Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор аз 2 майи соли 2007, № 248

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.04.2008с. № 189 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2007 № 248

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор

. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор (минбаъд Агентӣ), мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор амалӣ менамояд.

2. Агентӣ дар нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикнстон оид ба хоҷагии ҷангал ва шикор ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

2. Ваколатҳо

4. Ба Агентӣ ваколатҳои зерин вогузор мегарданд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба самтҳои асосӣ - муҳофизат ва ҳифзи ҷангал, барқароркунии ҷангал, ҷангалҳои муҳофизатӣ, тухмипарварӣ ва хоҷагии шикор;

- баланд бардоштани самаранокии соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор бо роҳи истифода аз тарзу усулҳои пешқадам ва дастовардҳои илм;

- таъсис ва роҳбарии фаъолияти нозирони ҷамъиятии (ғайриштатии) ҷангал ва шикор;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вобаста намудани захираҳои ҷангал ва шикоргоҳҳо тавассути бастани шартномаҳо;

- ташкил ва инкишофи шикор барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

- истифодаи самаранок, муҳофизат, ҳифзи захираҳои ҷангал, барқароркунӣ, такрористеҳсолкунии ҷангалҳо, назорат ва танзими истифодаи объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;

- инкишофи хоҷагии шикор ва истифодаи захираҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида;

- инкишофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (парваришгоҳҳои табиӣ, ғайр аз мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ) ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;

- таҳияи санадҳои меъёрӣ барои хоҷагии ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- ташкили ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти худрӯй ва хӯрданибоби ҷангал, ашёи хоми доруворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал тибқи тартиби муқарраргардида;

- ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- ҳаллу фасли масъалаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тобеъ;

- баҳисобгирии заминҳои фонди давлатии ҷангал, баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо ва таҳияи заминаи маълумотии хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- назорати фаъолияти истифодабарандагони заминҳои фонди давлатии ҷангал.

3. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо

5. Агентӣ ҳуқуқ дорад:

- дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи истифодабарии заминҳои фонди давлатии ҷангалро амалӣ намояд;

- иҷозатномаҳо барои фаъолият оид ба истифодаи захираҳои ҷангал ва шикор, барои буридани ҷангал ва роҳхатҳои шикори варзишӣ дар ҳудуди меъёрҳои муайянкардаи сохторҳои дахлдори Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқи истифодаи маҳсулоти ҷангалро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал диҳад ва бекор намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои истифодаи ҷангал (дарави алаф, чаронидани чорво, ҷамъоварӣ ва тайёр кардани маҳсулоти растаниҳои худрӯи ҷангал) маблағ ситонад;

- ба мақомоти дахлдор таклифҳоро нисбати таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи хоҷагиҳои ҷангал ва шикор пешниҳод намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони муассисаҳои илмиро барои гузаронидани тадқиқот дар соҳаи ҷангалпарварӣ ва хоҷагиҳои шикор ҷалб намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида маводро оид ба қонунвайронкунии ҷангал, ситонидани ҷарима ва пешниҳоди даъво ба шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла ба шаҳрвандон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намояд;

- санҷиши назоратии фаъолияти хоҷагиҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои тобеи Агентиро оид ба масъалаҳои ҳисоби молиявӣ ва муҳосибӣ амалӣ намояд;

- ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумотро аз ҳамаи хоҷагиҳои тобеи Агентӣ сари вақт талаб кунад ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод намояд;

- бо ҷамъбасти сол комиссияҳои балансии фаъолияти хоҷагиҳои тобеи Агентиро гузаронад.

6. Агентӣ ӯҳдадор аст:

- асноди меъёрии ҳуқуқиро табқи тартиби муқарраргардида дар соҳаи барқароркунии ҷангал, истифодаи ҷангал, муҳофизати ҷангал, ҳамчунин ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот ва наботот, ки таҳти салоҳияти Агентӣ қарор доранд, таҳия намояд;

- фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал, ниҳолпарварӣ, парваришгоҳҳои давлатии ҷангал, ҳамчунин дигар муассиса ва корхонаҳои сохторро танзим намояд;

- ҷангалро аз бурришҳои ғайриқонунӣ, шикори ғайриқонунии ҳайвоноту паррандагон ва дигар намудҳои қонунвайронкуниҳои ҷангал, ҳашароти зараррасон, касалиҳои ҷангал ва сӯхтор ҳифз намояд;

- миқдори ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳоро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб гирад;

- назорати бехатарии сӯхторро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал амалӣ созад;

