Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 177 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ"

Санаи амалкуни: 03.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 586 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба миқдори 37 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 11 воҳид муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559).

3. Маблағгузории 25 воҳиди кормандони Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559).

4. Ба Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.

5. Барои Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ лимити автомобилҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори як адад муқаррар карда шавад.

6. Дар назди Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Манзили сохтмончиён" таъсис дода шавад.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 554 аз 25 декабри соли 1997 дар қисми тасдиқи "Низомномаи Бозрасии давлатии сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 177

ш. Душанбе