Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳури Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 105
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445, аз 05.10.2012 № 563, аз 31.07.2014 № 484)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (минбаъд - Хадамот) мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, назорати давлатиро дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Хадамотдар нақшаи идораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад .
3. Хадамот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Фаъолияти Хадамот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин кӯмакҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, грантҳо ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, маблағгузорӣ мешавад.
5. Хадамот бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад .
II. Ваколатҳои Хадамот
6. Хадамот ваколатҳои зеринро дорад:
- иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат менамояд ;
- аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро мегузаронад;
- сифати таълимро дар муассисадои таълимӣ назорат мекунад;
- фаъолияти шӯроҳои, таълимӣ-методӣ, педагогӣ, муҳандисӣпедагогӣ ва илмии муассисаҳои таълимиро назорат намояд ;
- аз мақомоти роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он барои назорат, тафтиш, ташхис ва аттесгатсия маводу ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд ;
- дар бораи боздоштан ва қатъ намудани амали фармонҳо ва амрҳое, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, инчунин Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он хилофи қонунҳои амалкунанда, низомномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар баровардаанд, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд ;
- дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, сӯйистеъмол из мансаб, бемасъулиятӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он нисбати онҳо оид ба додани ҷазоҳои интизомӣ ва дигар намуди ҷазоҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд ;
а) дар самти аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ, иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, баробарарзишӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таъсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ :
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти шӯъба ва бахшҳои Хадамоти назди Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар ҳолати риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ намудани он пешниҳод манзур менамояд ;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таълимӣ нақшаи панҷсола ва солонаи гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимиро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамояд ;
- муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ таъмин менамояд;
- доир ба натиҷаи фаъолияти худ ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ пешниҳод менамояд ;
- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ заминаи таълимию моддӣ, ҳайати кадрӣ, иқтидори илмӣ ва таъминоти таълимию методии муассисаҳои таълимии дар ин ё он минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбандаро месанҷад ва дар бораи ба меъёрҳои қабулшуда мувофиқат кардани фаъолияти онҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад ;
- мутобиқи қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ иҷозатнома (литсензия) ва дигар ҳуҷҷатҳои мувофиқ медиҳад ;
- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои унвонҷӯёнро барои гирифтани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ ташхис намуда, дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд ва онҳоро барои тасдиқ намудан ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Росси ирсол менамояд ;
- баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвонҳои илмиеро, ки дар хориҷи кишвар гирифта шудааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида эътироф ва тасдиқ намуда, ҳуҷҷати дахлдори намунаи давлатӣ медиҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445, аз 31.04.2014 № 484);
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масьалаҳое, ки ба салоҳияти Хадамот дохил мешаванд, бо мақомоти маорифи давлатҳои хориҷӣ робита менамояд;
б) бо мақсади назорат ва баҳодиҳии сифати таҳсилот :
- бо тартиби муқарраршуда санҷиши сатҳи сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобёияти идоравиашон амалӣ менамояд;
- муассисаҳои таълимиро бо маводи таълимию методӣ оид ба муайян намудани сифати таълим ва барномаи идоракунии сифати таҳсилот таъмин менамояд ;
- ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсишҳои даҳонӣ ва ғайраро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд;
- доир ба муайян кардани сифати таҳсилот ва идоракунии он дар муассисаҳои таълимӣ санҷишҳо гузаронида, оид ба бартараф намудани камбудиҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд ;
в) дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият:
- таҳия ва татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ба проблемаҳои сифати таҳсилот ва илоракунии он мансуббударо иҷро мекунад ;
- ҳимояи маълумоти махфии давлатиро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;
- омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Хадамотро ташкил менамояд;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводҳои бойгониро доир ба фаъолияти Хадамот ба роҳ мемонад;
- бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои зарурии Хадамот, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадкиқотӣ дар соҳаи фаъолияташ озмунҳо гузаронида, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартнома мебандад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445, аз 31.07.2014 № 484);
- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот ва идоракунии он тибқи тартиби муқарраргардида қонференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссияҳо, кумитаҳо ва форумҳо ширкат меварзад ;
- кормандони фаъоли Хадамотро ҳавасманд мегардонад ва номзадии онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ;
- ба ариза ва муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мансуб ба фаъолияти Хадамот ҷавоб медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида барои таҳияи маводҳои меъёрӣ-методӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар самти фаъолияти Хадамот, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ олимон ва мутахассисонро ҷалб менамояд;
- далелҳои риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба соҳаи фаъолияти Хадамот ошкор ва пешгирӣ намуда, нисбат ба шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати таъмин ва риояи талаботҳои муқарраргардида тадбирҳои огоҳикунанда ва пешгирикунанда меандешад ;
- Шӯрои машваратӣ ва мақомоти экспертӣ (Шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис медиҳад;
- заминаи моддию техникӣ, илмӣ ва кадрҳои илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар магистратура, аспирантура, докторантура ва доктори PhD ба Вазорати маориф ва илми ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445, аз 31.08.2014 № 484).
