Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007
№ 247 тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323, аз 08.10.2012 № 569)
1. Мукаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ (минбаъд Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, назорату танзими кори зотпарвариро дар соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ (минбаъд соҳаи чорводорӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд ().
2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ().
3. Хадамот дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад ва фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
2. Вазифаҳо
4. Вазифаи асосии Хадамот аз татбиқ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ иборат мебошад.
5. Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ назорат, танзим ва тафтиши корҳои зеринро ба амал мебарорад ():
- муайян намудани самтҳои асосӣ ва барномаҳои беҳтар кардани сифати зотҳо;
- ба вуҷуд овардани зотҳо, ҷинсҳо, хелҳо ва дурагаҳои нави сермаҳсул дар соҳаи чорводорӣ ва санҷиши давлатии онҳо;
- ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи хушзотгардонӣ дар соҳаи чорводорӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фонди ирсӣ ва кори зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ;
- тафтиши аттестатсияи субъектҳои зотпарварӣ (ва ба дараҷаи завод, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ гузаронидани онҳо);
- истифодаи оқилонаи захираҳо дар соҳаи чорводорӣ, гузаронидани кори селексионӣ дар корхонаҳои зотпарварӣ, инчунин тиҷорати байнидавлатӣ дар соҳаи чорводорӣ;
- иҷрои санадҳои меъёрӣ дар кори зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии ҳайвонот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зотӣ;
- риояи низомҳои қабулшудаи парвариш дар соҳаи чорводорӣ, барномаҳои кори зотпарварӣ, нақшаҳои парвариши маҳсулоти зотӣ, тақсимот ва истифодаи оқилонаи захираҳои маҳсулоти зотӣ;
- нигоҳ доштан ва такмил додани зотҳо дар соҳаи чорводорӣ дар минтақаҳои парвариши онҳо, ҳамчунин дар хоҷагиҳое, ки барои нигоҳ доштани фонди ирсии онҳо масъуланд;
- ба ҷумҳурӣ ворид намудани намудҳои нави зотҳои соҳаи чорводорӣ ва ташкил намуданн санҷиши қиёсӣ аз рӯи арзиши истеҳсолӣ ва зотии онҳо;
- дар амал татбиқ намудани кашфиёти муҳими илмию техникии соҳаи зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии ҳайвоноти кишоварзӣ.
6. Хадамот дорои ваколати санҷиши иҷрои қонунгузории зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуууқӣ, аз ҷумла хориҷӣ мебошад.
Нозирони Хадамот ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои зотпарварӣ омада, дар доираи салоҳияти худ аз онҳо маълумоти зарурӣ гиранд;
- ба субъектҳои зотпарварӣ ҷихати бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузорӣ дар кори зотпарварӣ дастурҳо диҳанд;
- содироти маҳсулоти махсусан пурарзиши зотиро берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намоянд;
- татбиқи тарзҳои нави технологӣ, асбобу таҷҳизот, маводҳо, усулҳои биотехнологиро дар истеҳсол, парвариш ва фурӯши маҳсулоти зотӣ назорат намоянд;
- ба истифодаи ҳайвоноти наринаи наслдеҳ ва нутфаи онҳо, ки сифаташон ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ нест, роҳ надиҳанд;
- фурӯши маҳсулоти зотиро дар субъектҳои зотпарварие, ки дар ҳисобу китоби зоотехникӣ ва технологияи истеҳсолӣ онҳо камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шудаанд, боздоранд ё манъ намоянд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати паст ё баланд намудани статуси хоҷагиҳои зотпарварӣ пешниҳод манзур намоянд;
- самтҳои фаъолияти марказҳои селексионӣ, ассотсиатсияҳо ва шӯроҳои илмию техникии соҳаи зотпарвариро муайян намоянд ва фаъолияти онҳоро дар сурате, ки дараҷаи талаботи гузаронидани корҳои такмил ё худ нигоҳ доштани зотро таъмин намекунанд, боздоранд;
- истифодаи тарзҳои технологӣ, асбоб, таҷҳизот, мавод, маҳсулоти зотӣ ва усулҳои биотехнологии бо тартиби муқарраргардида санҷиданашударо дар парвариши маҳсулоти зотӣ манъ намоянд.
7. ӯҳдадориҳои Хадамот иборатанд аз:
- ҳифзи ҳуқуқии ҷараён, объекту субъектҳои кори зотпарварӣ, ки мақсад аз он офаридани маҳсулоти зотӣ ва зотҳои нав аст;
- истифодаи оқилонаи захираҳои зотпарварӣ, такомул ва тағйири сифати фонди ирсии имрӯзаи зотҳо дар соҳаи чорводорӣ, ки комёбии миллии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд;
- баровардани маҳсулоти зотӣ ба бозори ҷаҳонӣ;
- зиёд кардани даромаднокӣ ва беш аз пеш қобили рақобат кардани маҳсулоти зотӣ дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ;
- ҳамаҷониба татбиқ намудани комёбиҳои илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ.
3. Ташкили фаъолият
8. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири кишоварзии ().
Муовиии Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардори Хадамот:
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида роҳбарону кормандони арзандаи Хадамотро ба мукофот пешниҳод менамояд;
10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағтузори мегардад.
11. Суроғаи Хадамот: ноҳияи И.Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 44 мебошад ().
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 247
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323)
Роҳбарият
Шӯъбаи молия, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва кадрҳо
Шӯъбаи назорати корҳои зотпарварӣ
Шӯъбаи ҳамоҳангсозӣ ва тарҳрезии корҳои зотпарварӣ ()