Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 с.№ 499, аз 05.09.2012№ 478, аз 6.08.2014 № 527)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, барои татбиқи назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад () .
2. Хадамот дар фаъолияти худ фармонҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологиро ба роҳбарӣ мегирад .
3. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ().
4. Хадамот фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликият доир ба масъалаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, анҷом додани назорати истеҳсолӣ ва ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳо ва иҷрои чорабиниҳои гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ ҳамоҳанг месозад ().
5. Иҷрои стандартҳои давлатӣ, муқаррарот, тавсияҳои методӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, фармонҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигар иттилоотро оид ба омӯзиши тарбияи гигиении аҳолӣ, барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Хадамот дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад ().
6. Хадамот фаъолияти худро бевосита ва тавассути марказҳои минтақавии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳо анҷом медиҳад ().
II. Ваколатҳо
7. Хадамот ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд ():
- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба иҷрои қонунгузориҳои санитарӣ анҷом медиҳад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ иштирок менамояд ;
- мониторинги иҷтимоию гигиенӣ мегузаронад;
- дар рафъи эпидемияҳо, садамаҳо, офатҳои табиӣ ва фоҷиаҳои экологӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок мебошанд, иштирок менамояд;
- талаботро ба доруҳои тиббии иммунобиологӣ, тест-системаҳо, маводҳои дезинфексионӣ, маводи бактериологӣ ва химиявӣ, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳо ва ғайраро барои Марказ муайян менамояд;
- ташкил ва таъмини қабули шаҳрвандон, сари вақт ва пурра таҳлил намудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, нисбати онҳо қабул намудани қарорҳо ва додани ҷавоб ба аризадиҳандагон дар мӯҳлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;
- ҳимояи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- пешбурд ва баҳисобгирии дафтарчаҳои тиббии шахсӣ, тасдиқи дониши ҳадди ақали санитарӣ, додани иҷозат барои ба кор шурӯъ намудан баъд аз гузаштани муоинаҳои пешакӣ ва мунтазами тиббии коргаронро амалӣ менамояд;
- қабул ва таҳлили ҳисоботи фаъолияти кории Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намуда, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои омориро месанҷад;
- фаъолияти марбут ба истифодабарии барангезандаҳои бемориҳои сироятиро анҷом медиҳад;
- дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои афканишоти ионофар ва ғайриионофар фаъолият менамояд ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи санитарию эпидемиологӣ ва чораҷӯиҳои амалӣ барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ хабардор менамояд;
- тибқи муқаррарот санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандонро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории санитарӣ, қоидаҳои фурӯши маҳсулот, воридот ва транзити маҳсулоти хӯроквориро ба анҷом мерасонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 527);
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологиро амалӣ менамояд
8. Хадамот бо мақсади иҷрои ваколатҳои худ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад ():
- вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунии шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тибби хусусӣ машғуланд, дархост намудани маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зурурӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- барои баррасии масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ташкил намудани шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;
- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот ();
- манзур намудани пешниҳод дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиололгии аҳолӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост намудан ва гирифтани маълумот дар бораи маблағгузории барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ равонгашта, дар муассисаҳое, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин менамоянд;
- санҷиши иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю нақшаҳои ба тартиби муқарраргардида тасдиқшуда дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- гузаронидани мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшуда, дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;
- санҷиши фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;
- гузаронидани аккредитатсия, аттестатсия ва санҷиши лабораторияҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки фаъолияти онҳо бо тадқиқоти санитарию гигиенӣ ва микробиологӣ алоқаманд аст ();
- иштирок дар таҳияи стандартҳои давлатӣ, муқаррарот, тавсияҳои методӣ, меъёру коидаҳои санитарӣ, фармонҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигар иттилоотро оид ба омӯзиши тарбияи гигиении аҳолӣ, барномаҳои максадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- тибқи салоҳияти муқарраргардида новобаста аз соати шабонарӯзӣ анҷом додани тафтиши назоратии иҷрои муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва маҳакҳо дар ҳама гуна муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- Хадамот ва сохторҳои он манбаъи таълимию методии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллеҷҳо ва мактабҳои тиббӣ мебошад ();
- Хадамот шартҳои созишномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанду дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян менамояд ().
