Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели 2007 № 179
тасдиқ шудааст
Низомномаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 660)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсати экспертизаи давлатӣ) мақомоте мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба экспертизаи давлатии баҳисобгирӣ ва ё асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳаҳо барои сохтмон, биною иншоот, сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва шаклҳои моликияташон (минбаъд - лоиҳаҳои сохтмон), машғул мешавад.
2. Раёати экспретизаи давлатӣ дар Нақшаи идоракунии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Раёсати экспертизаи давлатӣ дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Раёсати экспретизаи давлатӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Вазифаҳо
5. Раёсати экспертизаи давлатӣ вазифаҳои зеринро анҷом медихад:
- роҳбарӣ ва назорат ба гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон, сарфи назар аз арзиши умумии онҳо, манбаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва марбутияти идоравӣ дар сатҳи баланди илмию техникӣ ва бо дарназардошти истифодаи дастовардҳои илму техника дар сохтмон ва лоиҳакашӣ, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ ();
- тафтишу тасдиқи хулосаҳои экспертӣ ва ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" баргардонидани онҳо барои ирсоли минбаъда ба фармоишгарон (инвесторҳо) ();
- якҷоя бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор додани асосноккунии техникию иқтисодӣ, баҳисобгирии техникию иқтисодӣ дар сохтмони иншооте, ки дорои аҳамияти муҳими давлатӣ мебошанд ва эъмори онҳо бо ҷалби инвесторони хориҷӣ пешбинӣ шудааст;
- баланд бардоштани сатҳи меъморию тарҳрезӣ ва шаҳрсозӣ;
- назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар лоиҳаҳои сохтмон;
- арзёбии эътимоднокӣ ва истифодаи бехатари лоиҳаҳои сохтмон, бо дарназардошти хизматрасонии санитарию майшӣ, таъмини шароити мусоиду бехатари меҳнат, оқилона ҷойгир намудани онҳо;
- назорати дар лоиҳаҳои сохтмон истифодабарии технология, таҷҳизот, масолеҳ ва конструксияҳои воридотии сертификатсиякунонидашуда ва дорои шаҳодатномаи техникии бо тартиби муайян додашуда;
- таҳия ва татбиқи нақшаҳо доир ба назорати сифати лоиҳаҳои сохтмон;
- пешгирии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои давлатии сохтмонӣ мувофиқ нест ва ё ба ҳуқуқу манфиати қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат зарар меорад;
- таҳия ва ба фармоишгарон (инвесторон) ирсол намудани хулосаҳо оид ба лоиҳаҳои сохтмон, ки иҷрои онҳо аз ҷониби фармоишгарон, ташкилотҳои пудратӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошад.
6. Раёсати экспертизаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- натиҷаи экспертизаи лоиҳаҳои сохтмонро ҷамъбаст кунад, оид ба такмили корҳои лоиҳакашию сметавӣ пешниҳод таҳия намояд, вобаста ба масъалаҳои таҳқиқ ва лоиҳакашӣ машварат диҳад, хизматрасонии иттилоотиро ба ҷо орад;
- дар фаъолияти иҷозатномадиҳии фармоишгарон ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ оид ба таҳия, тасдиқ ва амалӣ гардидани лоиҳаҳои сохтмон иштирок намояд, дар таҳияи санадҳои зарурии марбут ба иҷозатномадиҳии ин ташкилотҳо ширкат варзад;
- мутахассисони соҳибихтисоси вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳоро ҳамчун экспертҳои ғайриштатӣ дар экспертизаи лоиҳаҳои сохтмон ҷалб намуда, музди меҳнати онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда пардозад;
- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумотеро, ки барои иҷрои вазифаҳои Раёсати экспертизаи давлатӣ заруранд, ба даст орад.
III. Ташкили фаъолият
7. Ба Раёсати экспертизаи давлатӣ Сардор роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодн Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Раёсати экспертизаи давлатӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ:
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ҷадвали штатии Дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар"- ро тасдиқ карда, кормандони Дастгоҳи марказии Раёсатро ба кор таъин ва аз кор озод менамояд, ба кор таъин ва аз кор озод намудани роҳбари корхонаи "Ташхисгар" бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ();
- роҳбарони гурӯҳҳои минтақавии Раёсати экспертизаи давлатиро бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ба хизмати давлатӣ гузаронидани кормандони Раёсати экспертизаи давлатиро ҳал менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Раёсат, филиалу намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" ва корхонаҳои тобеъи онро тасдиқ мекунад ().
9. Раёсати экспертизаи давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва махсус, мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва бланк бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳамчунин муҳру штамҳои дахлдор мебошад.
10. Маҳали ҷойгиршавии Раёсати экспертизаи давлатӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 36а.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 179
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон
Роҳбарият
Шӯъбаи ташкилӣ, таъмини методӣ ва мутобиқати фаъолияти экспертиза
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Бахши таҳлили сметаҳо
Бахши муҳосибӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 179
тасдиқ шудааст
Нақшаи Идоракунии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон
Дастгоҳи марказӣ
Гурӯҳҳои минтақавӣ
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 660
Номгӯи корхонаҳои системаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон
Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 660)