Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия табдил дода шавад.
2. Низомномаи Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сохтор, ҷадвали штатӣ ва нақшаи хароҷоти он мувофиқи замимаҳои 1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табдили Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Москва ҷониби Россияро хабардор намояд.
4. Маблағгузории фаъолияти Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 № 208 "Дар бораи танзими масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 марти соли 2007 № 124
ш. Душанбе