ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 413, аз 26.12.2008 № 448)
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 413, аз 26.12.2008 № 448)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ташкили гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҳуқуқҳои алоҳидаи молумулкиро муайян мекунад.
Мақсади Қонуни мазкур ҷалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иқтисодӣ, муқаррар намудани соҳибони воқеии он, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
молу мулк - биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонашон нотамом ва молу мулки дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, интиқолашон бе расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, инчунин молу мулки дигари ба молу мулки ғайриманқул баробарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок, воситаҳои нақлиёт, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- қонунигардонии молу мулк - раванди барасмиятдарории ҳуқуқ ба молу мулке, ки аз гардиши иқтисодӣ бо мақсади пинҳон кардани фоида бароварда шудааст ва (ё) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудааст ё ба номи шахси дигар ба расмият дароварда шудааст;
- шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк (минбаъдшаҳодатнома) - ҳуҷҷати расмие мебошад, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба молу мулки қонунигардонидашуда муайян мекунад;
- комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк (минбаъд - комиссия)мақомоте, ки барои қонунигардонии молу мулк ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк ваколатдор гардидааст;
- мӯҳлати қонунигардонӣ - мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи қонунигардонии молу мулк ба комиссия бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунанд;
- авф - озод намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молу мулке, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудааст.
Моддаи 2. Амали Қонуни мазкур
...