ҚҚоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои соли 2007 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад аз 14 апрели соли 2007, № 199

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели соли 2007 № 199

тасдиқ шудааст

Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои соли 2007 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад

1. Муқаррароти умумӣ

Ҳамин Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ барои соли 2007 (минбаъд - Қоида) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 171 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015, таҳия гардидааст.

Ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт) маънои иштироки шаҳрвандонро ҷиҳати пардохти арзиши хизматрасонии тиббие дорад, ки илова бар ҳаҷми маблағгузории Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007 (минбаъд-Барнома) анҷом дода мешавад.

Ҳампардохт манбаи иловагии маблағгузории муассисаҳои тандурустии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Маблағҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ тибқи тартиби ҳампардохт аз ҷониби аҳолӣ ба даст омадааст мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006 № 776 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.11.2006 № 396 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ба танзим дароварда мешавад.

Ҳампардохт дар муассисаҳои тандурустӣ барои кӯмаки махсусгардонидашудаи амбулаторию поликлиникӣ, ташхиси лабораторию диагностикӣ дар сатҳи амбулаторӣ ва навъҳои алоҳидаи хизматрасонии тиббӣ дар статсионарҳо тибқи шартҳои Барнома ҷорӣ карда мешавад.

Қоидаи мазкур дар ноҳияҳои таҷрибавие ҷорӣ мегардад, ки дар онҳо Барнома оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007 татбиқ карда мешавад.

2. Ҳампардохт дар муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳии тандурустӣ

Шахсоне, ки мутобиқи Барнома ба имтиёзҳо ҳуқуқ надоранд, ҳангоми доштани роҳхат аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ 30 фоиз арзиши аслии кӯмаки махсусгардонидашудаи амбулаторию дармонгоҳиро мувофиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, (ба истиснои азназаргузаронии муроҷиин ва таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар муолиҷа) пардохт менамоянд.

Шаҳрвандоне, ки ба имтиёз ҳуқуқ надоранд ё барои ташхиси лабораторӣ ва диагностикӣ роҳхат надоранд, 70 фоиз арзиши аслии ҳама гуна ташхиси лабораторӣ ва диагностикиро мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, мепардозанд.

3. Ҳампардохт дар статсионарҳо

3.1. Ҳангоми муолиҷаи статсионарӣ ҳампардохт вобаста ба намуди беморӣ, мавҷудияти ҳуқуқ ба имтиёзҳо барои шаҳрвандон мувофиқи нархномаи ягона барои хизматрасонӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад.

3.2. Ҳангоми мавҷудияти роҳхат ба бистарикунонӣ аз мутахассиси муассисаи минтақавии тандурустӣ шаҳрвандоне, ки мутобиқи Номгӯи I ва вобаста ба бемориҳои асосӣ мутобиқи Номгӯи II замимаи № 1 ба Барнома имтиёз доранд, аз ҳампардохт озод карда мешаванд.

3.3. Шаҳрвандоне, ки барои бистарикунонӣ роҳхат надоранд, сарфи назар аз мавҷудияти ҳуқуқ ба имтиёзҳо 70 фоиз арзиши хизматрасониҳоро мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, мепардозанд.

3.4. Ҳампардохт ҳангоми бистарикунонии бетаъхир:

3.4.3. Ба ҳамаи бемороне, ки ба статсионар вобаста ба нишондодҳои бетаъхир омадаанд, кӯмаки бетаъхир то баровардан аз ҳолате, ки барои ҳаёти ӯ таҳдид мекунад, ройгон анҷом дода мешавад.

3.4.2. Баъди хизматрасонии кӯмаки бетаъхири статсионарӣ аз ҷумла дахолати фаврӣ, ба субот омадани нишондодҳои гемодинамикӣ ва нафаскашӣ, муроҷиин 30 фоиз арзиши хизматрасониҳоро мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, мепардозанд.

3.4.3 Ҳангоми зоиши статсионарӣ ҳампардохт аз заноне ситонида мешавад, ки дар мавриди ҳамин ҳомиладорӣ дар қайд ва назорати мунтазами диспансерӣ дар муассисаи мансуб набудаанд.

3.4.4. Аз заноне, ки ба статсионар вобаста ба ҷараёни зоиш бистарӣ гардидаанд, то таваллуд ҳампардохт ситонида намешавад. Баъди гузаштани 48 соат аз лаҳзаи таваллуд, заноне, ки имтиёз надоранд, дар ҳаҷми 70 фоиз арзиши хизматрасониҳоро мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, мепардозанд.

3.5. Ҳампардохт ҳангоми бистарикунонии нақшавӣ:

3.5.1. Ҳангоми бистарикунонии нақшавӣ ҳампардохт мутобиқи банди

3.1. дар ҳаҷми 30 фоиз арзиши хизматрасониҳоро мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, анҷом дода мешавад.

3.5.2. Барои доир намудани машваратҳои зарурӣ, ташхиси лабораторӣ ва диагностикӣ (ба истиснои тадқиқотҳои гаронарзиши лабораторӣ, диагностикӣ ва монипулятсия) аз муроҷиин, ки ҳангоми бистарикунонӣ ҳампардохтро анҷом додаанд, ситонидани маблағҳои иловагӣ иҷозат дода намешавад.

3.5.3. Ҳангоми дар ҳамин муассисаи тандурустӣ мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор, шароит барои гузаронидани ташхисҳои алоҳидаи лабораторӣ ва диагностикӣ (ба истиснои ташхисҳои гаронарзиши лабораторӣ, диагностикӣ ва монипулятсия) онҳо метавонанд ба дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шаванд. Дар айни ҳол пардохт аз ҷониби муассисаи тандурустии ирсолкунанда мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст ва мутобиқи шартномаҳои ба имзорасида, анҷом дода мешавад.

