Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз 3 марти соли 2007, № 102

Санаи амалкуни: 03.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 391 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 102

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518, аз 5.03.2008 № 115, аз 2.02.2009 № 77, аз 29.04.2009 № 276, аз 30.12.2009 № 715, аз 12.02.2010 № 53, аз 3.03.2011 № 125, аз 30.08.2011 № 439, аз 19.07.2012 № 369, аз 02.11.2012 № 628, аз 03.08.2013 № 339, № 340)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират амалӣ менамояд.

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Агентӣ, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Агентӣ дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд;

а) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ:

- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумла, нафақахӯрон, маъюбон ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд;

- роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоии системаи Агентиро таъмин менамояд;

- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида иҷрои корҳоро ҷихати татбиқи имтиёзҳои амалкунандаи иҷтимоии давлатӣ ташкил мекунад;

- ҷиҳати ба ҳаёти солим мутобиқгардонии иҷтимоии шахсони имконияти ақлӣ ва ҷисмониашон маҳдудбуда чорабиниҳоро татбиқ менамояд;

- чорабиниҳоро ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим ва кӯдакони оилаҳои камбизоат анҷом медиҳад;

- ҷихати ба таҳсил ва тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони нмконияташон маҳдуд чорабиниҳо анҷом медихад;

- барои ҳамохангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ мӯҳтоҷбуда мусоидат менамояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоии хонагӣ, марказҳои минтақавӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро ҳамоҳанг месозад;

- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди шабакаи муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

- тавонбахшии умумӣ, ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кӯмаки протезию ортопедиро амалӣ мегардонад, барои ба маъюбон ва собиқадорон фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мусоид, санадҳои ташкилию методиро таҳия менамояд;

- хизматрасонии иҷтимоӣ ва пуштибонии иҷтимоии собиқадорон ва шаҳрвандонеро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ, амалиёти террористӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, анҷом медиҳад;

- хизматрасонии тиббӣ, моддию маишӣ ва мадании шахрвандонеро, ки дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, ташкил менамояд;

- фаъолияти самараноки хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои статсионариро ташкил ва назорат мекунад;

- масъалаҳои ҷобаҷогузории шаҳрвандон ва хизматрасонии иҷтимоиро ба онҳо дар муасснсаҳои статсионарӣ ҳаллу фасл менамояд;

- вазъи хизматрасониро дар муассисаҳои статсионарӣ таҳлил менамояд, барои рушди қисмҳои тиббӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва беҳтар намуданн фаъолияти тиббӣ дар муассисаҳои статсионарӣ мусоидат менамояд;

- интихоб ва фиристодани ниёзмандонро ба табобати санаторию курортӣ ва амбулаторию курортӣ анҷом медиҳад;

- мутобиқи харҷномаи тасдиқшуда барои бо маводи хӯрока, доруворӣ, моддаҳои шустушӯй ва тамйизӣ, таҷҳизоти технологӣ, тиббӣ, нақлиёт ва агрегатҳои кишоварзӣ, сӯзишворӣ ва маводи сохтмон, асбобҳои нарму дурушт таъмин намудани муассисаҳои статсионарӣ мусоидат менамояд;

- аз болои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, истифода, нигоҳ доштан ва аз эътибор соқит намудани доруҳо назорат мебарад;

- аттестатсияи кормандони тиббии муассисаҳои статсионариро ташкил менамояд;

- бақайдгирии шаҳрвандонн кӯҳансол ва маъюбонро дар муассисаҳои статсионарӣ ташкил ва назорат мебарад;

- бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои ворид намудани технологияи нав, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо , ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст, мусоидат менамояд;

- барои такмили шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ доир ба тавонбахшии маъюбон хизматрасонии иҷтимоии шаҳрвандони кӯҳансол ва маъюбон, дасттирии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- оид ба тағйироти миқдорӣ ва сифатии хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад, пешгӯиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ таъмин месозад.

б) дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ:

- бо назардошти вазъ дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнати байналмилалӣ низоми доимоамалкунандаи мониторинги бозори меҳнатро дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр ва ноҳия ташкил менамояд, таҳлили ҳолати он, ояндабинии талаботу пешниҳодотро ба қувваи корӣ амалӣ месозад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумоти омориро доир ба ҳолати бозори меҳнат таъмин мекунад ва барои ворид намудани шаклҳои нави оморӣ ҷиҳати арзёбии вазъи воқеии бозори меҳнат тадбирҳо амалӣ мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);

- ҳисоботҳои давриро оид ба ҳолат ва ояндабинии рушди бозори меҳнат омода месозад ва оид ба ташкили сиёсати шуғл дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;

- ҳар сол оид ба ҳолати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ варақаҳои маълумотӣ интишор мекунад, ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар бораи ҳолати он маълумот медиҳад;