7. Хадамот дар фаъолияти худ ҳуқуқи иҷрои вазифаи назорати идораи амволи давлатиро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд .
9. Сардор муовини худро дорад, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад .
10. Сардори Хадамот:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф масъул мебошад;
- вазифаи хизматии муовини Сардор, сардорони Раёсат ва мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳоро муайян намуда, фаъолияти умумии Хадамотро роҳбарӣ мекунад ;
- ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумора ва фонди музди меҳнати кормандон, нақшаи кории солона ва дурнамо пешниҳод манзур намуда, доир ба фаъолият, таъсиси буҷет ва маблағгузории Хадамот ҳисобот медиҳад ;
- бо тартиби муайянгардида кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- сохтор ва воҳиди кории Хадамотро дар ҳудуди фонди музди меҳнат ва миқдори кормандон ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории Хадамот дар ҳудуди барои ҳамин мӯҳлат ва маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
11. Хадамот метавонад барои амалӣ намудани фаъолияти худ Шӯро, комиссия таъсис диҳад, ки ба ҳайати он Сардор, муовини Сардор, сардорони раёсатҳо, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳо, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дар тобеияташон муассисаҳои таълимидошта дохил мешаванд .
12. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ штампу бланкаҳои дахлдор мебошад. Аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад .
13. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ - 126 мебошад .
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 105
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Роҳбарият
Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ
Раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф
Шӯъбаи баробарарзишии ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ
Шӯъбаи ҳамоҳангсозии кор бо Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо
Бахши муҳосибот ва банақшагирӣ
Бахши маъмурӣ ва хоҷагӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 105
тасдиқ шудааст
Нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе
хорич карда шуд
Бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Раёсати шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳури Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007
№ 105 тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445, аз 05.10.2012 № 563)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (минбаъд Хадамот) мақомоти ҳокимияти давлатй буда, назорати давлатиро дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Хадамотдар нақшаи идораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Хадамот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Фаъолияти Хадамот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин кӯмакҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, грантҳо ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, маблағгузорӣ мешавад.
5. Хадамот бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯен, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
II. Ваколатҳои Хадамот
6. Хадамот ваколатҳои зеринро дорад:
- иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро назорат менамояд;
- аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро мегузаронад;
- сифати таълимро дар муассисадои таълимӣ назорат мекунад;
- фаъолияти шӯроҳои, таълимӣ-методӣ, педагогӣ ва илмии муассисаҳои таълимиро назорат намояд;
- аз мақомоти роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он барои назорат, тафтиш, ташхис ва аттесгатсия маводу ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд ();
- дар бораи боздоштан ва қатъ намудани амали фармонҳо ва амрҳое, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он хилофи қонунҳои амалкунанда, низомномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар баровардаанд, ба Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд ();
- дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, сӯйистеъмол из мансаб, бемасъулиятӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он нисбати онҳо оид ба додани ҷазоҳои интизомӣ ва дигар намуди ҷазоҳо ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд ();
а) дар самти иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредататсия ва иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти шӯъба ва бахшҳои Хадамоти назди Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳоро оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар мавриди риоя гардидани талаботи иҷозатнома ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ намудани он пешниҳод манзур менамояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таълимӣ нақшаи панҷсола ва солонаи гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимиро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамояд;
- муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ таъмин менамояд;
- доир ба натиҷаи фаъолияти худ ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ пешниҳод менамояд;
- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ заминаи таълимию моддӣ, ҳайати кадрӣ, иқтидори илмӣ ва таъминоти таълимию методии муассисаҳои таълимии дар ин ё он минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбандаро месанҷад ва дар бораи ба меъёрҳои қабулшуда мувофиқат кардани фаъолияти онҳо ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад;
