Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 72 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дасттоҳи марказӣ ба миқдори 34 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.
Барои Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти системаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2007 № 104
ш. Душанбе