Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар солҳои 2007 - 2010 аз 3 июни соли 2006, № 239

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 239

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар солҳои 2007 - 2010

Муқаддима

Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010 (минбаъд - Барнома) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2005 № 50 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 ва вазифаҳо барои соли 2005" мураттаб гардидааст.

Мақсади асосии он мусоидат намудан ба мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи эҷодкор, қонеъ гардонидани талаботи муассисаҳои таълимии эҷодӣ бо мутахассисони баландихтисоси фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр, қавӣ гардонидани асосҳои моддию техникӣ ва илмию методии таълимгоҳҳои миёна ва олӣ, инчунин хавасмандгардонии моддӣ ва маънавии омӯзгорон мебошад.

Барномаи давлатии тарбияи мутахассисон дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", "Дар бораи маориф", "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ", "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Консепсияи рушди маълумоти китобдорӣ" ва дигар аснод дар бораи фарҳангу ҳунар мутобиқ карда шудааст.

Вазъи кунунии муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр талаб менамояд, ки проблемаҳои тарбияи мутахассисони соҳа дар сатҳи давлатӣ ҳал карда шаванд.

Пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ зимни ҷараёнҳои мухталифи иҷтимоӣ ва сиёсӣ як қисми назарраси нерӯҳои эҷодӣ ба хориҷи кишвар фирор намуданд, ки дар натиҷа соҳаи фарҳанг аз ҷиҳати потенсиали эҷодиву интеллектуалӣ ва заминаи моддию техникӣ тадриҷан заиф гардид. Рушди минбаъдаи фарҳанг ва ҳунар аз сабаби норасоии кадрҳо ба душворӣ дучор гашт. Ин вазъ ҳанӯз таи солҳои нахустини таърихи давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон аён гардид ва ҳалли худро талаб мекард.

Дар як муддати кӯтоҳ масъалаҳои фарҳангу ҳунар ба сатҳи баланди давлатӣ бардошта шуданд ва имрӯз соҳаи фарҳанг дар давлатдорӣ мақоми баландро ишғол мекунад. Таи солҳои охир Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камол Беҳзод мақоми миллиро соҳиб гардиданд, ансамблҳои давлатии "Шашмақом" ва "Фалак", таъсис дода шуданд. Аввалин маротиба дар таърих муассисаҳои нави таълимӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ ба фаолият оғоз намуданд.

Таҳлили вазъи муассисаҳои фарҳангӣ шаҳодат медиҳад, ки қабл аз ҳама сатҳи донишҳои касбии худи санъаткорон ва дигар намояндагони соҳаи фарҳанг ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Зимнан имрӯз масъалаи тарбияи кадрҳои соҳибихтисос моҳияти аввалиндараҷаро соҳиб гардидааст.

Дар сохтор ва мазмуни сиёсати тарбияи кадрҳои фарҳангу хунар таи 70 соли қарни гузашта ба арзиши ҳақиқии лаёқати миллӣ аҳамияти дуруст дода намешуд.

Вазъи имрӯзаи театрҳои касбӣ, соҳаи опера ва балет, оркестрҳои симфонӣ, созҳои миллӣ ва эстрадӣ, ҳайати устодони таълимгоҳҳои махсуси мусиқии - ибтидоиву миёна ва олӣ нишон медиҳад, ки аксари кулли онҳо алҳол бо мутахассисони олидараҷа таъмин нашудаанд.

Маълум аст, ки барои тарбияи як мутахассиси соҳаи ҳунари касбӣ солҳои дароз лозим аст. Дар суннатҳои фарҳангии миллати мо таи садсолаҳо системаи маъруфи таълимии "устоз-шогирд" васеъ маъмул гардида буд. Дар шароити имрӯза институтҳои таълимие, ки тайёр кардани мутахассисонро дар модели сезинагӣ: ибтидоӣ, миёна ва олӣ пешбинӣ мекунанд, дар маҷмӯъ ҳамин хусусиятро доранд. Зарур аст, ки минбаъд мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М. Собирова вазифаи асосии худро комилан иҷро намояд ва сафи хонандагонашро на танҳо аз сокинони пойтахт, балки аз ҳисоби бачагони болаёқати деҳаву ноҳияҳои дурдаст низ зиёд намояд. Таъсиси коллеҷи ҳунар дар шаҳри Хоруғ барои тарбияи истеъдодҳои нодир хеле муфид хоҳад буд.

Барои тарбияи мутахассисони ҳунарҳои бадеӣ таъсис додани шакли сезинагии таълим яке аз рунҳои муосири соҳаи таълим ба шумор меравад. Таъсиси Академияи ҳунарҳои зебо дар пойтахт мувофиқи мақсад буда, ташкили литсейҳои ҳунармандӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Кӯлоб барои рушди минбаъдаи ин шакли таълим заминаи асосӣ мешавад.

Дар соҳаи театр, кино, сирк ва табъу нашр бошад, дар баробари ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ, минбаъд зарурати аз худ кардан ва ба Тоҷикистон ворид намудани стандартҳои ҷахонӣ, хусусан дар иртибот бо технологияи муосир ва ихтисосҳои нави соҳа ба миён меояд.

