Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 108 "Дар бораи хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.05.2011 № 252 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ бо роҳи якҷоякунии Агентии танзими алоқа ва Бозрасии давлатии алоқаи назди собиқ Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба миқдори 50 нафар (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 40 нафар муқаррар карда шавад.

Ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.

4. Барои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ лимити автомобилҳои хизматӣ ба миқдори 5 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 2 адад муқаррар карда шавад.

5. Маблағгузории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Дар назди Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" таъсис дода шавад.

7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг"-ро ҳал намоянд.

8. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 172 "Дар бораи таъсис додани Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 113 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2007 № 108

ш. Душанбе