- чорабиниҳои барқароркунии ҷангалҳо, ҷангалҳои муҳофизатӣ, корҳои хоҷагии ҷангал ва зиддисӯхтор, бурришҳои санитарии ҷангалҳоро мутобиқи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;

- меъёрҳои ҷамъоварӣ ва тайёр кардани маҳсулоти ҷангалро муайян карда, вазифаҳои хоҷагиҳои ҷангалро оид ба иҷрои нақшаҳо ва қарордодҳо муқаррар намояд;

- дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хоҷагиҳои ҷангал ва шикор амалӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалиро баҳри инкишофи хоҷагиҳои ҷангал ва шикор ҷалб намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида шартиомаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҷангал ва шикор ба имзо расонад ва иҷроиши онҳоро таъмин намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда саҳм гузорад.

4. Ташкили фаъолияти Агентӣ

7. Агентиро Директор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Муовини Директор аз тарафи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

9. Кормандони Агентӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида аз тарафи Директори Агентӣ ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.

10. Директори Агентӣ:

- барои фаъолияти Агентӣ масъулияти шахсӣ дорад;

- ӯҳдадориҳои касбии кормандонро тақсим мекунад, низомномаҳои шӯъбаҳо ва хоҷагиҳои Агентиро тасдиқ менамояд;

- тибқи муқаррароти муайянгардида ба ҷангалбонон рутбаҳои касбӣ медиҳад, қарордодҳоро ба имзо мерасонад, нисбати кормаидон чораҳои хавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- роҳбарии умумиро оид ба ташкили шикор, хоҷагии шикор дар фонди давдатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯхда дорад. ӯ ҳамзамон муовини Сарнозири давлатӣ, муовини ӯ нозири калони давлатӣ дар фонди давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

- истифодаи самаранок ва хушсифати воситаҳои асосӣ, ннчунин воситаҳои гардони истеҳсолотро дар корхонаҳои тобеъ назорат мекунад.

11. Дар Агентӣ барои ҳалли коллективонаи масъалаҳои мавҷуда метавонад Шӯрои машваратӣ таъсис дода шавад.

12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ, дорои баланси мустақил, суратҳисоб дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланк бо сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ мебошад.

13. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ: шаҳри Душанбе кӯчаи Бӯстон 3 мебошад.

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2007 № 248

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор

Роҳбарият

Шӯъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал

Шӯъбаи ҳифз на муҳофизати ҷангал, набототу ҳайвонот ва шикор

Шӯъбаи кишоварзӣ ва маводи худрӯи ҷангал

Бахши иқтисод

Бахши муҳосиба

Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2007 № 248

тасдиқ шудааст

Номгӯи хоҷагиҳои тобеи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор

Хоҷагиҳои ғайритиҷоратӣ

Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ

Хоҷагии ҷангали ба номи Мӯсоеви ноҳияи Ғончӣ

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ашт

Хоҷагии ҷангали ба номи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон

Хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент

Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус

Хоҷагии ҷангали ба номи Холови ноҳияи Хуросон

Хоҷагии ҷангали ба номи Маматалиеви ноҳияи Қубодиён

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Носири Хусрав

Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Мӯъминобод

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шӯрообод

Хоҷагии ҷангали Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод

Хоҷагии ҷангали ноҳиян Балҷувон

Хоҷагии ҷангали Сари-Хосори ноҳияи Балҷувон

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хоҷагии ҷангали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод

Хоҷагии ҷангали Ромити шаҳри Ваҳдат

Хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод

Хоҷагии ҷангали шаҳри Норак

Xоҷагии ҷангали ба номи Худойназарови ноҳияи Варзоб

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав

Хоҷагии ҷангали ба номи Д.Каримови шаҳри Роғун

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Тавилдара

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол

Хоҷагии ҷангали "Қаратоғ"-и шаҳри Турсунзода

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Хоҷагиҳои тиҷоратӣ

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Рашт

Хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Восеъ

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод

Раёсати хоҷагидорӣ ва хизматрасонӣ

Минтақаи ҷангалпарварии Эсанбой

Минтақаи таҷрибавию истеҳсолии Навобод

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 24.04.2008г. №189

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2007 года 248

Положение Агентства лесного хозяйства и охоты

1. Общие положения

1. Агентство лесного хозяйства и oxoты (далее - Агентство) является органом государственной исполнительной власти, осуществляющим функции государственного обслуживания в сфере лесного хозяйства и охоты.

2. Агентство состоит в схеме управления Министерства сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан.