3.5.4. Ҳангоми зарурати гузаронидани ташхисҳои гаронарзиши лабораторӣ ва диагностикии муроҷиине, ки таҳти муолиҷаи статсионарӣ қарор доранд, ба истиснои маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 70 фоиз арзиши аслии хизматрасониҳо мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, пардохта мешавад.

3.5.5. Агар хароҷоти воқеӣ барои муолиҷаи статсионарӣ аз арзиши миёнаи дукаратаи муолиҷа мутобиқи нархномаи ягона барои хизматрасонии тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, зиёд бошад, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ дар хусуси аз ҷониби муроҷиин пардохт намудани хароҷоти иловагӣ барои воситаҳои доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда сарфи назар аз мавҷудияти ҳуқуқ ба имтиёзҳо қарор қабул мекунад, ки бо протокол ба расмият дароварда мешавад.

4. Тартиби гузаронидан ва баргардонидани ҳампардохт

4.1. Асос барои гузаронидани ҳампардохт талони ҳампардохт мебошад, ки аз ҷониби духтури шӯъбаи қабули статсионар мутобиқи фасли II, ҳамин Қоида дода мешавад (Замимаи 1).

4.2. Ҳампардохт аз ҷониби муроҷиин ба кассаи муассисаи дахлдори тандурустӣ гузаронида мешавад. Ба муроҷиин квитансияи ордери кассавӣ супурда мешавад, ки қабули маблағи нақдро бо зикри маблағи ҳампардохт тасдиқ мекунад.

4.3. Ҳампардохт дар ҳолатҳое, ки агар ҳуқуқи муроҷиин ба имтиёзҳо баъди ворид намудани он муқаррар гардида бошад, баргардонида мешавад.

4.4. Ҳангоми зарурати ба дигар статсионар гузаронидани муроҷиин, ки таҳти муолиҷаи статсионарӣ қарор дорад, ё фавти муроҷиин баргардонидани маблағи ҳампардохт дар ҳаҷми зайл анҷом дода мешавад:

- 100 фоиз ҳангоми буду боши муроҷиин дар ҳамин статсионар камтар аз як шабонарӯз;

- 50 фоиз ҳангоми буду боши муроҷиин дар ҳамин статсионар камтар аз се шабонарӯз.

4.5. Тартиби гузаронидан ва баргардонидани ҳампардохт аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва назорати истифодаи маблағҳои ҳампардохт

5.1. Маблағи ҳампардохт аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ба суратҳисоби махсус гузаронида мешавад.

5.2. Воситаҳои ҳампардохт барои музди меҳнати иловагӣ бо ҳиссаҷудокунӣ ба чорабиниҳои вобаста ба таъмини раванди муолиҷавию диагностикӣ, харидории доруворӣ ва ғизои муроҷиин истифода бурда мешавад.

5.3. Воситаҳои ҳампардохт наметавонад барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, хароҷоти сафари хизматӣ, таъмири асосии иншоот (биноҳо), сохтмон истифода бурда шавад.

5.4. Муассисаҳои тандурустӣ вазифадоранд баҳисобгирии оморӣ ва муҳосибавии ҳамаи воситаҳоеро, ки аз аҳолӣ ба сифати ҳампардохт тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд, анҷом диҳанд.

5.5. Назорати истифодаи воситаҳои ҳампардохт аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ тавассути идораҳои минтақавии тандурустии вилоятӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом дода мешавад.

Замимаи № 1

Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) кӯмаки

тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз

тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар

ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

соли 2007 расонида мешавад (ноҳияи Данғараи

вилояти Хатлон, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,

ноҳияҳои Рашт ва шаҳри Турсунзодаи тобеи ҷумҳурӣ),

ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели 2007с. № 199

тасдиқ шудааст

Талон барои ҳампардохти хизматрасонӣ дар статсионар

+-------------------------------+------------------------------------ҷ
|Пойгири талон барои            |Талон барои ҳампардохти хизматрасони|
Жҳампардохт                     |дар статсионар №____                |
|№____                          |Фамилия____________________________ |
|№____ харитаи тиббӣ            |Ном________________________________ |
|                               |Насаб______________________________ |
+-------------------------------+                                    |
|(ФНН муроҷиин)                 |                                    |
|Соли таваллуд______________    |Соли таваллуд______________________ |
|                               |№ картаи тиббии муроҷиин______ №    |
+-------------------------------+участка_______                      |
|                               |                                    |
|(ФНН духтур)                   |Шӯъбаи статсионар__________________ |
|шӯъбаи статсионар              |Маблағи ҳампардохт хангоми          |
+-Р-----------------------------+мавҷудияти роҳхат                   |
|                               |                                    |
|Маблағи пардохт______          |Муолиҷа тибқи шартҳои имтиёзнок (%) |
|(сомонӣ, дирам)      0         |_____сомонӣ, дирам                  |
|Сана "_____" ______ с.200__    |Маблағи хампардохт бе роҳхат:       |
+-------------------------------+                                    |
|Имзои корманде, ки             |Барои ҳамаи муроҷиин пардохт 100%   |
|роҳхатро навиштааст            |______сомонӣ дирам                  |
|                               |Радди пардохт_____________________  |
|                               |Фамилия ва имзои корманди шӯъбаи    |
|                               |қабул_____________________________  |
|                               |Сабт дар бораи пардохт____________  |
|                               |(Маблағ бо сабти хаттӣ)             |
|                               |__________________________________  |
|                               |(фамилия ва имзои ҳазинадор)        |
|                               |                                    |
|                               |ҶМ. № ордери воридот_____           |
|                               |Сана "___"_______ соли 200___       |
+-------------------------------+------------------------------------+