Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз 3 апрели соли 2007, № 145

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008с. № 379 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 145

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур шартҳои таъин ва тартиби пардохти ҷубронпулии унвониро ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ муайян мекунад.

2. Ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии унвониро оилаҳое доранд, ки аз ҷониби комиссияҳои пешбининамудаи ин Низомнома камбизоат эътироф шудаанд.

II. Тартиби таъин намудани ҷубронпулӣ

3. Ҷубронпулӣ дар маҳали зист ба оилаҳои камбизоате, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила аз андозаи як маоши ҳадди ақали муқарраргардида паст ва ё ба он баробар мебошад, таъин карда мешавад.

4. Далели тасдиқкунандаи зист дар ҳайати оила (хоҷагӣ) сабти маълумоти марбута дар дафтари ҳавлӣ ё ордер аст.

5. Таъин намудани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар асоси ариза-эъломияи (замима мегардад) сарвари оила (хоҷагӣ) бо замима намудани маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумотнома дар бораи даромади умумии оила, тавсияи комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ё комиссияи идораи манзилию коммуналӣ ва қарори комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) сурат мегирад.

6. Бо дарназардошти талаботи банди 3 ин Низомнома ҳуқуқ барои гирифтани ҷубронпулӣ ба оилаҳое дода мешавад, ки вазъи даромаднокиву эҳтиёҷмандиашон (камбизоатӣ, маъюбӣ, бесаробониву бепарасторӣ ва ғ.) нисбат ба дигар шаҳрвандон ногувортар аст.

Ҷубронпулӣ дар навбати аввал ба шахсони яккаву танҳое дода мешавад, ки кор намекунанд ва бо сабаби пиронсолӣ ва ё маъюбӣ мустақилона барои рӯзгузаронӣ даромад пайдо карда наметавонанд ва аъзои қобили кор, ки тавонанд нигоҳубинашонро ба ӯҳда гиранд, надоранд. Инчунин ҳангоми муайян намудани камбизоатӣ модарони яккаву танҳо ва оилаҳои серфарзанд, ки фарзандони ноболиғ доранд, аз ҳуқуқи афзалиятнок бархӯрдор мебошанд.

7. Ба даромади умумии оила дохил карда мешаванд:

- ҳамаи намудҳои музди меҳнат, бо назардошти иловапулиҳо, дигар намуд изофапулиҳо ва мукофотҳо;

- стипендияҳо, нафақа, кӯмакпулӣ (ба ғайр аз кӯмакпулии яквақта);

- даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), даромад аз худиштиғол ва фаъолияти инфиродии меҳнатӣ. Даромади мазкур дар асоси маълумоти мақомоти андоз муайян карда мешавад;

- кӯмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;

- даромад аз иҷораи манзил (дар асоси маълумоти мақомоти андоз);

- музди меҳнати воқеии шахсоне, ки дар назди шахсони алоҳида ва ё коллективи шаҳрвандон машғули коранд. Зимнан, қисмати молии музди меҳнати шахсони мазкур тавассути ифодаи пулии арзишаш ба андозаи қисмати пулии маош ҳамроҳ карда мешавад;

- даромадҳои пулии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- даромад аз қитъаи наздиҳавлигӣ;

- маблағи алименти гирифташуда;

- подош барои кашфиету ихтироот.

8. Ба даромади умумии оила дохил карда намешаванд:

- алиментҳое, ки аъзои оила пардохт менамоянд;

- субсидия барои пӯшонидани хароҷоти пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ;

- кӯмакпулиҳои мақсадноки яквақта;

- маблағи ҷубронпулиҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендия ҳамроҳ пардохта шудааст.

Ҳангоми ҳисоб намудани даромади умумии оила даромади шахсони зерин, ки бо вуҷуди мӯҳлати тӯлонии дар оила набуданашон ва аз қайди зист набаромаданашон мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ ҳуқуқ ба манзили истиқоматиро гум накардаанд, ба назар гирифта намешавад:

- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии мӯҳлатнокро аз рӯи даъват адо мекунанд;

- шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд;

- кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатӣ (хона-интернатҳо, интернатҳо ва ғайраҳо) нигоҳубин карда мешаванд.

9. Дар сурати дар якҷоя истиқомат кардани якчанд (ду ё зиёда) оила, ки хоҷагидориашон алоҳида аст ва ҳисоби алоҳидаи пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ доранд, даромади умумии онҳо алоҳида ҳисоб карда мешавад ва ариза-эъломия алоҳида пешниҳод мегардад.

10. Ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ (ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунакҳои газӣ) ба оила (хоҷагӣ) таъин карда мешавад. Барои истифодаи гази табиӣ, ҳангоми набудани ҳисобкунаки газӣ, ҷубропулӣ алоҳида ба ҳар як аъзои оила (хоҷагӣ), аммо на зиёдтар аз 6 нафар таъин карда мешавад.

III. Тартиб ва меъёри пардохти ҷубронпулӣ

11. Ҷубронпулии хароҷот барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба мӯҳлати шаш моҳ таъин карда шуда, ба таври нақдӣ ҳар ду моҳ дода мешавад. Баъди гузаштани мӯҳлати таъини ҷубронпулӣ сарвари оила барои минбаъд гирифтани ҷубронпулӣ тибқи муқаррароти банди 5 ин Низомнома бояд ба комиссияҳои марбута муроҷиат намояд.

Тартиби пардохти нақдии ҷубронпулиро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, дар мувофиқа бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" муайян менамоянд.

12. Андозаи ҷубронпулӣ мувофиқи меъёрҳои мавсимии зерини истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ (ҳангоми мавҷуд набудани ҳисобкунаки газӣ) ҳисоб карда мешавад.

моҳҳои апрел - сентябр аз рӯи меъёри то 100квт/с истифодаи воқеии қувваи барқ дар як моҳ ба оила (хоҷагӣ), истифодаи газ то 10 метри мукааб дар як моҳ барои як нафар;

- моҳҳои октябр - март аз рӯи меъёри то 200 квт/с истифодаи воқеии қувваи барқ дар як моҳ ба оила (хоҷагӣ), истифодаи газ то 12 метри мукааб дар як моҳ барои як нафар.

Ҷубронпулӣ барои истифодаи гази табиӣ ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунаки газӣ аз рӯи истифодаи меъёрҳои зерини моҳона барои як оила (хоҷагӣ) дода мешавад.

- моҳҳои апрел-сентябр то 20 метри мукааб;

- моҳҳои октябр - март то 30 метри мукааб.

Меъёри ҷубронпулӣ ба он оилаҳои камбизоате, ки танҳо аз истифодаи қувваи барқ бархӯрдоранд:

- моҳҳои апрел - сентябр то 150 квт/с барои истифодаи қувваи барқ дар як моҳ ба як оила;

- моҳҳои октябр - март то 250 квт/с барои истифодаи қувваи барқ дар як моҳ ба як оила.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодаи воқеии қувваи барқу гази табиӣ хабарнома ё дигар ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои барқу газ мебошад.

13. Ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи ҳамин меъёрҳо ва инчунин нархномаҳои амалкунандаи фурӯши қувваи барқ, ки барои муштариёни Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" муқаррар карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.

14. Пардохти ҷубронпулӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

- агар ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо тибқи ин Низомнома ҷубронпулӣ таъин карда шудааст, бартараф шуда бошанд;

- ҳангоми тағйири ҷойи зисти оила;

- дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод гардидани аризаэъломияи нодуруст, ки сабаби ғайриқонунӣ таъин намудани ҷубронпулӣ гардидааст;

- ҳангоми аз тарафи оилаҳо пас аз гирифтани ҷубронпулӣ ба таври нақдӣ дар муддати як моҳ ба муассисаҳои фурӯши барқ ва гази табиӣ напардохтани ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ;

- дар сурати аз ҷониби муассисаҳои таъминкунандаи барқ ва газ қатъ гардидани интиқоли қувваи барқ ва гази табиӣ.

IV. Тартиби ташкил, ҳуқуқ ва вазифаҳои комиссияҳо

15. Муайян кардани оилаҳои (хоҷагиҳои) камбизоат, таъин намудани ҷубронпулӣ ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳо ба ӯҳдаи комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ ва комиссияҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, ё комиссияи идораи манзилию коммуналӣ аст. Ҳайати комиссияҳо бояд аз 7 нафар кам набошад.

16. Комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, идораи манзилию коммуналӣ аз ҳисоби кормандони ҷамоат, идораи манзилию коммуналӣ ва намояндагони шӯроҳои маҳаллаҳо ё мақомоти худидораи хонаҳо таъсис дода мешавад. Комиссияро муовини раиси ҷамоат ё муовини сардори идораи манзилию коммуналӣ роҳбарӣ мекунад.

Комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммуналӣ:

- қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандонро дар хусуси додани ҷубронпулӣ таъмин менамояд;

- таҳқиқи вазъи моддиву маишии муроҷиаткунандагонро мегузаронад;

- бо мақсади такмили низоми кӯмакрасониҳои унвонӣ ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла болоӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- рӯйхати тавсияшавандагонро барои таъини ҷубронпулӣ бо қарори худ ба комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод менамояд;

- огоҳ намудани оилаҳое, ки аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гаштаанд.

17. Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз ҳисоби кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, меҳнат, шуғли аҳолӣ, ташкилотҳои таъминкунандаи барқу газ, мақомоти иттифоқҳои касаба ва дигар идораҳои дахлдор таъсис дода мешавад. Комиссияро муовини Раиси ноҳия (шаҳр), ки сарпарастии бахши иҷтимоиро ба ӯҳда дорад, роҳбарӣ мекунад.

Ҳалли масъалаҳои ташкили фаъолияти комиссияро котиби озоди комиссия, ки раиси комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) таъин мекунад, ба ӯҳда дорад. Тартиби таъин ва нигоҳдории котиби комиссияро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ):

- ариза-эъломия ва рӯйхати тавсияшудагонро, ки комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммуналӣ пешниҳод намудааст, баррасӣ менамояд ва дар сурати ба талаботи ин Низомнома ҷавобгӯ буданашон тавсияҳоро бо қарори худ тасдиқ менамояд;

- арзу шикоятҳои шаҳрвандонро аз хусуси фаъолияти комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммуналӣ баррасӣ менамояд;

- назорати истифодаи мақсадноки ҷубронпулиҳоро таъмин мекунад;

- барои беҳдошти низоми кӯмакрасониҳои унвонӣ ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла болоӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- фаъолияти комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммуналиро мавриди санҷиш қарор медиҳад ва барои бартараф намудани камбудиҳо дар доираи ваколатҳояш тавсия ва супоришҳо медиҳад;

- ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;

- пас аз ворид шудани маблағ ба ҳисоби транзитии хазинадории мақомоти молия нусхаи рӯйхати оилаҳои камбизоатро ба шӯъбаҳои маҳаллии Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" пешниҳод менамояд.

18. Ҳайати комиссияҳои вилоятиро раёсати (шӯъбаи) меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ташкил дода, раисии комиссияи вилоятиро муовини Раиси вилоят-сарпарасти соҳа ба ӯҳда дорад.

19. Бо мақсади дастрас намудани иттилооти аниқ комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) комиссияҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, инчунин комиссияи идораи манзилию коммуналӣ метавонанд маълумоти заруриро аз корхонаву муассисаҳое, ки муроҷиаткунандагон ё тавсияшудагон дар онҳо кор (таҳсил) мекунанд, муассисаҳои табобативу профилактикӣ, мақомоти андоз, идораи манзилию коммуналӣ ва ғайра талаб намоянд.

20. Ташкилотҳои таъминкунандаи барқу газ вазифадоранд, ки мунтазам ба комиссияҳо дар бораи шаҳрвандоне, ки ҷубронпулиро ба таври нақдӣ гирифтаанду, аммо дар давраи муайяншуда ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табииро пардохт накардаанд, маълумот пешниҳод намоянд.

V. Манбаҳои маблағгузории ҷубронпулӣ

21. Манбаи маблағҳое, ки барои ҷубронпулӣ равона мешаванд, буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад.

Истифодаи маблағҳои мазкур барои пардохти дигар имтиёзҳо манъ аст.

22. Маблағгузории пардохти ҷубронпулӣ ба буҷетҳои маҳалӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) сурат мегирад.

23. Гузаронидани маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоби транзитии хазинадории Раёсат (шӯъба)-ҳои молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳар ду моҳ пас аз рӯзи 10-уми моҳи минбаъда ва то 30 декабр барои моҳҳои ноябр ва декабр дар доираи маблағҳои буҷетӣ ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад.

24. Гузаронидани маблағҳо аз ҳисоби транзитии буҷети ҷумҳуриявии дар мақомоти молияи маҳаллӣ буда дар асоси қарори комиссия дар бораи ба оилаҳои камбизоат таъин намудани ҷубронпулӣ барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ сурат мегирад.

25. Ҳангоми пардохти маблағҳои ҷубронпулӣ, агар маблағи истифоданашуда ба вуҷуд ояд комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ин маблағро бояд ҳатман ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонад.

26. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби моддӣ барои фаъолияти комиссияҳои пешбининамудаи ин Низомнома аз ҳисоби маблағҳои ҷубронпулии ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудогардида 0,1 фоиз барои харидории маводи ҳуҷҷатгузорӣ ва таҷҳизот, 0,5 фоиз барои маоши котибони комиссияҳо, инчунин 1,0 фоиз ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои хизматрасонии воқеӣ метавонад истифода шавад.

