Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз 3 марти соли 2007, № 104

Санаи амалкуни: 01.10.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2014 № 299 аз эътибор соқит дониста шуд. 

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 104

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд Хадамот) мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои назорату санҷиши давлатӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, фармонҳои Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилот анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳо

5. Хадамот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, аз ҷумла назорату санҷиши давлатӣ вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- иҷрои ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ва риояи шароитҳои бехатарии меҳнат, инчунин ҳифзи онҳо аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён, шахсони мансабдор ва кормандони дигари масъули корхонаҳо;

- дуруст ва саривақт пардохт намудани музди меҳнат, таъин ва пардохт намудани нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

- истифодаи дурусти руйхати истеҳсолот, касбу корҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо, ки мутобиқи онҳо нафақаи имтиёзнок муқаррар карда шуда, рухсатии иловагӣ дода мешавад;

- барои додани имтиёзу ҷубронпулиҳои муқарраршуда, ба кормандони дар корҳои вазнин ё дорои шароити зараровар, хатарнок ва шароити номусоиди меҳнат машғули кор буда, хусусан дар корҳое, ки меҳнати занон ва ҷавонон истифода мешавад;

- ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ;

- бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии аҳолӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518);

- суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа;

- пешниҳоди имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо барои кор дар шароити номусоиди меҳнат ба кормандони корхонаҳо;

- ҷуброн намудани зараре, ки ба саломатии кормандон расонида шудааст;

- ҳалли босифати қарорҳои лоиҳавӣ оид ба шароити меҳнат дар лоиҳаҳои сохтмонҳои нав ва корхонаҳои таҷдидшаванда, муассисаю ташкилот новобаста аз шакли моликияташон;

- аз тарафи корхонаву ташкилот ва муассисаҳо риоя гардидани қоидаҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ҳифзи меҳнат, ки ҷароҳатбардориҳои истеҳсолӣ, пайдоиши бемориҳои касбиро пешгирӣ менамоянд, инчунин ӯҳдадориҳое, ки шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо пешбинӣ менамоянд.

6. Хадамот бо мақсади таъмини ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- ташхиси шароити меҳнатро дар корхонаю ташкилотҳои амалкунанда ва аз нав ба истифода додашаванда, новобаста аз шакли моликияташон гузаронад;

- вазифаҳои ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории Хадамот пешбинишуда ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршударо иҷро намояд;

- таҳияи барномаҳоро оид ба ҳифз ва шароити меҳнат якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ташкил намуда, иҷрои онҳоро назорат намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муайян кардани стандарту меъёрҳои давлатӣ оид ба бехатарии меҳнат иштирок намояд;

- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат ва ҳифзи меҳнат пешниҳодҳо таҳия намояд;

- оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар бораи меҳнат ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин мусоидат намудан ба корфармоён ва кормандон дар омӯхтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои амалкунанда дар бораи меҳнат ва ҳифзи меҳнат чораҳо андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518);

- бо мақсади назорат ва санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар дар бораи меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муассисаҳо ва корхонаю ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, аз ҷумла шахсони воқеӣ, инчунин хориҷӣ, ташриф орад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518);

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратӣ)-ро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида таъсис диҳад;

- маводҳоро оид ба ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории меҳнат, ҳифзи меҳнат, шуғл, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва иҷро накардани дастурҳои кормандони Хадамот, ки назорату санҷишро анҷом медиҳанд, ба суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518);

- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон, шахсони мансабдор, кормандони дигари масъули корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони инфиродӣ ҷарима бандад;

- чораҳои маҳдудкунӣ, огоҳкунанда ва пешгирикунанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ надодан ва қатъ кардани вайронкуниҳои талаботи ҳатмӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон равона шудаанд, инчунин чораҳои аз байн бурдани оқибатҳои вайронкуниҳои номбурдаро истифода барад;

- дар мӯҳлатҳои муқарраршуда аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаю ташкилот сарфи назар аз шакли моликият маълумотҳоро оид ба ҳолати шароити ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, шуғл, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ дархост намуда гирад;

- аз мақомоти давлатии омор дар тамоми сатҳ маълумоти омориро оид ба меҳнат, музди меҳнат ва рушди иҷтимоӣ дархост намуда гирад;

- ба мақомоти болоӣ дар бораи бекор кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пешниҳодҳо манзур намояд;

- мутахассисони идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва корхонаҳоро сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи масъалаҳои алоҳидаи ҳифз ва шароити меҳнат, барои гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои санҷиш ҷалб намояд.