3. Агентство в своей деятельности руководствуется нормативными правовыми актами Республики Таджикистан о лесном хозяйстве и охоты, а также настоящим Положением.

2. Полномочия

4. На Агентство возлагаются следующие полномочия:

- проведение единой государственной политики по основным направлениям - охрана и защита лесов, восстановление лесов, семеноводство и охотничье хозяйство;

- повышение эффективности в сфере лесного хозяйства и охоты путём использования передовых методов и достижений науки;

- организация и управление деятельностью общественных (внештатных) инспекторов лесных хозяйств и охоты;

- в установленном порядке путём заключения договоров осуществляет закрепление лесных ресурсов и охотничьих угодий за юридическими и физическими лицами:

- организация и развитие охоты для юридических и физических лиц, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан;

- рациональное использование, зашита, охрана лесных ресурсов, восстановление, воспроизводство лесов, контроль и регулирование использования объектов животного и растительного мира;

- в установленном порядке развитие охотничьего хозяйства и использование охотничьих ресурсов на территории Республики Таджикистан;

- развитие особо охраняемых природных территорий (природные питомники, кроме государственных заповедников) и сохранение биологического разнообразия в землях государственного лесного фонда;

- разработка нормативных актов для лесных и растениеводческих хозяйств;

- в установленном порядке организация сбора дикорастущих и съедобных растений леса, лекарственного сырья, сельскохозяйственной продукции в землях государственного лесного фонда;

- организация подсобных хозяйств в лесном хозяйстве и растениеводства;

- решение трудовых и социальных вопросов работников лесного хозяйства и растениеводства, улучшение материально- технической базы подведомственных хозяйств;

- ведение учёта земель государственного лесного фонда, оценка их деятельности и разработка базы данных лесных и растениеводческих хозяйств;

- контроль за деятельностью пользователей землями государственного лесного фонда.

3. Права и обязанности

5. Агентство имеет право:

- в пределах законодательства Республики Таджикистан осуществлять использование земель государственного лесного фонда;

- выдавать и аннулировать лицензии на деятельность по использованию лесных ресурсов и охоты, вырубку леса и путёвки на спортивные охоты в пределах норм, определённых соответствующими структурами Министерства сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан, также право на использование продукции леса нa территории земель государственного лесного фонда:

- взимать платы в соответствии с установленным порядком за пользование лесом (покос травы, выпас стада, сбор и изготовление продукций из дикорастущих растений леса);

- представлять в соответствующие органы предложения по разработке нормативных правовых актов в сфере лесного хозяйства и охоты;

- в установленном порядке привлекать сотрудников научных учреждений для проведения исследований в сфере лесоводства и охотничьего хозяйства;

- в установленном порядке рассматривать материалы о нарушениях законодательства о лесе, взимать платы и предъявлять иски к должностным лицам предприятий, организаций и учреждении независимо от форм собственности, в том числе к гражданам в пределах законодательства Республики Таджикистан;

- осуществление контрольных проверок деятельности подведомственных Агентству хозяйств, организаций и предприятий по вопросам финансового и бухгалтерского учета;

- своевременное требование статистических отчетов и других данных от всех подведомственных Агентству хозяйств и их представление вышестоящему органу:

- проведение по итогам года балансовых комиссий деятельности подведомственных Агентству хозяйств.

6. Агентство обязано:

- в установленном порядке разрабатывать нормативные правовые акты в сфере восстановления леса, использования леса, охраны и защиты леса, а также защиты и использования растительного и животного мира, относящимся к полномочиям Агентства;

- регулировать деятельность лесных и растениеводческих хозяйств, государственных лесных питомников, а также других учреждений и предприятий системы;

- осуществлять защиту леса от незаконных порубок, незаконной охоты на животных и птиц, вредных насекомых, лесных болезней и пожаров, других видов нарушений законодательства о лесе;

- вести учет численности диких животных и птиц на территории земель государственного лесного фонда;

- осуществлять противопожарный контроль на территории земель государственного лесного фонда;

- проводить мероприятия по восстановлению лесов, охраняемых, лесов, противопожарные и лесохозяйственные работы, санитарные вырубки лесов в соответствии с Лесным Кодексом Республики Таджикистан;

- определять нормы сбора и изготовления лесной продукции, устанавливать задачи лесным хозяйствам по выполнению планов соглашений;

- в пределах своих полномочий осуществлять сотрудничество с научными учреждениями и международными организациями по вопросам лесного хозяйства и охоты;

- в установленном порядке привлекать гранты и другую помощь о международных организаций для развития лесного хозяйства и охоты:

- в установленном порядке подписывать и обеспечивать выполнение международных договоров в сфере лесного хозяйства и охоты;

- в установленном порядке участвовать в проведении республиканских мероприятий и вносить вклад.