Тибқи талаботи замон ва сиёсати фарҳангии пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз зарур аст, ки дар соҳаи фарҳангу ҳунари миллии тоҷик дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Моҳияти ин дигаргуниҳоро метавон дар ду ҷода баён кард:

- тарбияи кадрҳо;

- баланд бардоштани сатҳи касбият;

Барои ба натиҷаҳои самаранок ноил гардидан минбаъд бояд роҳҳои ҳалли тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунарро дар дохили кишвар ва ҳамчунин дар хориҷа дарёфт намудан лозим аст. Агар имрӯз дар дохили кишвар тарбияи мутахассисонро ба воситаи

- маълумоти сезинагӣ;

- бозомӯзии омӯзгорон;

- даъвати мутахассисони хориҷӣ ба амал овардан мумкин бошад, дар хориҷи кишвар Тоҷикистон ба намудҳои зерини тарбияи мутахассисони фарҳанг ва ҳунар эҳтиёҷ дорад:

- таҳсил дар мактабҳои олӣ;

- таҳсил дар аспирантура ва докторантура;

- бозомӯзӣ ва шаклҳои дигари такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои номдори эҷодӣ.

Барномаи мазкур, ки барои солҳои 2007-2010 таҳия шудааст, дар маҷмӯъ таҳсили 167 донишҷӯро аз рӯи 57 ихтисоси соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар 7 кишвари хориҷӣ пешбинӣ мекунад.

I. Мақсади асосии Барнома

Барои такмили ҳамҷонибаи соҳаи фарҳанг, ба талаботи замон мутобиқ гардонидани таҷрибаи омодасозии мутахассисони соҳа ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани донишу малакаи онҳо амалигардонии чораҳои мушаххас зарур аст:

- бо назардошти талаботи маънавии ҷомеа, фаолияти муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр бо истифода аз комёбиҳои илм, технологияи навтарини таълим мазмун ва сифати таълиму тарбия такмил дода мешавад. Нақшаҳои нави барномаҳои таълимӣ, шаклу методҳои пешкадами таълиму тарбия ба он мусоидат менамоянд, ки минбаъд мутахассисон дорои тафаккури тозаи эҷодӣ, донишу малакаи олии касбӣ бошанд;

- дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои мушаххас, махсусан ихтисосҳои нав, имкониятхои таълимии муассисаҳо ба инобат гирифта мешаванд. Бо назардошти талабот ба мутахассисон факулта ва донишкадаҳои нав созмон дода мешаванд. Онҳо бо нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, созҳои мусикӣ, технологияи иттилоотӣ ва дигар маводу санадҳо таъмин мегарданд;

- барои ҷорӣ намудани технологияи компютерӣ, васоити техникӣ, методҳои нав, натиҷаҳои эътирофшудаи таҳқиқоти илмӣ дар раванди таълим шароити мусоид фароҳам оварда мешавад;

- роҳҳои самараноки ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо таълимгоҳҳои мамолики хориҷа истифода мешаванд. Ба интихоб ва тарбияи мутахассисон тавассути квота ва шартнома дар дигар мамлакатҳо бештар эътибор дода шуда, он ба талаботи муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр мутобиқ гардонида мешавад;

- ба тайёр кардани эҷодкорон, омӯзгорон тавассути коромӯзӣ, аспирантура, докторантура, дигар шаклҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамчун роҳҳои такмили донишу малакаи касбӣ бештар таваҷҷӯҳ намуда, баҳри инкишофи минбаъдаи ҷаҳонбинии онҳо шароит фароҳам оварда мешавад;

- ба таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷаллаи касбӣ ҳамчун асоси таълиму тарбия, беҳтарин мутахассисон ҷалб карда мешаванд.

II. Вазифаҳои Барнома

Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома вазифаҳои зерин ҳал карда мешаванд:

- ташаккули системаи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр, таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии мазмуни таълим дар зинаҳои мухталифи таълими касбӣ;

- ба талаботи мамлакат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани номгӯй ихтисосҳо;

- ҷорӣ намудани дастовардҳои илм, шаклу услубҳои нав, технологияи иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия;

- ташаккули системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр;

- дастгирию ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва илмии омӯзгорон, донишҷӯён, ҳунармандон;

- боз ҳам боло бардоштани эътибор ва нуфузи ихтисосҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар ҷомеа;

- беҳтар намудани шароити моддию техникии муассисоти таълимӣ.

III. Самтҳои амалигардонии Барнома

Ҷараёни амалӣ гардонидани Барнома, ки мақсад аз он таъмин намудани муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр бо мутахассисони баландихтисос аст, вобаста ба сиёсати фарҳангии давлат самтҳои зеринро фаро мегирад:

- ташаккули мазмун ва сифати таълим, ба меъёрҳои ҷахонӣ мутобиқ гардонидани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи касбии мутахассисон. Таъмин сохтани ҷараёни истифодаи асосҳои илмию методии таҳсил, васеъ намудани доираи фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён;

- алоқамандӣ ва пайдарҳамии мазмуни таълим дар зинаҳои мухталифи системаи тарбияи мутахассисон. Омодасозии муҳити мусоид барои самаранокии таълиму тарбия, фаъолияти илмию эҷодӣ ва педагогии омӯзгорон;

- мукаммалгардонии заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳа;

- дастгирии моддию маънавии мутахассисон, ташаккули эътибору нуфузи онҳо, дар замири насли наврас бедор ва тарбия намудани рағбат ба ихтисосҳои соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр.

IV. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ

Ҷорӣ шудани таҷрибаи таълими сезинагӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар алоқаи зич ва пайдарҳамии раванди таҳсилро талаб мекунад, ки он тавассути таҳиясозии оқилонаи нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таъмин карда мешавад. Ин масъулиятро Шӯроҳои илмӣ, илмию методӣ, бадеӣ, кафедраҳои тахассусӣ ба ӯҳда доранд. Фаъолияти онҳоро Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг мегардонад.

Тарбияи мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр барои бахшҳои мухталифи хоҷагии халк, гурӯҳҳои ҳунарии ғайридавлатӣ ва монанди ин, мувофиқи дархост ва шартнома бо вазоратхои дахлдор, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ва дигар корхонаю муассисаҳо сурат мегирад.

V. Таъминоти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ

Шароити моддию техникии системаи таълим - омили муҳимтарини самаранокии он ба шумор меравад. Дар Барнома муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо, лабораторияҳо, театрҳои таълимӣ, китобхонаҳои таълимӣ ва илмӣ, кабинетҳои тахассусӣ, кафедраҳо бо технологияи нави иттилоотӣ, мебел, воситаҳои дигари техникию аёнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таъмири хобгоҳҳои донишҷӯён, бинои донишкадаҳо, ба анҷом расонидани сохтмони бинои таълимии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мадди назар аст.

VI. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

Манбаи асосии маблағгузории татбиқи тадбирҳои тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашрро то соли 2010 маблағҳое ташкил медиҳанд, ки аз буҷети давлатӣ барои Вазорати фарҳанг, муассисаҳои тобеи вазорат ҳамасола ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ, ки ба системаи Вазорати фарҳанг бо ҳамин мақсадҳо пешбинӣ мешаванд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар сарпарастон барои татбиқи барномаи мазкур ҷалб карда мешаванд.

VII. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

- сиёсати фарҳангии давлат тадриҷан ба ҳаёт татбиқ мегардад;

- нақши муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар ҳаёти маънавии ҷомеа меафзояд;

- эътибор ва нуфузи мутахассисони соҳа баланд мегардад;

- муассисаҳои фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр бо мутахассисони олидараҷа таъмин карда мешаванд;

- системаи тарбия ва таълими мутахассисони соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр комилан ташаккул меёбад.

VIII. Чорабиниҳо доир ба татбиқи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010

+---+---------------------------+--------------+---------------------ҷ
| № |     Номгӯи чорабинӣ       |    Мӯҳлати   |     Масъулон        |
|   |                           |     иҷро     |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 1 |            2              |       3      |           4         |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 1 |Таҳияи нақшаи татбиқи "Бар-|     2006     |Вазорати фарҳанг,    |
|   |номаи давлатии тайёр карда-|              |муассисаҳои илмӣ ва  |
|   |ни кадрҳои соҳибихтисоси   |              |таълимии тобеъ       |
|   |соҳаи фарҳанг, ҳунар ва    |              |                     |
|   |табъу нашр дар солҳои      |              |                     |
|   |2007-2010"                 |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 2 |Таҳиси консепсия ва нақшаи |     2007     |Вазорати фарҳанг,    |
|   |дурнамои тарбияи мутахасси-|              |муассисаҳои илмӣ ва  |
|   |сон барои муассисаҳои соҳаи|              |таълимии тобеъ       |
|   |фарҳанг, ҳунар ва табъу    |              |                     |
|   |нашр                       |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 3 |Ташкили "Бонки иттилоотии  |     2007     |Вазорати фарҳанг, Ки-|
|   |электронӣ доир  ба фарҳанг,|мукаммалгардо-|тобхонаи миллии Ҷум- |
|   Жҳунар ва табъу нашр"       | нии доимӣ    Жҳурии Тоҷикистон,    |
|   |                           |              |Пажӯҳишгоҳи фарҳанг  |
|   |                           |              |ва иттилоот          |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 4 |Мукаммалгардонии нақша ва  |   2007-2010  |Вазорати фарҳанг,    |
|   |барномаҳои таълимӣ   бо    |              |муассисаҳои илмӣ ва  |
|   |назардошти стандартҳои     |              |таълимии тобеи Вазо- |
|   |давлатӣ ва меъёрҳои байнал-|              |рат                  |
|   |милалӣ                     |              |                     |
+---+----------------------------------------------------------------+
| 5 |Омодасозӣ ва чопи китобҳои |   2007-2010  |Вазорати фарҳанг,    |
|   |дарсӣ, маводи дигари таъли-|              |Вазорати иқтисод ва  |
|   |мию методӣ                 |              |савдо, Муассисаҳои   |
|   |                           |              |илмӣ ва таълимии то- |
|   |                           |              |беи Вазорати фарҳанг |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 6 |Дар муассисаи нашриявии    |     2008     |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |"Маориф ва фарҳанг" ташкил |              |зорати иқтисод ва    |
|   |намудани "Шӯъбаи санъат" ва|              |савдо, Муассисаи наш-|
|   |бахши компютерӣ барои чопи |              |риявии "Маориф ва    |
|   |асарҳои мусиқӣ             |              |фарҳанг", Консервато-|
|   |                           |              |рияи миллии Тоҷикис- |
|   |                           |              |тон                  |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 7 |Ташкили тренинг ва семинар-|  2007-2010   |Вазорати фарҳанг,    |
|   Жҳо барои омӯзгорон ва му-  |              |муассисаҳои илмӣ ва  |
|   |тахассисони муассисаҳои фа-|              |таълимии тобеи Вазо- |
|   |роғатӣ                     |              |рати фарҳанг         |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 8 |Таҳия ва тасдиқи нақшаи чо-|    2007      |Вазорати фарҳанг,    |
|   |рабиниҳои илмӣ амалӣ ва ме-|              |Вазорати иқтисод ва  |
|   |тодӣ (конференсияҳо, семи- |              |савдо, Пажӯҳишгоҳи   |
|   |нарҳо, тренингҳо доир ба   |              |фарҳанг ва иттилоот, |
|   |технологияи нави таълим,   |              |Муассисаҳои таълимии |
|   Жҳамоҳангсозии таълим дар   |              |тобеи Вазорат        |
|   |зинаҳои мухталифи таҳсилот,|              |                     |
|   |менеҷменти фаъолияти педа- |              |                     |
|   |гогӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, |              |                     |
|   |ва ғайра)                  |              |                     |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 9 |Ташкили факултаи такмили   |    2007      |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |ихтисоси кормандони соҳаи  |              |зорати иқтисод ва    |
|   |фарҳанг, ҳунар ва табъу    |              |савдо                |
|   |нашр дар назди Донишкадаи  |              |                     |
|   |санъати Тоҷикистон         |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|10 |Таҳия ва тасдиқи нақшаи    |    2007      |Вазорати фарҳанг,    |
|   |дурнамои такмили ихтисоси  |              |муассисаҳои илмӣ  ва |
|   |кормандони фарҳанг, ҳунар  |              |таълимии тобеъ       |
|   |ва табъу нашр              |              |                     |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|11 |Таҳия ва тасдиқи барнома ва|  2007-2010   |Вазорати фарҳанг,    |
|   |нақшаҳои мавзӯии курсҳои   |              |Донишкадаи такмили   |
|   |такмили ихтисос ва бозомӯ- |              |ихтисоси кормандони  |
|   |зии мутахассисон           |              |фарҳанг ва санъат    |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|12 |Ҷорӣ намудани технологияи  |  2007-2010   |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |компютерӣ дар фаъолияти    |              |зорати иқтисод ва    |
|   |эҷодии омӯзгорон ва дониш- |              |савдо, муассисаҳои   |
|   |ҷӯён                       |              |илмӣ ва таълимии     |
|   |                           |              |тобеи   Вазорати     |
|   |                           |              |фарҳанг              |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|13 |Таъмини толорҳо, кафедраҳои|  2007-2010   |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |тахассусӣ, лабораторияҳо ва|              |зорати иқтисод ва    |
|   |кабинетҳои таълимӣ бо воси-|              |савдо, муассисаҳои   |
|   |таҳои ҳозиразамони техникӣ |              |илмӣ ва таълимии то- |
|   |ва технологияи компютерӣ   |              |беи Вазорати фарҳанг |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|14 |Пайваст намудани муассиса- | 2007-2009    |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   Жҳои таълимӣ ва илмии соҳа  |              |зорати иқтисод ва    |
|   |ба шабакаи ҷаҳонии иттилоот|              | савдо, Вазорати     |
|   |(Интернет)                 |              |алоқа, муассисаҳои   |
|   |                           |              |илмӣ ва таълимии то- |
|   |                           |              |беи Вазорати фарҳанг |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|15 |Таъмин намудани синфхонаҳо,| 2007-2010    |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |театрҳои таълимӣ,  китобхо-|              |зорати иқтисод ва    |
|   |наҳо, лабораторияҳо бо мизу|              |савдо, муассисаҳои   |
|   |курсӣ,  воситаҳои техникӣ, |              |илмӣ ва таълимии то- |
|   |декоратсияҳо ва дигар ашёи |              |беи Вазорати фарҳанг |
|   |зарурӣ                     |              |                     |
|   |                           |              |                     |
+---+----------------------------------------------------------------+
|16 |Ташкили Академияи ҳунарҳои | 2009-2010    |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |зебо бо мақсади тарбияи    |              |зорати иқтисод ва    |
|   |рассомон, муҷасамасозон ва |              |савдо, Ҳукумати шаҳри|
|   |дигар мутахассисони соҳаи  |              |Душанбе              |
|   Жҳунари касбӣ               |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|17 |Ташкили лабораторияи истеҳ-| 2009-2010    |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |соли созҳои мусиқӣ         |              |зорати иқтисод ва    |
|   |                           |              |савдо                |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|18 |Ташкили озмунҳо, фестивал- |  Ҳамасола    |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   Жҳо, конфронсҳои илмӣ,  ҳи- |              |зорати иқтисод ва    |
|   |соботи эҷодӣ,  бо мақсади  |              |савдо, муассисаҳои   |
|   Жҳавасмандгардонии фаъолияти|              |илмӣ ва таълимии то- |
|   |илмию эҷодии омӯзгорон ва  |              |беи Вазорати фарҳанг |
|   |донишҷӯён                  |              |                     |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|19 |Таҳияи консепсияи омодана- |   2008       |Вазорати фарҳанг,    |
|   |моии мутахассисони соҳаи   |              |Вазорати иқтисод ва  |
|   |табъу нашр                 |              |савдо                |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|20 |Ба охир расонидани сохтмони|   2008-2010  |Вазорати фарҳанг, Ва-|
|   |бино таълимии Донишкадаи   |              |зорати иқтисод ва    |
|   |давлатии санъати Тоҷикистон|              |савдо, Донишкадаи    |
|   |ба номи Мирзо Турсунзода   |              |давлатии санъати     |
|   |                           |              |Тоҷикистон ба номи   |
|   |                           |              |М. Турсунзода        |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|21 |Ташкили чорабиниҳо барои   |   2007-2010  |Вазорати фарҳанг, ма-|
|   |фароғат ва тандурустии     |              |қомоти маҳаллии ҳоки-|
|   |омӯзгорон ва донишҷӯёни    |              |мияти давлатӣ, муас- |
|   |муассисаҳои таълимии тобеи |              |сисаҳои илмӣ ва таъ- |
|   |Вазорати фарҳанг           |              |лимии тобеи Вазорати |
|   |                           |              |фарҳанг              |
|   |                           |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "3" июня 2006 года № 239

ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПРОГРАММА  ПОДГОТОВКИ ВЫСОКОКВАЛИФИЦИРОВАННЫХ КАДРОВ В ОБЛАСТИ КУЛЬТУРЫ, ИССКУСТВА И ПОЛИГРАФИИ НА 2007 - 2010 ГОДЫ

ВВЕДЕНИЕ

Государственная программа подготовки квалифицированных кадров в области культуры, искусства и полиграфии на 2007-2010 (далееПрограмма) годы разработана на основе постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 февраля 2005 г. № 50 "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2004 году и задачах на 2005 год". Ее основной целью является содействие усовершенствованию форм воспитания творческого работника, удовлетворение потребностей творческих учебных заведений высококвалифицированными специалистами культуры, искусства и полиграфии, укрепление материально-технической и научно-методической базы средних и высших учебных заведений культуры, также материальное и моральное стимулирование преподавателей.

Государственная программа подготовки специалистов в области культуры, искусства и полиграфии составлена в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О культуре", "Об образовании", "О театральной деятельности", а также "Концепцией развития культуры Республики Таджикистан", "Национальной концепцией образования Республики Таджикистан", "Концепцией развития библиотечного образования" и других документов о культуре и искусстве.

Нынешнее состояние учреждений культуры, искусства и полиграфии требует, чтобы проблемы воспитания кадров данной сферы находили своё решение на государственном уровне.

После распада Советского государства возникли процессы, нанесшие значительный ущерб именно в сфере культуры: часть творческого потенциала эмигрировала за пределы республики, что привело к ослаблению деятельности учреждений культуры и их материальнотехнической базы. Дальнейшее развитие культуры и искусства столкнулось с трудностями. Такое положение становилось очевидным с первых шагов независимого государства Таджикистан и требовало своего решения.

За короткий срок вопросы культуры и искусства были подняты на высокий государственный уровень и в данное время занимают важную позицию в структуре государственного управления. Преобразования, осуществленные за последние годы в данном направлении, такие как придание национального статуса Республиканской библиотеке имени Абулкосым Фирдоуси, Республиканскому музею имени Камола Бехзода, ансамблям "Шашмаком" и "Фалак"; учреждение Таджикской национальной Консерватории, Республиканского хореографического Колледжа является достойным ответом на требования времени.

Анализ проблемы показывает, что ныне профессиональные знания самих деятелей искусства и культуры не вполне соответствуют возросшим современным треоованиям.Это значит, что сегодня для сферы культуры в первую очередь актуально воспитание кадров.

В течение 70 лет прошлого столетия не придавалось надлежащего значения воспитанию национальных кадров в сфере культуры и искусства, как истинной ценности государственного достояния.

Нынешнее состояние профессиональных театров, сферы оперного и балетного искусства, симфонического, эстрадного и национального оркестров, преподавательского состава специальных музыкальных школ начального, среднего и высшего звена, свидетельствует о том, что сегодня профессионально-музыкальное искусство не обеспечено специалистами.

Известно, что для воспитания одного профессионального специалиста в области искусства требуются годы. В национальных традициях таджикского народа в течении многих столетий практиковалась специальная система обучения под названием "Устод-шогирд" ("маэстро-подмастерье"). В нынешних условиях образовательные институты, предусматривающие подготовку специалистов по трехступенчатой модели: начальное, среднее, высшее, в определенной мере воссоздали эту традицию. Ныне необходимо, чтобы специальная музыкальная школа-интернат имени М.Сабировой осуществляя основные свои задачи, увеличивала прием учащихся не только за счет жителей столицы, но также из числа одаренных детей из отдаленных районов Таджикистана. Основание колледжа искусств в городе Хороге также является настоятельным требованием времени.

Создание трехуровневой формы обучения также своевременно для воспитания кадров художественных профессий. Целенаправленное открытие Академии изящных искусств в столице республики, организация ремесленных лицеев в городах Истаравшан и Куляб станут хорошей базой для будущего развития такой формы обучения,

В области театра, кино, цирка и полиграфии наряду с сохранением национальных традиций, актуальным является освоение и внедрение в Таджикистане современных мировых стандартов в частности связанные с освоением новых технологий и специальностей отрасли.

В соответствии с требованием времени и культурной политикой, проводимой независимым государством Таджикистан, сегодня стало необходимым ввести значительные преобразования в системе культуры и национального таджикского искусства. Сущность этих преобразований можно выразить двумя конкретными тезисами:

- подготовка, кадров;

- систематическое повышение уровня профессионализма;

Для достижения эффективных результатов возможны пути решения вопроса подготовки специалистов по культуре и искусству как внутри страны, так и за ее пределами. Если сегодня внутри страны возможна подготовка специалистов посредством

- трехступенчатого образования;

- переподготовки преподавателей;

- приглашением иностранных специалистов,

то за рубежом Таджикистан нуждается в следующих формах подготовки специалистов по культуре и искусству:

- обучение в высших учебных заведениях;

- обучение в аспирантуре и докторантуре;

- переподготовка и другие формы повышения квалификации в учебных заведениях и известных творческих коллективах.

Настоящая Программа, разработанная на 2007-2010 годы предусматривает обучение в 7 странах зарубежья 167 студентов по 57 специальностям в области культуры, искусства и полиграфии.

I.Основная цель Программы

В целях совершенствования подготовки кадров в области культуры, искусства и полиграфии и соответствия их требованиям науки и практики, международным стандартам, необходимо осуществить конкретные мероприятия:

- с учетом духовных потребностей общества, практики учреждений культуры, искусства и полиграфии, достижений науки, новейшей технологии обучения, усовершенствуется содержание и качество обучения и воспитания. Учебные планы и программы, педагогические формы и методы будут способствовать формированию у специалистов творческого мышления, овладению профессиональных знаний и навыков;

- при подготовке специалистов конкретных отраслей, особенно по новым специальностям будут учитываться, педагогические возможности заведений. С учетом потребностей в кадрах будут созданы новые факультеты и институты. Они будут оснащены учебными планами, программами, учебниками, музыкальными инструментами и другой атрибутикой;

- для внедрения компьютерной технологии, технических средств, новых методов, признанных результатов научных исследований в учебный процесс, будут созданы приемлемые условия;

- будут использованы эффективные способы и методы сотрудничества учебных заведений с аналогичными учреждениями зарубежных стран. Посредством квоты либо договора с другими странами будет уделено больше внимания подбору и воспитанию кадров. Они будут соответствовать потребностям культуры, искусства и полиграфии;

- больше обращая внимания на подготовку творческих работников, преподавателей посредством стажировки, аспирантуры, докторантуры, других форм повышения квалификации и переподготовки, как методов совершенствования профессиональных знаний и навыков, для их развития будут созданы соответствующие условия;

- для подготовки и издания учебников, учебных пособий, профессиональных журналов, как учебно-воспитательной базы, будут привлечены лучшие специалисты.

II. Задачи Программы

Для достижения данной цели будут решаться следующие задачи:

- формирование единой системы учебных заведений отрасли культуры, искусства и полиграфии, обеспечение их взаимосвязи, содержания преподавания на различных уровнях профессионального обучения;

- приведение в соответствие с потребностями страны перечня специальностей;

- внедрение в учебно-воспитательный процесс достижений науки, новых форм и методов информационной технологии;

- организация системы повышения квалификации и переподготовки работников отрасли культуры, искусства и полиграфии;

- поддержка и стимулирование творческой и научной деятельности преподавателей, студентов, деятелей искусств;

- повышение престижа специальностей культуры, искусства и полиграфии в обществе;

- улучшение материально-технических условий учебных заведений.

III. Практические стороны реализации Программы

Реализация Программы, целью которой является обеспечение учреждений культуры, искусства и полиграфии высококвалифицированными кадрами, в зависимости от культурной политики государства охватывает следующие направления:

- формирование содержания и качества обучения, приведение профессиональных знаний, мастерства и навыков специалистов в соответствие с мировыми стандартами. Оснащение научно-методической базы образования, творческой деятельности преподавателей и студентов;

- взаимосвязь и единая система содержания обучения на различных уровнях системы воспитания кадров. Создание соответствующего климата для эффективности образовательного процесса, научной, творческой и педагогической деятельности преподавателей;

- усовершенствование материально-технической базы учебных заведений и научных учреждений отрасли;

- материальная и моральная поддержка молодых специалистов, формирование их престижа, воспитание у молодежи стремления к овладению профессиями в области культуры, искусства и полиграфии;

IV. Сотрудничество с учебными заведениями, министерствами и местными органами государственной власти

Введение 3-х ступенчатого обучения в отрасли культуры и искусства требует связи и непрерывности образовательного процесса, который обеспечивается посредством разумной разработки учебных планов, программ, учебников. Такая ответственность возлагается на научные, научно-методические, художественные Советы, специализированные кафедры, деятельность которых координируется Министерством культуры.

Воспитание кадров в области культуры, искусства и полиграфии для различных отраслей народного хозяйства, частных, негосударственных художественных групп осуществляется согласно заявке и договору с министерствами, руководителями местных органов государственной власти, предприятиями и учреждениями.

V. Оснащение материально-технической базы учебных заведений

Материально-технические условия обучения являются важным фактором их эффективности. В Программе запланировано оснащение классов, лабораторий, учебных театров, учебных и научных библиотек, специализированных кабинетов и кафедр новой информационной технологией, мебелью, другими наглядными техническими средствами. Планируется ремонт студенческих общежитий, учебных заведений, завершение строительства учебного корпуса Таджикского Государственного института искусств имени М. Турсун-заде.

VI. Источники финансирования Программы

Источником финансирования реализации мероприятий по подготовке кадров в области культуры, искусства и полиграфии до 2010 года являются главным образом средства, выделяемые ежегодно из государственного бюджета для Министерства культуры и его подведомственных учреждений. Также для реализации данной Программы будут привлечены средства за счет инвестиций, предусмотренных в этих целях для системы Министерства культуры, других вне бюджетных источников, в том числе средств частных организаций, учреждений и других спонсоров.

VII. Ожидаемые результаты реализации Программы

- реализуется государственная культурная политика;

- увеличится влияние и роль учреждений культуры, искусства и полиграфии в духовной жизни общества;

- повысится уровень престижа специалистов области;

- улучшится обеспечение высококвалифицированными специалистами учреждений культуры, искусства и полиграфии;

- усовершенствуется система воспитания и обучения специалистов в области культуры, искусства и полиграфии;

VIII. Мероприятия по реализации "Государственной Программы подготовки квалифицированных кадров в области культуры, искусства и полиграфией на 2007-2010 годы"

+---+---------------------------+--------------+---------------------ҷ
| № | Наименование мероприятия  |     Срок     |     Ответственные   |
|   |                           |  исполнения  |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 1 |            2              |       3      |           4         |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 1 |Подготовка плана реализации|     2006     |Министерство         |
|   |"Государственной программы |              |культуры,подведомст- |
|   |подготовки квалифицирован- |              |венные  научные      |
|   |ных кадров в области       |              |учреждения и учебные |
|   |культуры, искусства и      |              |заведения            |
|   |полиграфии на              |              |                     |
|   |2007-2010 годы"            |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 2 |Разработка концепции и     |     2007     |Министерство         |
|   |перспективного плана       |              |культуры,подведомст- |
|   |воспитания кадров для      |              |венные  научные      |
|   |учреждений культуры,       |              |учреждения и учебные |
|   |искусства и полиграфии     |              |заведения            |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 3 |Формирование "Электронного |     2007     |Министерство культуры|
|   |информационного Банка по   |  постоянное  |Национальная библио- |
|   |культуре, искусству и      |  накопление  |тека Республики      |
|   |полиграфии"                |              |Таджикистан, Научно- |
|   |                           |              |исследовательский    |
|   |                           |              |институт культуры  и |
|   |                           |              |информации           |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 4 |Совершенствование учебных  |   2007-2010  |Министерство культуры|
|   |планов программ с учетом   |              |подведомственные     |
|   |государственных стандартов |              |научные учреждения и |
|   |и международных норм       |              |учебные заведения    |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 5 |Подготовка и издание       |   2007-2010  |Министерство культуры|
|   |учебников, другого учебно- |              |и его подведомтсвен- |
|   |методического материала    |              |ные научные          |
|   |                           |              |учреждения и учебные |
|   |                           |              |заведения,           |
|   |                           |              |Министерство         |
|   |                           |              |экономики и торговли |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 6 |Создание "Отдела  искусств"|     2008     |Министерство         |
|   |и компьютерного цеха в     |              |культуры,            |
|   |издательстве "Маориф  ва   |              |Министерство         |
|   |фарханг" с целью   издания |              |экономики и торговли,|
|   |музыкальных произведений   |              |Издательство "Маориф |
|   |                           |              |ва фарханг",         |
|   |                           |              |Таджикская           |
|   |                           |              |национальная         |
|   |                           |              |Консерватория        |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 7 |Организация тренингов   и  |  2007-2010   | Министерство        |
|   |семинаров для преподавате- |              | культуры,           |
|   |лей и специалистов         |              | подведомственные    |
|   |досуговых учреждений       |              | научные учреждения  |
|   |                           |              | и учебные заведения |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 8 |Разработка и утверждение   |    2007      |Министерство         |
|   |Плана научных,практических |              |культуры,            |
|   |и методических  мероприятий|              |Министерство         |
|   |(конференций, семинаров,   |              |экономики и торговли,|
|   |тренингов по новым учебным |              |Научно-исследователь-|
|   |технологиям, координация   |              |ский институт        |
|   |обучения на различных      |              |культуры и           |
|   |ступенях образования,      |              |информации,          |
|   |менеджмента педагогической,|              |подведомственные     |
|   |культурной и информационной|              |Министерству учебные |
|   |деятельности  и т.д.)      |              |заведения            |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
| 9 |Организация и открытие     |    2007      |Министерство         |
|   |Института повышения        |              |культуры,            |
|   |квалификации   работников  |              |Министерство         |
|   |культуры, искусства и      |              |экономики и торговли |
|   |полиграфии                 |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|10 |Разработка и   утверждение |    2007      |Министерство         |
|   |перспективного плана       |              |культуры,            |
|   |повышения  квалификации    |              |подведомственные     |
|   |работников культуры,       |              |научные учреждения и |
|   |искусства и полиграфии     |              |учебные заведения    |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|11 |Подготовка и   утверждение |  2007-2010   |Министерство         |
|   |тематических планов и      |              |культуры,            |
|   |программ курсов повышения  |              |Министерство         |
|   |квалификации и             |              |экономики и торговли |
|   |переподготовки             |              |                     |
|   |специалистов               |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|12 |Внедрение компьютерной     |  2007-2010   |Министерство         |
|   |технологии в творческой    |              |культуры,            |
|   |деятельности преподавателей|              |Министерство         |
|   |и студентов                |              |экономики и торговли,|
|   |                           |              |подведомственные     |
|   |                           |              |научные учреждения и |
|   |                           |              |учебные заведения    |
|   |                           |              |Министерства культуры|
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|13 |Оснащение залов,           |  2007-2010   |Министерство         |
|   |специализированных кафедр, |              |культуры,            |
|   |лабораторий и учебных      |              |Министерство         |
|   |кабинетов современными     |              |экономики и торговли,|
|   |техническими средствами и  |              |подведомственные     |
|   |компьютерной технологией   |              |научные учреждения и |
|   |                           |              |учебные заведения    |
|   |                           |              |Министерства культуры|
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|14 |Присоединение  научных     | 2007-2009    |Министерство         |
|   |учреждений и учебных       |              |культуры,            |
|   |заведений к мировой        |              |Министерство         |
|   |информационной сети        |              |экономики и торговли,|
|   |(Интернет)                 |              |подведомственные     |
|   |                           |              |научные учреждения и |
|   |                           |              |учебные заведения    |
|   |                           |              |Министерства культуры|
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|15 |Оснащение классов, учебных | 2007-2010    |Министерство         |
|   |театров,библиотек,         |              |культуры,            |
|   |лабораторий учебным        |              |Министерство         |
|   |инвентарем, техническими   |              |экономики и торговли,|
|   |средствами, декорациями и  |              |подведомственные     |
|   |другим необходимым         |              |научные учреждения и |
|   |оборудованием              |              |учебные заведения    |
|   |                           |              |Министерства культуры|
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|16 |Создание Академии изящных  | 2009-2010    |Министерство         |
|   |искусств с целью воспитания|              |культуры,            |
|   |художников, скульпторов и  |              |Министерство         |
|   |других специалистов по     |              |экономики и торговли,|
|   |искусству                  |              |Хукумат г.Душанбе    |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|17 |Создание  Лаборатории по   | 2009-2010    |Министерство         |
|   |производству музыкальных   |              |культуры,            |
|   |инструментов               |              |Министерство         |
|   |                           |              |экономики и торговли |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|18 |Организация  конкурсов,    | Ежегодно     |Министерство         |
|   |фестивалей, научных        |              |культуры,            |
|   |конференций, творческих    |              |Министерство         |
|   |отчетов с целью            |              |экономики и торговли,|
|   |стимулирования научной и   |              |подведомственные     |
|   |творческой  деятельности   |              |научные учреждения и |
|   |преподавателей и студентов |              |учебные заведения    |
|   |                           |              |Министерства культуры|
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|19 |Разработка концепции       |   2008       |Министерство         |
|   |подготовки кадров в области|              |культуры,            |
|   |полиграфии                 |              |Министерство         |
|   |                           |              |экономики и торговли |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|20 |Завершение  строительства  |   2008-2010  |Министерство         |
|   |учебногокорпуса Таджикского|              |культуры,            |
|   |государственного института |              |Министерство         |
|   |искусств имени             |              |экономики и торговли,|
|   |М.Турсун-заде              |              |Таджикский           |
|   |                           |              |государственный      |
|   |                           |              |институт искусств    |
|   |                           |              |имени М.Турсун-заде  |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+
|21 |Организация мероприятий для|   2007-2010  |Министерство         |
|   |проведения досуга и        |              |культуры, местные    |
|   |оздоровления преподавателей|              |органы государствен- |
|   |и студентов,               |              |ной власти,научные и |
|   |подведомственных           |              |учебные заведения    |
|   |Министерству учебных       |              |Министерства культуры|
|   |заведений                  |              |                     |
+---+---------------------------+--------------+---------------------+