Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 181
тасдиқ шудааст
Низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343, аз 27.02.2015 № 90)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсат) мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ буда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъмин мекунад ().
2. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Роҳбарии Сарраёсат, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад .
3. Сарраёсат фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эътироф намудааст ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад .
4. Сарраёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад .
II. Вазифаҳо
5. Сарраёсат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад :
- муайян намудани стратегия, таҳияи шаклҳои асосӣ ва методҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, татбиқи онҳо, инъикоси фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар матбуоти даврӣ;
- роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ, расонидани ёрии амалию методӣ ва назорати онҳо;
- таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат мекунанд;
- баррасии арзу шикоятҳои маҳбусон;
- ташкили баҳисобгирии махсуси маҳбусон, аз изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ гузаронидан, иҷрои авфи умумӣ ва бахшиши ҷазо;
- ташкили маблағгузорӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои такмил ва тараққиёти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- бо кор таъмин намудани маҳбусон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбиқи сиёсати кадрҳо, ҷобаҷогузорӣ, таълиму тарбия, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва маишии онҳо, ташкили омодагии касбии кормандон;
- дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони Сарраёсат, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ;
- ҷамъ кардан, таҳлил ва санҷиши маълумот дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами кор, талаб намуда гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳдуд кардан, муваққатан қатъ намудани даромадани шаҳрвандон ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва тарк намудани ҳудуди онҳо дар ҳолати низоми шароити махсус ва фавқулодда.
Сарраёсат дорои дигар вазифаҳое низ мебошад, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд .
6. Сарраёсат мутобиқи вазифаҳои ба зимааш вогузошташуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон :
- аз натиҷаи тафтиши фаъолияти мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;
- аз натиҷаи таҷлил ва ҷамъбасти таҷрибаи кори мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маълумот пешниҳод мекунад;
- тавозунҳо ва ҳисоботҳои ҷамъбастии мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро манзур менамояд;
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия намуда барои қабули қарори минбаъда пешниҳод менамояд;
- дар бораи таъсис ва барҳам додани мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таклиф пешниҳод мекунад.
Дар мавридҳои истисноӣ бо пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳӣ ва розигии Сардори Сарраёсат маҳкумшуда аз як муассисаи ислоҳӣ ба дигар муассисаи ислоҳӣ гузаронида мешавад .
Сарраёсат ҳисоботи оморӣ оид ба шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшудагонро пеш мебарад ва дурустии пешниҳоди маводҳо ба суд оид ба шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшудагонро назорат мекунад .
III. Ташкили фаъолияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Сарраёсатро Сардор, ки ҳамзамон Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, роҳбарӣ менамояд. Сардори Сарраёсат бо пешниҳоди Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад .
Сардори Сарраёсат барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Сарраёсат гузошташуда ва таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ масъулияти шахсӣ дорад .
Сардори Сарраёсат 5 муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд .
8. Командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, мутахассисони роҳбарикунандаи молиявии Сарраёсат, Сардорони муассисаҳои ислоҳиро бо пешниҳоди Сардори Сарраёсат Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад .
9. Сардори Сарраёсат :
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- дараҷаи ҷавобгарии муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории худро муайян менамояд;
- ба фаъолияти Сарраёсат, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ мекунад ;
- бо тартиби муқарраршуда фармон ва дастурҳо мебарорад;
- кормандони Сарраёсатро, ба истиснои мансабҳои дар банди 8 ҳамин Низомнома нишондодашуда, бо тартиби муқарраршуда ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад ;
- ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рутбаҳои навбатии махсусро, то рутбаи майор, медиҳад;
- ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро амалӣ менамояд;
- барои ба ҷазои интизомӣ кашидани муовинони Сардори Сарраёсат, командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, мутахассисони роҳбарикунандаи молиявии Сарраёсат, сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод мекунад ;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Сарраёсатро, инчунин мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро тасдиқ мекунад ;
- системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- дар асоси захираҳои молиявии мавҷуда ва вазифаҳое, ки дар назди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузошта шудаанд, шартномаҳои муассисаҳо ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятиро тасдиқ менамояд;
- маблағҳоеро, ки барои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда ихтиёрдорӣ мекунад;
- кори тарбиявиро миёни ҳайати шахсии мақомоти ҷумҳуриявӣ, инчунин муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазо, аз тарафи онҳо риоя шудани интизом, қонуният ва низоми махфият, тайёрии хизматӣ ва ҷангиро ташкил менамояд;
- ба коркунони муассисаҳои тобеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ барои сафари хизматӣ иҷозати сафар медиҳад;
- шаҳрвандонро қабул мекунад, арзу шикояти онҳоро баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораандешӣ менамояд, аз рӯи ҳодисаҳои аз ҷониби кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вайрон кардани интизом ва қонуният санҷиши хизматӣ мегузаронад ва аз рӯи натиҷаҳои онҳо чораҷӯӣ мекунад.
10. Сарраёсат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад .
11. Маҳали ҷойгиршавии Раёсати корҳои ислоҳӣ, 734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Қ. Раҳимов 44 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 181
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати фаврию низомӣ
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ
Раёсати молиявӣ ва хоҷагӣ
Раёсати техникӣ ва ташкили меҳнат
Раёсати тиббӣ
Раёсати нозироти корҳои ислоҳӣ
Шӯъбаи умумӣ
Раёсати иҷрои ҳукмҳо ва қайди махсус
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ
Шӯъбаи бехатарии махсус
Шӯъбаи ташкилию нозиротӣ
хориҷ карда шуд
Шӯъбаи навбатдорӣ
Дастаи таъиноти махсус
Гурӯҳи ғайрисаноатӣ
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 181
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд
Бригадаи посбоникунандаи 6593
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\1
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\2
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\3
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\4
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\5
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\6
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\7
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\8
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\9
Муассисаи ислоҳии ЯС-ЗМО
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\11
Муассисаи ислоҳии ЯС-3\12
Беморхонаи марказӣ ЯС-3\13
Маҳбас ЯТ-9\7
Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ-9/1
Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ-9/2
Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ-9/3
Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ-9/4
Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ-9/5
Марказҳои ислоҳӣ
Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмону монтаж"