- мутобиқи қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ иҷозатнома (литсензия) ва дигар ҳуҷҷатҳои мувофиқ медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида унвонҳои илмии профессорон ва дотсентонро дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро барои эътироф намудан ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ирсол менамояд;
- баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвонҳои илмиеро, ки дар хориҷи кишвар гирифта шудааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида эътироф ва тасдиқ намуда, ҳуҷҷати дахлдори зарурӣ медиҳад ();
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масьалаҳое, ки ба салоҳияти Хадамот дохил мешаванд, бо мақомоти маорифи давлатҳои хориҷӣ робита менамояд;
б) бо мақсади назорати сифати таҳсилот:
- бо тартиби муқарраршуда санҷиши сатҳи сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобёияти идоравиашон амалӣ менамояд;
- таҳияи маводи таълимӣ-методиро оид ба муайян намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад;
- ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсишҳои даҳонӣ ва ғайраро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд;
- доир ба муайян кардани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ санҷишҳо гузаронида, оид ба бартараф намудани камбудиҳо ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
в) дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият:
- таҳия ва татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ба проблемаҳои сифати таҳсилот мансуббударо иҷро мекунад;
- ҳимояи маълумоти махфии давлатиро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;
- омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Хадамотро ташкил менамояд;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводҳои бойгониро доир ба фаъолияти Хадамот ба роҳ мемонад;
- бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои зарурии Хадамот, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадкиқотӣ дар соҳаи фаъолияташ озмунҳо гузаронида, дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартнома мебандад ();
- дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот тибқи тартиби муқарраргардида қонференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссияҳо, кумитаҳо ва форумҳо ширкат меварзад;
- кормандони фаъоли Хадамотро ҳавасманд мегардонад ва номзадии онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба ариза ва муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мансуб ба фаъолияти Хадамот ҷавоб медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида барои таҳияи маводҳои меъёрӣ-методӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар самти фаъолияти Хадамот, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ олимон ва мутахассисонро ҷалб менамояд;
- далелҳои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба соҳаи фаъолияти Хадамот ошкор ва пешгирӣ намуда, нисбат ба шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати таъмин ва риояи талаботҳои муқарраргардида тадбирҳои огоҳикунанда ва пешгирикунанда меандешад;
- Шӯрои машваратӣ ва мақомоти экспертӣ (Шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис медиҳад;
- заминаи моддию техникӣ, илмӣ ва кадрҳои илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар аспирантура ва докторантура ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд ().
7. Хадамот дар фаъолияти худ ҳуқуқи иҷрои вазифаи назорати идораи амволи давлатиро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
9. Сардор муовини худро дорад, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Сардор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Сардори Хадамот:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф масъул мебошад;
- вазифаи хизматии муовини Сардор, сардорони Раёсат ва мудирони шӯъбаҳоро муайян намуда, фаъолияти умумии Хадамотро роҳбарӣ мекунад;
- ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумора ва фонди музди меҳнати кормандон, нақшаи кории солона ва дурнамо пешниҳод манзур намуда, доир ба фаъолият, таъсиси буҷет ва маблағгузории Хадамот ҳисобот медиҳад;
- бо тартиби муайянгардида кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- сохтор ва басти кории Хадамотро дар ҳудуди фонди музди меҳнат ва миқдори кормандон ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории Хадамот дар ҳудуди барои ҳамин мӯҳлат ва маблағҳои аз буҷет ҷудошуда дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
11. Хадамот метавонад барои амалӣ намудани фаъолияти худ Шӯро, комиссия таъсис диҳад, ки ба ҳайати он Сардор, муовини Сардор, сардорони раёсатҳо, мудирони шӯъбаҳо, намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дар тобеияташон муассисаҳои таълимидошта дохил мешаванд.
12. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, штампу бланкаҳои дахлдор мебошад. Аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
13. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13а мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 105
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Роҳбарият
Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ
Раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф ()
Шӯъбаи баробарарзишии ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ ()
Шӯъбаи ҳамоҳангсозии кор бо Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо
Бахши муҳосибот ва банақшагирӣ ()
Бахши маъмурӣ ва хоҷагӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 105
тасдиқ шудааст
Нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди
Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ()
хорич карда шуд ()
Бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Раёсати шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