Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2007, № 199 "Дар бораи танзими расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи танзими расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2007, № 55 ва бо мақсади танзими расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ дар муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ ва беҳтарсозии дастрасии он ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Замимаҳои мазкур тасдиқ карда шаванд:

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007;

Қоидаи ҳаммаблағгузории (ҳампардохтӣ) кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои соли 2007 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад;

Қоида дар бораи воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007.

2. Вазорати тандурустии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияи Рашт ва шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо донорҳо аз 1 июни соли 2007 амалисозии барнома ва қоидаҳои бо қарори мазкур тасдиқ кардашударо, таъмин намоянд.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлои ва Суғд, ноҳияи Рашт ва шаҳри Турсунзода маблағгузории соҳаи тандурустиро дар доираи маблағҳои умумии пешбинишуда таъмин намоянд.

4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалисозии барнома ва қоидаҳои бо қарори мазкур тасдиқ кардашударо дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таъмин намояд;

- дар бораи натиҷаҳои амалисозии барнома ва қоидаҳо дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2008 ахбор бо пешниҳодҳо оид ба рушди барнома манзур намояд.

5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Рашт ва шаҳри Турсунзодаи тобеи ҷумҳурӣ доир ба амалисозии барнома ва қоидаҳои бо қарори мазкур тасдиқкардашуда Шӯрои координатсионӣ созмон диҳанд.

6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе эътибор дониста шаванд:

- аз 2 июли соли 2005 № 237 "Дар бораи тасдиқи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ";

- аз 12 октябри соли 2005 № 388 "Дар бораи қисман боздоштани амали қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 № 237";

- аз 3 апрели соли 2006 № 145 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2005 № 388 "Дар бораи қисман боздоштани амали қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 № 237".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 14 апрели соли 2007 № 199

ш. Душанбе