Замима

ба Низомнома дар бораи

тартиби таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо

ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи

қувваи барқ ва гази табиӣ

Ариза-эъломия

(маълумот) дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва даромадҳои оила барои муайян кардани камбизоатӣ

Ному насаб_______________________________________________________

Рақами шиноснома, таърих ва аз тарафи кӣ дода шудааст____________

_________________________________________________________________

Дар асоси ариза - эъломияи пешниҳодшаванда маълум менамоям, ки ҳайати оилаам

аз__________ нафар иборат аст.

Даромади умумии оилаи ман ба ҳар як узви оила аз ҳадди ақали зиндагӣ кам мебошад. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, ки оилаамро ҳамчун оилаҳои камбизоат ба рӯйхати эҳтиёҷмандон дохил намуда, ҷубронпулӣ_______________________________________ пардохт намоед.

       (ҷубронпулии қувваи барқ на гази табиӣ)

+---+---------+--------+--------------------+----------+-------------ҷ
|Р/т|  Ному   |  Соли  |      Муносибат     |   Шуғл   |   Даромад   |
| № |  насаб  |таваллуд|    ба сарвари оила |          |аз ҷумла маош|
|   |         |        |                    |          |   (сомонӣ)  |
+---+---------+--------+--------------------+----------+-------------+
| 1.|         |        |                    |          |             |
| 2.|         |        |                    |          |             |
| 3.|         |        |                    |          |             |
| 4.|         |        |                    |          |             |
| 5.|         |        |                    |          |             |
| 6.|         |        |                    |          |             |

|   | Ҳамагӣ: |        |                    |          |             |
|   |         |        |                    |          |             |

Ба ҳар як аъзои оила_____________сомонӣ.

Сарвари оила _______________             __________

              (Ному насаб)                  имзо

Суроғаи ҷои истиқомат _______________________________________

"__" _______ соли 200__

Эзоҳ 1. Агар дар як хоҷагӣ ду ё зиёда оилаҳо зиндагӣ дошта бошанд, ҳар яке дар алоҳидагӣ ариза-эъломия пешниҳод менамояд.

2. Ариза-зъломия бояд ҳатман бо имзо ва мӯҳри раиси шӯрои маҳалла (деҳот, ҷамоат, раёсати манзилию коммуналӣ), корхона ё муассисае, ки дар он сарвари оила кор мекунад, шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳия (шаҳр) тасдиқ карда шавад.

3. Дар ариза-зъломия ҳамаи намудҳои даромади оила, даромадҳои пулӣ (бо назардошти иловапулиҳо ва изофапулиҳо), музди меҳнати аъзоёни оила, нафақа, стипендия, кӯмакпулиҳо даромад аз машғулияти кооперативӣ, худишғол, фаъолияти инфиродӣ, ҳарбию ҳунармандӣ, даромад аз иҷораи хона, музди меҳнати шайъӣ, даромади оила аз кор дар хориҷи ҷумҳурӣ ба инобат гирифта мешаванд.

4. Ба таври истисно барои шахсони бесаробон (яккаву танҳо) эъломияро намояндаи комиссия пас аз санҷидани маълумот пур менамояд.

5. Раис ва аъзоёни комиссия барои дақиқии ариза-зъломия масъул буда, котиби комиссия ҷавобгарии шахсӣ дорад.

Тасдиқ менамоям:

Раиси шӯрои маҳалла

(деҳот, ҷамоат, раёсати

манзилию коммуналӣ)

____________ (имзо)

(Ному насаб) Ҷ.М.

Тасдиқ менамоям:

Роҳбари муассисае, ки дар он

сарвари оила кор мекунад

________________________

     (Номи корхона)

________  (имзо) Ҷ.М.

Тасдиқ менамоям:

мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ

_______ (имзо) Ҷ.М.

Эзоҳ: Ариза-эъломия танҳо бо муассисаҳое, ки ба ҳолатҳои хусусии оила тааллуқ доранд, тасдиқ мешавад, талаб намудани имзо ва мӯҳрҳои ба вазъи иҷтимоии оила мансуб набуда қатъиян манъ аст.

Комиссияи шӯрои маҳалла _________________________________________

                         (деҳот, ҷамоат, раёсати манзилию рифоҳӣ)

Дар асоси ҳамин ариза-эъломия оилаи _____________________________

                                            (ному насаб)

ба рӯйхати зқтиёҷмандони ___________________________ дохил намуд.

                          (ҷубронпулии қувваи барқ

                               ва гази табиӣ)

Раиси комиссия _______________ (имзо) аз "___" __________ соли 200_

                                            ҷ.м.

                               Аъзои комиссия:

                                   (имзо)