- якҷоя бо субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, дар таҳия ва амалигардонии тадбирҳо ҷиҳати нигоҳдорӣ, азнавсозӣ ва рушди ҷойҳои корӣ, инчунин тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ ва хизматчиён аз ҳисоби маблағҳои субъектҳои хоҷагидор иштирок менамояд;

- бо назардошти ҳолати бозори меҳнат, сатҳи шуғлнокӣ ва бекорӣ ва дар асоси таҳлили ҳолати захираҳои меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби дигар ҷонибҳои дахлдор дар таҳияи лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз ҷумла, барномаҳои мақсадноки мусоидат ба табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ иштирок намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро амалӣ месозад;

- дар бораи муқаррар намудани квотаҳо барои ҳамаи намудҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷиҳати ба кор қабул кардани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта ва дар бозори меҳнат ба рақобат дучоргашта таклифҳо таҳия намуда, барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд ва дар доираи ваколатҳои худ иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- барои таҳсилоти касбӣ, тайёрии касбӣ ва бозомӯзии ашхосе, ки дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ мебошанд, муассисаҳо ва марказҳои таълимӣ таъсис медиҳад;

- ҷойҳои кории холиро ба ҳисоб мегирад, аз рӯи ҷойҳои кории холии мавҷуда пешниҳод ва талаботро бо қувваи корӣ, аз ҷумла бо дар назар гирифтани талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ махзани маълумотро ташкил медиҳад;

- барои шаҳрвандон ва корфармоён дастрасии озодро ба махзани маълумотии ҷойҳои кории холӣ ва пешниҳоди талабот ба қувваи корӣ ташкил мекунад, ба шаҳрвандон ҳангоми интихоби кори муносиб, ба корфармоён бошад дар интихоби кормандони зарурӣ ёрӣ мерасонад, ба шуғли берунаи шаҳрвандон мусоидат менамояд;

- тавассути нашри буклетҳо, плакатҳо ва тайёр намудани варақаҳою овезаҳои иттилоотӣ, инчунин, бо ташкил намудани барномаҳои радио ва телевизионӣ аҳолиро оид ба вазъи бозори меҳнат, дар бораи тадбирҳои амалишавандаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва қонунгузорӣ дар ин соҳа иттилоъ медиҳад;

- дар ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъияти иштирок мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти маблағгузории ташаббусҳои соҳибкории бекорони дар ҷустуҷӯи корбуда, аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта ва ташаббусҳои соҳибкорӣ барои ташкили ҷойҳои кории иловагӣ ва нав ба роҳ мемонад;

- ба шуғлнокии инфиродии шаҳрвандони бекор тавассути расонидани хизматҳои машваратӣ, ташкил ва гузаронидани треннингҳо ва семинарҳо, дастгирии молиявӣ мусоидат менамояд ва бо мақсади ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шахрвандони бекор ва корҷӯӣ дар назди Агентӣ ва мақомоти маҳаллии он муассисаҳои хурди истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, инчунин хоҷагиҳои ёрирасон ташкил медиҳад;

- низоми дастгирии ташаббусҳои соҳибкориро байни шаҳрвандони бекори дар мақомоти маҳаллии Агентӣ бақайдгирифташуда тавассути таъсиси сохтори махсусгардонидашуда, шабакаи марказҳои иҷтимоӣ-соҳибкорӣ, бизнес-инкубаторҳо ва амалигардонии дигар тадбирҳоро ташкил ва таъмин мекунад;

- ҷиҳати мусоидати фаъол ба шуғлнокии шаҳрвандони-бекор тавассути ташкили нуқтаҳои кирояи кувваи корӣ, биржаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои шуғли беруна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ махсусгардонидашуда чорабиииҳо таҳия ва амалӣ менамояд;

- мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро бо иштироки корфармоён мегузаронад;

- оид ба самтдории касбӣ хизматрасониҳо пешкаш менамояд, ба шаҳрвандони бекор ва онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, машваратҳо медиҳад;

- фаъолияти низоми таҳсилоти калонсолонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба танзим медарорад, меъёрҳои давлатии системаи таҳсилоти калонсолонро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- барномаҳои таълимиро оид ба таҳсилоти калонсолон таҳия намуда, тасдиқ мекунад ва оид ба ташкили таҳсилоти калонсолон хизматрасониҳо пешкаш мекунад;

- талаботро ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо муайян менамояд, низоми марказҳои таълимиро оид ба таҳсилоти калонсолон ба роҳ мемонад, усулҳои таълими модулӣ, инноватсионӣ ва дигар методҳои оқилонаро ҷорӣ мекукад;

- омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шахрвандони бекор за ашхоси корҷӯро ташкил менамояд, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён масъалаи бо кор таъмин намудани онҳоро пас аз хатми таҳсилашон ҳал мекунад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида мақоми бекории шаҳрвандонро муайян менамояд, таъин ва пардохти кӯмакпулӣ ҳангоми бекорӣ, инчунин пардохти кӯмакхарҷии таҳсилиро дар давраи таҳсил тибқи роҳхати мақомоти маҳаллии Агентӣ ташкил мекунад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида оид ба боздоштан ё қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, инчунин пардохти кӯмакхарҷии таҳсилӣ дар давраи таълим, қарор кабул менамояд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба зарурияти муқаррар намудани пули иловагӣ ба кумакпулӣ барои бекорӣ ё ба кӯмакхарҷии таҳсилӣ, ки (шахси корношоями) нонхӯри то 15 сола доранд, пешниҳод таҳия ва ирсол менамояд;

- гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда (карор аз 12.02.2010 № 53).

в) дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ:

- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ татбиқи чорабиниҳоро доир ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;

- мониторинг, баҳодиҳӣ ва пешгӯии равандҳои муҳоҷиратро анҷом медиҳад, ҷиҳати ба танзим даровардани масоили муҳоҷирати аҳолӣ чораҳо меандешад;

- лоиҳаҳои барномаҳои давлатиро оид ба муҳоҷирати дохилии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;

- ҷиҳати муайян намудани квотаҳо барои ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса пешниҳод мекунад;

- хорич карда шуд (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 518).

- барои рушди рақобати муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар бозори меҳнат корҳои заруриро ба роҳ мемонад (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 518);

- хорич карда шуд (Карор аз 29.04.2009с. № 276)

- бақайдгяриро ташкил медиҳад ва махзани маълумотро оид ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ таъсис медиҳад (карори Хукумати ЧТ аз 1.10.07 № 518аз 29.04.2009с. № 276);

- бо намояндагони корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, намояндагиҳои мақомоти идораи давлатии давлатҳои хориҷии дуру наздик оид ба масоили муҳоҷират ҳамкорӣ менамояд;

- дар чорабиниҳо оид ба муборизаи зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкили назорати муҳоҷиратӣ ширкат меварзад;

- конференсияҳо, семинарҳо, вохӯриҳо ва корҳои фахмондадиҳӣ-иттилоотиро онд ба масоили муҳоҷират мегузаронад, ҳар гуна маводн чопӣ нашр мекунад ва чорабиниҳоро бо иштироки васоити ахбори умум ташкил мекунад;

- дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини чорабиниҳо барои қабули муҳоҷирони экологӣ ва ихтиёрии дохилӣ (ихтиёрӣ), ҷобаҷокунӣ, таъмини онҳо бо кор, манзил, оби нӯшокӣ ва ҳалли дигар масоили иҷтимоӣ масъалагузорӣ менамояд.

6. Агентӣ дар баробари ваколатҳои номбаршуда дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кооператсия, ба танзим даровардани таҳвили тарафайни ташкилотҳо, вобаста ба соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ, муайян ва мувофиқсозии рӯихат инчунин таҳвили тарафайнро амалӣ месозад;

- бо тартиби муқарраргардида барои фармоишҳои таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию тарроҳӣ ва технологии эхтиёҷоти давлатӣ, аз ҷумла, ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатӣ мебандад;

- тахлили иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои системаро анҷом дода, нишондоди иқтисодии фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд ва омӯзиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва истифодабарии моликиятро мегузаронад;:

- вазифаҳои фармришгари давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмӣ- техникӣ ва сармоявиро дар соҳаҳои муқарраршудаи фаъолияти Агентӣ анҷом медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои муқарраршудаи фаъолияти Агентӣ ҳамкорӣ менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандонро таъмин намуда, аз рӯи онҳо қарор кабул менамояд ва ба муроҷиаткунандагон дар мӯҳлати муайяншмудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб ирсол менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- тайёрии мобилизиатсионии дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои дар тобеияташ бударо ба тайерии мобилизатсионӣ таъмин менамояд;

- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;

- вазифаҳои тақсимкунанда ва қабулкунандаи асосии воситаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои молиявии барои таъминоти Агентӣ пешбинишударо, амалӣ месозад;

- конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро дар соҳаи фаъолияти муқарраргардидаи Агентӣ ташкил мекунад.

7. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳояш дар соҳаи мукарраргардидаи, фаъолият ҳуқуқ дорад:

- бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси ташкилотҳое, ки масоили бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ноҳия ва хориҷи кишвар, хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машғул мешаванд бошад;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият марбут мебошанд, шарҳу тавзеҳ диҳад;

- барои кор карда баромадани масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, олимон, мутахассисон ва ғайраро ҷалб созад;

- ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти сохторҳои тобеъро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);

- Агентӣ дар соҳаи муқаррагардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва функсияи назоратиро анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуқуқ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ин маҳдудияти ваколатҳои Агентӣ ба ваколатҳои агентӣ ба ваколатҳои роҳбари Агентӣ оид ба ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкили фаъолияти Агентӣ, назорати фаъолияти сохторҳои таркибии он татбиқ намегардад.

III. Ташкили фаъолият

8. Ба Агентӣ Директор роҳбари менамояд, ки бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ вогузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Директори Агентӣ муовинон, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод қарда мешаванд.

Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

9. Директори Агентӣ:

- лоиҳаи Низомнома, нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Агентиро ҷихати тасдиқи минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход менамояд;

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нишондоди фаъолияти Агентӣ, нақшаи солона, инчунин ояд ба иҷрои онҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;

- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани муовинони Директор ва сармуҳосиби Агентӣ, роҳбарони мақомоти вилоятӣ, шаҳри Душанбе ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ташкилотҳои системаи Агентиро мувофика менамояд;

- муовинони роҳбарон ва сармуҳосибони системаи Агентиии шаҳри Душанбе, вилоятҳо, ҳамчунин ташкилотҳои системаро бо пешниҳоди роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони мақомоти шаҳри ва ноҳиявии Агентиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармуҳосибони мақомоти Агентиро бо пешниҳоди роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);  

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистом барои тасдиқи ҷадвали сохтории Дастгоҳи марказии Агентӣ дар доираи фондҳои музди меҳнати муқарраргардида, инчунин сметаи хароҷотро ҷиҳати таъмини он, ки дар давраи муайяни, маблағгузории буҷетӣ тасдиқ шудааст пешниҳод менамояд;

- ӯҳдадориҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони қисмҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ тақсим менамояд;

- низомномаҳо оид ба қисмҳои сохтории Дастгоҳи марказии Агентӣ,инчунин бо тартиби муқарраргардида муқаррароту низомномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои система қарор қабул мекунад, кормандони Дастгоҳи марказии Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- сметаи хароҷоти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро бо ҳудуде, ки дар давраи муайяни буҷет ва дигар маблағгузориҳо, ки дар буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;

- фармону амрҳо мебарорад, дастурҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва меъёрҳоеро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти маҳаллии ташкилотҳои системаи Агентӣ ҳатмӣ аст, тасдиқ мекунад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- нақшаи кор ва нишондоди фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавсозӣ ва барҳам додани ташкилотҳои системаи Агентӣ ҷиҳати пешниҳоди минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба ташкилотҳои системаи Агентӣ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- қарорҳои ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраргардида ихтилофдоштаи мақомоти ташкилотҳои системаи Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо тибқи қонун муқаррар нашуда бошад;

- тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Агентӣ роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал намуда барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мекунад,

10. Ҷиҳати баррасии масоили фаъолият ва пешниҳоди, тавсияҳо дар назди Агентӣ бо тартиби муқаррагардида метавонанд, мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) ҳамоҳангсоз, аз ҷумла, байнисоҳавӣ таъсис дода шаванд.

11. Агентӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, бо тартиби муқарраргардида нашри варақаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.

12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯхрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягонаи хазинаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

13. Дастгоҳи марказии Агентй дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ, 5/6 ҷойгир шудааст.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 102

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Роҳбарият

Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);

Раёсати ташкилӣ ва ҳуқуқ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ

Шӯъбаи маъмурию хоҷагӣ

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 102

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират дар вилояи Хатлон, дар вилояти Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439);  

Раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе,  минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Ҳисор, Рашт, Рӯдакӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Ғончӣ, Колхозобод, Ёвон, Вахш ва Восеъ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439)

Шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират дар дигар шаҳру ноҳияҳо

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 19.07.2012 № 369)

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 102

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Хориҷ карда шуд (карор аз 30.12.2009 № 715)

Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони "Чорбоғ" (Карор аз 02.02.2009с. № 77).

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 340)

Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода"

Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ёвон"

Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон, маъюбон ва беморони рӯҳии шаҳри Панҷакент (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439)

Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони "Деҳмой"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439)

Муассисан давлатии "Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор"

Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ"

Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати "Дӯстӣ"-и ноҳияи Қумсангир"

Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати "Биби Фотимаи Заҳро"-и ноҳияи Ишкошим" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439)

Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати "Ромит"-и шаҳри Ваҳдат"

Муассисаи давлатии "Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати "Харангон"-и ноҳияи Варзоб"

Муассисаи давлатии "Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Корхонаи давлатии заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Душанбе"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд"

хорич карда шуд (карори Хукумати ЧТ аз 5.03.2008  № 115)

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе"

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439)

Филиали корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе" дар шаҳри Кӯлоб

Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Конибодом

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар ноҳияи Тоҷикобод" (карори Хукумати ЧТ аз 5.03.2008  № 115)

Муассисаи давлатии "Маркази байналмилалии тавонбахшӣ (карор аз 3.03.2011 № 125).

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.07.2012 № 369).

Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 628).

Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 339)