Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 248 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.04.2008с. № 189 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 591 "Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва номгӯи хоҷагиҳои тобеи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад, лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 248

ш. Душанбе