Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2008, № 581 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 № 263"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 № 263

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 № 263 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

дар банди 15:

дар сархати сеюми зербанди "в" калимаҳои "устоҳои касбии иҷозатномадошта бо риояи қоидаҳои тиббӣ" ба калимаҳои "устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

дар сархати сеюми зербанди "г" калимаҳои "дар як рӯз" ба калимаҳои "дар давоми на бештар аз ду рӯз" иваз карда шаванд;

дар сархати сеюми зербанди "д" калимаҳои "дар моҳи шарифи Рамазон ва ё рӯзи иди Қурбон гузаронанд" ба калимаҳои "дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд" иваз карда шаванд;

дар сархати чоруми банди 16 калимаҳои "аз соати 10 то 23" ба калимаҳои "аз соати 8 то 23" иваз карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

26 декабри соли 2008, № 581

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Указ Президента Республики Таджикистан от 8 июня 2007 года №263

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

В Указ Президента Республики Таджикистан от 8 июня 2007 года №263 "0б утверждении Положения Управления по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" внести следующие изменения:

в пункте 15:

в третьем абзаце подпункта "в" слова "профессиональных мастеров, имеющих лицензию, с соблюдением медицинских правил" заменить словами "профессиональных мастеров в порядке, установленном Министерством здравоохранения Республики Таджикистан";

в третьем абзаце подпункта "г" слова "в течение одного дня" заменить словами "в течение не более двух дней";

в третьем абзаце подпункта "д" слова "в священный месяц Рамазан или в день праздника "Курбон" заменить словами "в священный месяц Рамазан, в день праздника Курбон или в другое время, который соответствует проведению годовщины покойного";

в четвертом абзаце пункта 16 слова "с 10 до 23 часов" заменить словами "с 8 до 23 часов".

Президент

Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе

 26 декабря 2008 года №581