- мунтазам шунидани ҳисоботи роҳбарони ин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба ҷараёни иҷрои созишномаҳо бо Марказ, татбиқи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида дар Шӯрои ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ба мақомоти дахлдор манзур кардани пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ, тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, иштирок намудан дар муҳокимаи ин масъалаҳо;
- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ тибқи мукаррарот ҷалб намудани муассисаҳои илмӣ ва ғайра, олимон ва мутахассисон;
- муайян ва қатъ намудани далелҳои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида, инчунин истифодаи чораҷӯиҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунанда, ки ба роҳ надодан ва (ё) рафъи оқибатҳои қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони-ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои талаботи ҳатмӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитрию эпидемиологии аҳолӣ нигаронида шудаанд;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти муассисаҳо ва корхонаҳои минтақавии Хадамот ().
III. Ташкили фаъолият
9. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки тибқи пешниҳоди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ().
Ба зиммаи Сардори Хадамот ӯҳдадориҳои муовини Сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад ().
Сардор барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти шахсӣ дорад () .
Муовинони Сардорро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (, аз 6.08.2014 № 527).
10. Сардор:
- роҳбарии умумии фаъолияти Марказро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- ӯҳдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;
- роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо, директорони марказҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташхисгоҳҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи ӯҳдадориҳои хизматии коргаронро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил кардани раёсат ва шӯъбаҳои тобеи Хадамот пешниҳод манзур менамояд ();
- барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ аз маблағҳои фонди эпидемикие, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, истифода мебарад ва идоракунии оперативии амволи ба Хадамот вобастакардашударо таъмин менамояд ;
- дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат, рӯйхати штатҳои Хадамот тибқи талаботи иамунавӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории онро барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ;
хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 527).
11. Хадамот шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, маблағгузории он аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
12. Маҳали ҷойгиршавии Марказ - шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 8 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 527).
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Роҳбарият
Раёсати назорати давлатии санитарию гигиенӣ
Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ
Раёсати сироятҳои ниҳоят хавфнок
Бахши ташкилию оморӣ ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Дастгоҳи марказӣ
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявию шаҳрии назорати давлатии санитарию элидемиологӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявию шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳукуқи хадамот)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) (минбаъд - Марказ) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, барои татбиқи назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
2. Марказ дар фаъолияти худ фармонҳои Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологиро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Марказ дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
4. Марказ фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликият доир ба масъалаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, анҷом додани назорати истеҳсолӣ ва ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳо ва иҷрои чорабиниҳои гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ ҳамоҳанг месозад.
5. Иҷрои стандартҳои давлатӣ, муқаррарот, тавсияҳои методӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, фармонҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигар иттилоотро оид ба омӯзиши тарбияи гигиении аҳолӣ, барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Марказ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
6. Марказ фаъолияти худро бевосита ва тавассути марказҳои минтақавии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
7. Марказ ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд:
- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба иҷрои қонунгузориҳои санитарӣ анҷом медиҳад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ иштирок менамояд;
- мониторинги иҷтимоию гигиенӣ мегузаронад;
- дар рафъи эпидемияҳо, садамаҳо, офатҳои табиӣ ва фоҷиаҳои экологӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок мебошанд, иштирок менамояд;
- талаботро ба доруҳои тиббии иммунобиологӣ, тест-системаҳо, маводҳои дезинфексионӣ, маводи бактериологӣ ва химиявӣ, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳо ва ғайраро барои Марказ муайян менамояд;
- ташкил ва таъмини қабули шаҳрвандон, сари вақт ва пурра таҳлил намудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, нисбати онҳо қабул намудани қарорҳо ва додани ҷавоб ба аризадиҳандагон дар мӯҳлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида;
- ҳимояи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- пешбурд ва баҳисобгирии дафтарчаҳои тиббии шахсӣ, тасдиқи дониши ҳадди ақали санитарӣ, додани иҷозат барои ба кор шурӯъ намудан баъд аз гузаштани муоинаҳои пешакӣ ва мунтазами тиббии коргаронро амалӣ менамояд;
- қабул ва таҳлили ҳисоботи фаъолияти кории Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намуда, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои омориро месанҷад;
- фаъолияти марбут ба истифодабарии барангезандаҳои бемориҳои сироятиро анҷом медиҳад;
- дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият менамояд;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи санитарию эпидемиологӣ ва чораҷӯиҳои амалӣ барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ хабардор менамояд;
- тибқи муқаррарот санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандонро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории санитарӣ, қоидаҳои фурӯши маҳсулотро ба анҷом мерасонад.
