×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 240 "Дар бораи ҷавобгари барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор

(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур муҳофизат намудани киштзор, зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор, муайян намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 3. Ҷуброни зиён барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор 
(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193)

Зиёне, ки дар натиҷаи поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор, дигар дарахту буттазор ва ҳосили ғундоштаи дарсаҳромонда аз тарафи шахсони воқеӣ бевосита ё тавассути воситаҳои техникӣ ва чорво ба ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ба шахсони дигар расонида шудааст, аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 4. Боздошти чорвое, ки киштзорро поймол кардааст, ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор зарар расонидааст

Чорвое, ки киштзорро поймол кардааст, ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор зарар расонидааст ва ҳосили ғундоштаи дар саҳромондаи зироатҳоро нобуд намудааст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зарурат аз тарафи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ то муайян кардани моликони он дар асоси санади комиссияи салоҳиятдор боз дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 5. Тартиби пардохти ҷуброни зиён барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор
(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193)

Маблағи ҷуброни зиён барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ба суратҳисоби корхонаҳо, ташкилотҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ аз ҷониби шахсони гунаҳкор тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Маблағи ҷарима мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети маҳаллӣ гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 6. Андозаи ҷуброни зиён, ки барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор расонида шудааст
(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193)

Барои поймол намудани киштзор, расонидани зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ва ҳамчунин киштзори зироатҳои озуқаворӣ ва тухмие, ки корхонаю муассисаҳо навъи онҳоро месанҷанд, ҷуброни зиён бояд ба андозаи панҷкаратаи ҳосили ин зироатҳо бо назардошти нархҳои бозорӣ муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 7. Ҷуброни зиёни расонидашуда ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд зиёнеро, ки бо поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор, расонда шудааст тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд (Қонуни ҶТ аз 01.10.2025 № 2193).

Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барои вайрон намудани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 9. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 242) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 10. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

5 марти соли 2007 № 240

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

20 декабри соли 2006 № 431

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

22 феврали соли 2007 № 282