3. Ташкили фаъолият

7. Хадамотро Сардори он роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки онро, бо пешниҳоди Сардори Хадамот Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

9. Сардори Хадамот:

- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва намояндаҳои системаро бо мувофиқаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ин мақомотро 60 пешниҳоди Сардори ҳамин сохторҳо (ғайр аз ҳайати хизматрасон)ба кор таъин ва аз кор озод менамояд;

- низомномаҳои сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавии Хадамотро тасдиқ менамояд;

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- ҷадвалҳои штатӣ, шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти маҳаллии Хадамотро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои дар буҷети ҷумҳурӣ барои давраи дахлдор пешбинигардида, тасдиқ менамояд.

10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тавсири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

11. Маҳалли ҷойгиршавии Дастгоҳи марказии Хадамот: шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 71.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 104

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи назорати муҳофизати меҳнат

Шӯъбаи назорати нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ

Шӯъбаи назорати шуғли аҳолӣ

Шӯъбаи ташхиси шароити меҳнат

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва ташкилӣ

Шӯъбаи идораи корҳо

Шӯъбаи ҳисобдорӣ

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 104

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳо, щӯъбаҳо ва намояндаҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                             от 03.05.2014г. № 299     

Приложение 1

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2007 года № 104

Положение о Государственной службе по надзору в сфере труда, занятости и социальной защиты населения

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№518)

1. Общие положения

1. Государственная служба по надзору в сфере труда, социальной защиты населения (далее Служба), является органом исполнительной власти, осуществляющим функции по государственному контролю и надзору за соблюдением законодательства Республики Таджикистан о труде, правил по охране труда, стандартов и норм безопасности труда, проведением экспертизы условий труда занятости, миграции, социального страхования и социальной защиты населения на предприятиях, учреждениях и организациях независимо от форм собственности.

2. Служба находится в Схеме управления Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

З. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Служба осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями, международными и иными организациями.

2. Функции

5. Служба осуществляет следующие полномочия в установленной сфере деятельности, в том числе осуществляет государственный надзор и контроль за:

- исполнением трудовых прав работающих и соблюдении безопасных условий труда, а также защиты их от незаконных действий работодателей, должностных лиц и других ответственных работников предприятий;

- правильностью и своевременности выплаты заработной платы, назначения и выплаты пенсий, пособий и иных социальных выплат:

- правильностью применения списков производств, работ, профессий, должностей и показателей, по которым устанавливаются льготные пенсии и предоставляются дополнительные отпуска;

- предоставлении работникам, занятым на тяжелых работах или работах с вредными, опасными и неблагоприятными условиями труда, установленных льгот и компенсаций, особенно на работах с применением труда женщин и молодежи;

- социальной защитой и социальным обслуживанием населения;

- рынком труда и занятости населения;

- внутренняя (добровольная)и экологическая миграция населения (в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№518);

- социальным страхованием и пенсионном обеспечением;

- предоставлением работникам предприятий в соответствии с законодательством льгот и компенсаций за работу в неблагоприятных условиях труда;

- возмещением вреда, причиненного работникам здоровью;

- качеством проектных решений по условиям труда в проектах строительства новых и реконструируемых предприятий, учреждений и организаций независимо от форм собственности;

- соблюдением предприятиями, учреждениями и организациями правил по охране труда и внедрению современных средств охраны труда, предотвращающих производственный травматизм и возникновения профессиональных заболеваний, а также обязательств, предусмотренных коллективными договорами и соглашениями.

6. Служба с целью реализации полномочий в установленной сфере деятельности имеет право:

- проводить государственной экспертизы условий труда на действующих и вновь вводимых предприятиях независимо от форм собственности;

- выполнять функций главного распорядителя и получателя средств республиканского бюджета, предусмотренных на содержание Службы и реализацию возложенных на неё функций;

- организовать разработку совместно с министерствами, государственными комитетами, ведомствами и органами исполнительной власти на местах программ по охране труда и контролирует их выполнение;

- участвовать совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами в определении государственных стандартов и норм по безопасности труда;

- разрабатывать предложения по совершенствованию законодательства Республики Таджикистан и иных нормативных правовых актов о труде и охране труда;

