Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Маркази назорати давлатии фаъолиати фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои тобеъи Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ ба миқдори 155 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 60 воҳид ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо 95 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Маркази назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла 35 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 120 воҳид аз ҳисоби дигар маблағҳо анҷом дода шавад.
5. Дар назди Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот) Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ", Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббии вилояти Суғд", Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббии вилояти Хатлон", Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббии минтақаи Кӯлоб" таъсис дода шаванд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003 № 382 "Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Маркази давлатии экспертиза, сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводи косметикӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 183
ш. Душанбе