Қоида дар бораи воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007 аз 14 апрели соли 2007, № 199

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели соли 2007 № 199

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 апрели соли 2007 № 199

тасдиқ шудааст

Қоида дар бораи воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2007

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Маблағҳое, ки ташкилотҳои давлатии тандурустӣ барои хизматрасониҳои дорои хусусияти ғайримуолиҷавӣ ва намудҳои алоҳидаи хизматрасонии тиббӣ мутобиқи хоҳиши шаҳрвандон ба даст овардаанд, ба суратҳисоби махсуси муассисаҳои тиббии давлатӣ гузаронида мешаванд.

1.2. Воситаҳои махсус манбаъҳои иловагии маблағгузории ташкилотҳои давлатии тандурустӣ ба ҳисоб мераванд.

1.3. Қоидаи мазкур дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва шаҳри Турсунзодаи тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ноҳияи Спитамени вилояти Суғд амалӣ карда мешавад.

2. Ташаккули воситаҳои махсус

2.1. Воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои зерин, ки мутобиқи Нархномаи ягона барои хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохта мешавад ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, ташаккул меёбад:

- шаҳодатдиҳии тиббии вазъи саломатии шаҳрвандон ҳангоми қабул ба кор, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ;

- ба шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба истиснои шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, инчунин мутобиқи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ барои истиқомат иҷозат доранд, хизматрасонии тиббӣ вобаста ба хароҷоти воқеӣ анҷом дода мешавад;

- ба шаҳрвандони хориҷӣ;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "14" апреля 2007 года № 199

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "14" апреля 2007 года № 199

Правило о специальных средствах государственных организаций здравоохранения пилотных районов Республики Таджикистан на 2007 год

1. Общие положения

1.1. Средства, полученные организациями здравоохранения за оказание услуг не лечебного характера и отдельных видов медицинских услуг, оказываемых по желанию граждан, относятся к специальным средствам.

1.2. Специальные средства представляют собой дополнительный источник финансирования организаций здравоохранения.

1.3. Настоящее правило применяется в пилотных районах: Дангаринский район Хатлонской области, Спитаменский район Согдийской области, Ращтского района республиканского подчинения и города Турсунзаде.

2. Формирование специальных средств

2.1. Специальные средства организаций здравоохранения образуются за счет оплаты физическими и юридическими лицами следующих видов услуг по Единому прейскуранту цен на медицинские услуги, утвержденному в установленном порядке:

- медицинское освидетельствование состояния здоровья граждан при поступлении на работу, получении водительских прав;

- гражданам стран-участниц Содружества Независимых Государств (СНГ), за исключением граждан постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан, а также имеющих вид на жительство в соответствии с заключенными международными договорами и соглашениями медицинские услуги предоставляются по фактическим затратам;

- иностранным гражданам;

...