- проводить профилактику нарушений законодательства о труде и охране труда, внутренней (добровольной) и экологической миграции, социальной защиты, содействие овладению работодателями и работниками знаниями законодательства Республики Таджикистан и действующих норм и нормативов о труде и охране труда (в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№518);

- посещать в порядке предусмотренном Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан" предприятия, учреждения и организации независимо от форм собственности включая иностранные и физические лица, в целях осуществления государственного надзора и контроля за соблюдением законодательства Республики Таджикистан и иных нормативных правовых актов о труде, охране и условий труда, занятости, внутренней (добровольной) и экологической миграции и социальной защиты населений(в редакции Постановления Правительства РТ от1.10.2007г.№518);

- создавать координационные, совещательные и экспертные органы (советы, комиссии, консультативные группы) в установленной сфере деятельности;

- передавать материалы по актам нарушений законодательства о труде и охране труда, занятости, трудовой миграции и социальной защиты населения невыполнения предписаний работников Службы, осуществляющих функции по надзору и контролю в суд и правоохранительные органы Республики Таджикистан;

- налагать в порядке установленном законодательством Республики Таджикистан штрафы на руководителей, должностных лиц, ответственных работников предприятий, учреждений и организаций независимо от форм собственности, а также физических лиц;

- применять предусмотренные законодательством Республики Таджикистан меры ограничительного, предупредительного и профилактического характера, направленные на недопущение и (или) пресечение нарушений юридическими лицами и гражданами обязательных требований в установленной сфере деятельности, а также меры по ликвидации последствий указанных нарушений;

- запрашивать и получать в установленные сроки от министерств, государственных комитетов, ведомств, предприятий и организаций независимо от форм собственности информацию о состоянии условий и охраны труда, техники безопасности, занятости, социальной защиты населения, производственном травматизме и профзаболеваниях;

- запрашивать и получать от органов государственной статистики всех уровней статистические данные по труду, оплате труда и социальному развитию;

- вносить в вышестоящие органы предложения об отмене нормативных правовых актов, если они противоречат законодательству Республики Таджикистан;

- привлекать специалистов ведомств, научно-исследовательских организаций и предприятий независимо от ведомственной подчиненности для рассмотрения и разработки отдельных вопросов охраны и условий труда, для проведения консультаций и экспертизы, а также представителей правоохранительных органов к проверкам.

3. Организация деятельности

7. Службу возглавляет её Начальник, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

8. Начальник Службы имеет одного заместителя, назначаемый и освобождаемый Министерством труда и социальной защиты населении Республики Таджикистан по представлению Начальника Службы.

9. Начальник Службы

- принимает на работу и освобождает с работы руководителей структурных подразделений и работников Центрального аппарата Службы.

- принимает на работу и освобождает с работы начальников управлений, отделов и представителей системы по согласованию с Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, а работников этих органов по представлению начальников этих структур (кроме обслуживающего персонала);

- утверждает положения о структурных подразделениях Центрального аппарата и территориальных органах Службы;

- представляет на утверждение в Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан штатное расписание Центрального аппарата Службы в пределах установленных Правительством Республики Таджикистан фонда оплаты труда и численности работников;

- утверждает, штатное расписание, численность и фонд оплаты труда работников территориальных органов Службы в пределах показателей, установленных Правительством Республики Таджикистан, а также смету расходов на их содержание в пределах ассигнований, предусмотренных в республиканском бюджете на соответствующий период;

10. Служба является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном и русском языках, соответствующие печати, штампы, бланки и финансируется из единого счета в Центральном казначействе Министерства финансов Республики Таджикистан.

11. Место нахождения Центрального аппарата Службы - город Душанбе, проспект Борбад 71.

Приложение 2

 Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2007 года № 104

Структура Центрального аппарата Государственной службы по надзору в сфере труда, занятости и социальной защиты населения

Руководство

Отдел контроля охраны труда

Отдел контроля пенсий и социальных выплат

Отдел контроля занятости населения

Отдел экспертизы условий труда

Отдел правового и организационного обеспечения

Отдел управления делами

Отдел бухгалтерского учета

Приложение 3

 Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 марта 2007 года №104

Схема управления Государственной службы по надзору в сфере труда, занятости социальной защиты населения

Центральный аппарат

Управления, отделы и представители Государственной службы по надзору, в сфере труда, занятости и социальной защиты населения по областям, зонам городам и районам