Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи такмили механизми пардохти ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ
Ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 783 тасдиқ шудааст ва бо мақсади тақвияти ҳимояи иҷтимоии табакаҳои камбизоати аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи тартиби таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда, 55 фоиз барои истифодаи қувваи барқ ва 45 фоиз барои истифодаи гази табиӣ муқаррар карда шавад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шароити мусоиди кору фаъолияти комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро (шаҳриро) таъмин намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва дар доираи маблағҳои дар буҷет ба ин мақсад пешбинигардида, пардохти саривақтии маблағи ҷубронпулиҳоро ба ҳисоби хазинадории мақомоти молия дар маҳалҳо таъмин намояд.
5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорати доимии фаъолияти комиссияҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои пардохти ҷубронпулиҳо ҷудошуда, риояи қатъии Низомномаро таъмин карда, ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2004 № 42 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ" ва аз 4 марти соли 2005 № 104 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2004 № 42" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 145
ш. Душанбе