8. Марказ бо мақсади иҷрои ваколатҳои худ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунии шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тибби хусусӣ машғуланд, дархост намудани маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зурурӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- барои баррасии масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ташкил намудани шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ;
- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Марказ;
- манзур намудани пешниҳод дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиололгии аҳолӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост намудан ва гирифтани маълумот дар бораи маблағгузории барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ равонгашта, дар муассисаҳое, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин менамоянд;
- санҷиши иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю нақшаҳои ба тартиби муқарраргардида тасдиқшуда дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- гузаронидани мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшуда, дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;
- санҷиши фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;
- иштирок дар таҳияи стандартҳои давлатӣ, муқаррарот, тавсияҳои методӣ, меъёру коидаҳои санитарӣ, фармонҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигар иттилоотро оид ба омӯзиши тарбияи гигиении аҳолӣ, барномаҳои максадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- тибқи салоҳияти муқарраргардида новобаста аз соати шабонарӯзӣ анҷом додани тафтиши назоратии иҷрои муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва маҳакҳо дар ҳама гуна муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- Марказ ва сохторҳои он манбаъи таълимию методии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, коллеҷҳо ва мактабҳои тиббӣ мебошад;
- Марказ шартҳои созишномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанду дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян менамояд.
- мунтазам шунидани ҳисоботи роҳбарони ин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба ҷараёни иҷрои созишномаҳо бо Марказ, татбиқи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида дар Шӯрои ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақомоти дахлдор манзур кардани пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ, тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, иштирок намудан дар муҳокимаи ин масъалаҳо;
- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ тибқи мукаррарот ҷалб намудани муассисаҳои илмӣ ва ғайра, олимон ва мутахассисон;
- муайян ва қатъ намудани далелҳои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида, инчунин истифодаи чораҷӯиҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунанда, ки ба роҳ надодан ва (ё) рафъи оқибатҳои қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони-ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои талаботи ҳатмӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитрию эпидемиологии аҳолӣ нигаронида шудаанд;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти муассисаҳо ва корхонаҳои минтақавии Марказ.
III. Ташкили фаъолият
9. Марказро Директор роҳбарӣ мекунад, ки тибқи пешниҳоди Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ба зиммаи Директори Марказ ӯҳдадориҳои муовини Сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Директор барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти шахсӣ дорад.
Муовинони Директорро Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
10. Директор:
- роҳбарии умумии фаъолияти Марказро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- ӯҳдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;
- роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо, директорони марказҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташхисгоҳҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи ӯҳдадориҳои хизматии коргаронро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил кардани раёсат ва шӯъбаҳои тобеи Марказ пешниҳод манзур менамояд;
- барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ аз маблағҳои фонди эпидемикие, ки ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, истифода мебарад ва идоракунии оперативии амволи ба Марказ вобастакардашударо таъмин менамояд;
- оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои минтақавии Марказ пешниҳодот ирсол менамояд;
- ҷадвали бастҳоро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи тасдиқгардидаи кормандон тасдиқ менамояд.
11. Марказ шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, маблағгузории он аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
12. Маҳали ҷойгиршавии Марказ - шаҳри Душанбе, кӯчаи Чапаев 8.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот)
Роҳбарият
Раёсати назорати давлатии санитарию гигиенӣ
Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ
Раёсати сироятҳои ниҳоят хавфнок
Шӯъбаи ташкилию оморӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Нақшаи идоракунии Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот)
Дастгоҳи марказӣ
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявию шаҳрии назорати давлатии санитарию элидемиологӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 186
тасдиқ карда шудааст
Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳукуқи хадамот)