Дар бораи Ҳадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 563)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2,3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба миқдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасонӣ) муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 563).
3. Ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад ва лимити автомошинаи сабукрави хизматии он ба миқдори 2 (ду) адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад. Маблағгузории мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ анҷом дода мешавад.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 №411 "Оид ба Департаменти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2007 № 105
ш. Душанбе
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба миқдори 42 воҳид (бе ҳайати хизматрасонӣ) муқаррар карда шавад.