Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 181 "Дар бораи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.07.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

2. На бораи интишор (махфӣ).

3. Ба Муовини вазир-Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовин аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

4. Ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 53 адад, автомашинаҳо барои интиқоли маҳкумшудагон 9 адад, автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ 20 адад, автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ 6 адад, автобус 4 адад, автомашинаҳои нонкашонӣ 10 адад, автомашинаҳои хӯроккашонӣ 10 адад, техникаи зиреҳпӯш 4 адад, автомашинаҳои гуногуни боркаш 30 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

5. Маблағгузории  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 181

ш. Душанбе