Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 с.№ 499, аз 05.09.2012 № 478)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи ташили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тибқи замимаҳои 1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд ().
2. Шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба миқдори 36 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().
3. Ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор дошта бошад ().
4. Барои Хадамоти назорати давлатии сан499499010820001итарию эпидемиологӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад ().
5. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 186
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳукуқи хадамот)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи ташили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) тибқи замимаҳои 1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд.
2. Шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) ба миқдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор дошта бошад.
4. Барои Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (бо ҳуқуқи хадамот) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 186
ш. Душанбе