Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3) (.
2. На бораи интишор (махфӣ).
3. Ба Муовини вазир-Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовин аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад .
4. Ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 53 адад, автомашинаҳо барои интиқоли маҳкумшудагон 9 адад, автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ 20 адад, автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ 6 адад, автобус 4 адад, автомашинаҳои нонкашонӣ 10 адад, автомашинаҳои хӯроккашонӣ 10 адад, техникаи зиреҳпӯш 4 адад, автомашинаҳои гуногуни боркаш 30 адад муқаррар карда шавад .
5. Маблағгузории Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 181
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).
2. На бораи интишор (махфӣ).
3. Ба Муовини вазир-Сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовин аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад.
4. Ба Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 52 адад, автомашинаҳо барои интиқоли маҳкумшудагон 9 адад, автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ 20 адад, автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ 6 адад, автобус 4 адад, автомашинаҳои нонкашонӣ 10 адад, автомашинаҳои хӯроккашонӣ 10 адад, техникаи зиреҳпӯш 4 адад, автомашинаҳои гуногуни боркаш 30 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Раёсати корҳои ислоҳӣ ва мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 181
ш. Душанбе