Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ дар сохаи фарханг, санъат ва табъу нашр дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмин намудани муассисаҳои соҳавӣ бо мутахассисони варзида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии замимагардидаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда барои амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ба Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои тобеи вазорат муқарраргардида маблағ пешбинӣ намояд.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин Барнома чораҳои мушаххас андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 239
ш. Душанбе