4. Организация деятельности агентства

7. Агентство возглавляет Директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Министра сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан.

8. Заместитель Агентства, назначается на должность и освождается от должности Министром сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан по представлению Директора Агентства.

9. Работники Агентства в установленном порядке назначаются на должность и освобождаются от должности Директором Агентства.

10. Директор Агентства:

несет персональную ответственность за деятельностью Агентства;

распределяет профессиональные обязанности работников, утверждает положения отделов и хозяйств Агентства;

согласно установленного положения присваивает профессиональные чины лесоводам, подписывает соглашения, принимает в отношении работников поощрительные и дисциплинарные меры,

осуществляет общее руководство по организации охоты и охотничьего хозяйства на территории земель государственного лесного фонда Республики Таджикистан. Он одновременно является заместителем Главного государственного инспектора, его заместитель - старшим государственным инспектором на территории земель государственного лесного фонда Республики Таджикистан:

контролирует эффективное и качественное использование основных средств, а также оборотных средств в подведомственных предприятиях,

11. В Агентстве для решения имеющиеся коллективных проблем может образоваться Консультативный совет.

12. Агентство является юридическим лицом, имеет самостоятельный баланс, счет в Центральном казначействе Министерства финансов Республики Таджикистан, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, бланки со своим наименованием на государственном и русском языках.

13. Место нахождения Агентства: город Душанбе, улица Бустон 3.

Приложение 1

 Утверждено

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2007 года 248

Структура Центрального аппарата Агентства лесного хозяйства и охоты

Руководство

Отдел воспроизводства и восстановления леса

Отдел защиты и охраны леса, растении, животных и охоты

Отдел сельского хозяйства и дикорастущих растений леса

Экономический сектор

Бухгалтерский сектор

Юридический и кадровый сектор

Приложение 2

 Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 2 мая 2007 года 248

Перечень подведомственных хозяйств Агентства лесного хозяйства и охоты

Некоммерческие хозяйства

Лесное хозяйство Согдийской области

Лесное хозяйство Айнинского района

Лесное хозяйство имени Мусоева Ганчинского района

Лесное хозяйство Аштского района

Лесное хозяйство имени Хувайдуллоева Аштского района

Лесное хозяйство Шахристанского района

Лесное хозяйство города Пенджикента

Лесное хозяйство города Истаравшана

Лесное хозяйство Кухистони Мастчохского района

Лесное хозяйство Хатлонской области

Лесное хозяйство Пянджского района

Лесное хозяйство Шаартузского района

Лесное хозяйство имени Холова Хурасанского района

Лесное хозяйство имени Маматалиева Кабадианского района

Лесное хозяйство района Н.Хисрав

Лесное хозяйство Кулябской зоны

Лесное хозяйство Фархорского района

Лесное хозяйство Дангаринского района

Лесное хозяйство Муминабадского района

Лесное хозяйство Шураабадского района

Лесное хозяйство Дашти Джум Шураабадского района

Лесное хозяйство Балджуанского района

Лесное хозяйство Сари- Хосор Балджуанского района

Лесное хозяйство района Мир Сайид Алии Хамадони

Лесное хозяйство Горно-Бадахшанской автономной области

Лесное хозяйство Ванчского района

Лесное хозяйство Нурабадского района

Лесное хозяйство Ромит района Вахдат

Лесное хозяйство города Вахдат

Лесное хозяйство Файзабадского района

Лесное хозяйство города Нурек

Лесное хозяйство имени Худойназарова Варзобского района

Лесное хозяйство Гиссарского района

Лесное хозяйство Шахринауского района

Лесное хозяйство имени Л. Каримова города Рогуна

Лесное хозяйство Раштского района

Лесное хозяйство Тавильдаринского района

Лесное хозяйство Джиргатальского района

Лесное хозяйство "Каратаг" города Турсун-заде

Лесное хозяйство Таджикабадского района

Коммерческие хозяйства

Растениеводческое хозяйство Раштского района

Растениеводческое хозяйство города Вахдат

Растениеводческое хозяйство Восейского района

Растениеводческое хозяйство Кабадианского района

Растениеводческое хозяйство Зафарабадского района.

Главное управление по хозяйствованию и обслуживанию

Зона Эсанбайского лесничества

Опытно-производственная зона Навобод