ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи баҳои замин" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.185) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун моддаҳои 3(1) ва 5(1) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 3(1). Имконнопазирии баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ дар ҳолати набудани маводҳои ибтидоӣ
Баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзӣ (заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола) дар ҳолати набудани нишондиҳандаҳои баҳои сифати хок ва тавсифномаи майдонҳо анҷом дода намешавад.
Моддаи 5(1). Қитъаи замине, ки мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешавад
Қитъаҳои замини боғҳои миллӣ, дендрологӣ, ботаникӣ, мамнӯъгоҳҳо, фонди давлатии ҷангал, фонди давлатии об, ёдгориҳои таърихӣ, динӣ, заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин қитъаҳои замине, ки ба муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бо мақсади гузаронидани таҷриба ва иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷудо карда шудаанд, мавриди баҳодиҳӣ қарор дода намешаванд.".
2. Моддаи 6 хориҷ карда шавад.
3. Қисми сеюми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Баҳои кадастрии давлатии замин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ ва мақомоти маҳаллии он гузаронида мешавад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ барои гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин метавонад ташкилотҳои соҳавиро дар асоси шартнома ҷалб намояд.".
4. Дар моддаҳои 10 ва 11 калимаҳои "Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
...