Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 392 аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар бораи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).
2. Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, сохтор, ҷадвали штатӣ ва нақшаи хароҷоти он мувофиқи замимаҳои 1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табдили Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, вокеъ дар шаҳри Москва ҷониби Россияро хабардор намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).
4. Маблағгузории фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 № 208 "Дар бораи танзими масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
аз 29 марти соли 2007, № 124
ш. Душанбе