Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 247 "Дар бораи Хадамоти давлатии зотпарварӣ"

Санаи амалкуни: 08.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 595 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323, аз 08.10.2012 № 569)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ 17 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008№ 323, аз 08.10.2012 № 569).

3. Ба Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори ду адад муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323).

4. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 323).

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 №156 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Инспексияи давлатии зотпарварии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э.Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 247

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти давлатии зотпарварӣ

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии зотпарварӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии зотпарварӣ 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Хадамоти давлатии зотпарварӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори ду адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Хадамоти давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад.