Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2007, № 202 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ"

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро (минбаъд - Комиссия) дар ҳайати зерин ташкил медиҳад:

- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовиии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;

- муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти роҳбарикунандаи корхонаи хусусишаванда;

- роҳбарияти корхонае, ки аз рӯи лоиҳаи инфиродӣ хусусӣ гардонида мешавад;

- сардори Раёсати идораи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия".

2. Сархати шашуми банди 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-ҳаҷм ва тартиби пардохти кафолатпулӣ муайян карда мешавад".

3. Банди 19 хориҷ карда шавад.

4. Дар банди 43 пас аз калимаҳои "нархи фурӯш" калимаҳои "ва иҷрои шартҳои ҳатмӣ" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 25 апрели соли 2007 № 202

ш. Душанбе