мусоидат менамояд.

Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат (барои як маърака) муқаррар мешавад. Ба рӯзҳои истироҳат ҳамаи рӯзҳое, ки бо санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи истироҳат эътироф шудаанд, дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2008 № 581).

VII. Назорати иҷрои Низомнома

Назорати иҷрои Низомнома ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ин Низомнома

Шахсоне, ки талаботи ин Низомномаро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замима

РӯЗҲОИ ИД

                                                   (Бо истироҳат)

+----------------+---------------------------------------------------ҷ
|1 январ         |Соли нав                                           |
+----------------+---------------------------------------------------+
|8 март          |Рузи байналхалкии занон                            |

|21-22-23-24 март|Иди Навруз                                         |

|1 май           |Рузи байналхалкии якдилии мехнаткашон              |

|9 май           |Рузи Галабаи халкхо дар Чанги Бузурги Ватани       |

|27 июн          |Рузи Вахдати милли                                 |

|9 сентябр       |Рузи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон     |

|6 ноябр         |Рузи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон |

|хар сол як руз  |                                                   |
|дар мавридаш    |Иди Рамазон                                        |

|дар мавридаш    |Иди Курбон                                         |

Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи исгироҳат ба рузи аввалй кори баъди рӯзи ид гузаронида мешавад. Қ. 4. м.83 Кодекси меқнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Идҳои касбӣ

                                                   (Бе истироҳат)

|27 январ        |Рузи кормандони гумрук                             |

|6 феврал        |Рузи милиса                                        |

|23 феврал       |Рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон        |

|11 март         |Рузи матбуот                                       |

|20 март         |Рузи зиёиёни эчодкор                               |

|якшанбеи якуми  |Рузи геологхо                                      |
|мохи апрел      |                                                   |

|10 апрел        |Рузи кушунхои дохила                               |

|шанбеи сеюми    |Рузи пойтахти Чумхурии Точикистон шахри Душанбе    |

|якшанбеи сеюми  |Рузи илми точик                                    |

|26 апрел        |Рузи байналмилалии моликияти акли                  |

|7 май           |Рузи радио, иди кормандони тамоми сохахои алока    |

|12 май          |Рузи Шашмаком                                      |

|15 май          |Рузи байналхалкии оила                             |

|23 май          |Рузи чавонони Точикистон                           |

|26 май          |Рузи адвокатхо                                     |

|28 май          |Рузи кушуни сархади                                |

|якшанбе охирини |Рузи кимиёгарон                                    |
|мохи май        |                                                   |

|1 июн           |Рузи байналмилалии хифзи кудакон                   |

|5 июн           |Рузи байналхалкии мухити зист                      |

|6 июн           |Рузи байналхалкии кормандони кооператсия           |

|якшанбеи якуми  |Рузи кормандони савдо, адои хизмати маишии ахоли ва|
|мохи июн        |хочагии манзилию комуналли                         |

|якшанбеи дуюми  |Рузи кормандони саноати сабук                      |
|мохи июн        |                                                   |

|якшанбеи охирини|Рузи мелиоратсия                                   |

|8 июл           |Рузи маъюбон ва пиронсолон                         |

|якшанбеи дуюми  |Рузи мохигирон                                     |
|мохи июл        |                                                   |

|якшанбеи сеюми  |Рузи металлургхо                                   |

|22 июл          |Рузи забони точики                                 |

|25 июл          |Рузи кормандони наклиёти автомобили                |

|30 июл          |Рузи сухторнишони ва умури начот аз фалокат        |

|якшанбеи якуми  |Рузи кормандони рохи охан                          |
|мохи август     |                                                   |

|10 август       |Рузи варзишгарон                                   |

|якшанбеи дуюми  |Рузи кормандони сохтмон                            |

|18 август       |Рузи таваллуди Абуали ибни Сино, рузи касбии       |
|                |кормандони тибби Чумхурии Точикистон               |

|якшанбеи сеюми  |Рузи ихтироъкор ва навовар                         |

|якшанбеи охирини|Рузи ангиштканхо                                   |

|1 сентябр       |Рузи дониш                                         |

|1 сентябр       |Рузи амалиёти иттифокхои касаба барои сулх         |

|3 сентябр       |Рузи авиатсия                                      |

|якшанбеи аввали |Рузи кормандони саноати нафту газ                  |
|мохи сентябр    |                                                   |

|якшанбеи дуюми  |Рузи рохсозон                                      |

|якшанбеи сеюми  |Рузи кормандони чангал                             |

|22 сентябр      |Рузи Рудаки                                        |

|якшанбеи охирини|Рузи мошинсозхо                                    |

|якшанбеи якуми  |Рузи омузгорон                                     |
|мохи октябр     |                                                   |

|якшанбеи дуюми  |Рузи кормандони адлия ва суд                       |

|16 октябр       |Рузи кинои точик                                   |

|7 ноябр         |Рузи театри точик                                  |

|якшанбеи сеюми  |Рузи кормандони кишоварзи ва саноати коркарди      |
|мохи ноябр      |махсулот                                           |

|14 декабр       |Рузи кормандони прокуратура                        |

|22 декабр       |Рузи энергетикхо                                   |