Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 231 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 4, мод. 43; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10, мод. 119) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар дебоча ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

2. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "коргарон", "Меҳнаткашоне", "меҳнаткашон" мутаносибан ба калимаҳои "кормандон", "Кормандоне" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми сеюми моддаи 1 калимаҳои "Шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ" ба калимаҳои "Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд" иваз карда шаванд.

4. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- муҳофизати меҳнат - системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунӣ ва барқароркунии дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда, ки бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунанд;

- шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсолӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ;

- корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад;

- корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва филиалҳои он ва шахси воқеӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;

- ҷойҳои корӣ - ҳамаи ҷойҳое, ки дар он кормандон бояд ба иҷрои кор машғул шуда, бевосита ё бавосита дар зери назорати корфармо бошанд;

- кафолати ҳуқуқи кормандон оид ба муҳофизати меҳнат - шароит ва воситаҳои имконияти истифодаи пурра аз ҳуқуқҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муҳофизати меҳнат муқаррар кардаанд;

- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандонвоситаҳо, барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон;

- омили хатарноки истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки ба корманд ҷароҳат расонида метавонад;

- омили зараровари истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки таъсири он кормандонро метавонад ба беморӣ оварда расонад;

- бемориҳои касбӣ - бемориҳое, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои зараровар ва хатарноки истеҳсолӣ кормандон гирифтори он мешаванд;

- ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот - ҷароҳат, бемории шадиди касбӣ, заҳролудшавӣ, гармозанӣ, сӯхтан, сармозанӣ, ғарқшавӣ, задани қувваи барқ ё раъду барқ, осеб дидан дар натиҷаи садама, сӯхтор, офатҳои табиӣ (заминларза, ярч, обхезӣ, тӯфон ва ғ.), муомила бо ҳайвонот, ҳашарот, растаниҳои заҳрнок ва дигар намояндагони ҳайвоноту наботот.

5. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати меҳнат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

6. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 5. Идоракунии давлатии муҳофизати меҳнат

Идоракунии давлатии муҳофизати меҳнат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизати меҳнат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешавад.".

7. Ҷумлаи дуюми қисми чоруми моддаи 10 хориҷ карда шавад.

8. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 14 калимаҳои "муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус", "Муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси" мутаносибан ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ" ва "Муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии" иваз карда шаванд.

9. Дар ном ва матни фаслҳои IV ва V калимаҳои "Қонун", "қонунҳо", "қонунҳои", "қонуни", "қонун ва дигар санадҳои меъёрии", "санадҳои қонунии", "санадҳои қонунӣ ва дигар санадҳои меъёрии", "санадҳои қонунӣ", "санадҳои меъёрии" мутаносибан ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.

10. Моддаи 35 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

5 марти соли 2007 № 231

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистсн "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид 6а ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷиқистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

7 феврали соли 2007 № 480

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

22 феврали соли 2007 № 273

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 24 декабря 1991 года "Об охране труда в Республике Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1992 г., № 4, ст. 43; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., № 9, ст. 117; 1998 г., № 10, ст. 119) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Закона слова "Рабочие", "Трудящиеся", "трудящихся" соответственно заменить словами "Работники", "работников".

2. В части третьей статьи 1 слова "Граждане других государств" заменить словами "Иностранные граждане и лица без гражданства".

3. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- охрана труда - система правовых, социально-экономических, организационно-технических, санитарно-гигиенических, лечебно-профилактических, реабилитационных мероприятий, предусмотренная на основе настоящего Закона, других нормативных правовых актов и обеспечивающая безопасность, охрану здоровья и работоспособность человека в процессе труда;

- условия труда - совокупность социальных и производственных факторов в процессе трудовой деятельности;

- наёмный работник (работник) - лицо, состоящее в трудовых отношениях с работодателем на основании заключенного трудового договора (контракта);

- работодатель - соответствующий орган государственной власти, юридическое лицо, а также его представительства и филиалы, физическое лицо, которому в соответствии с законодательством Республики Таджикистан предоставлено право заключения и прекращения трудового договора (контракта);

- рабочие места - все места, где работники должны заниматься выполнением работы и прямо или косвенно находиться под контролем работодателя;

- гарантии прав работников на охрану труда - условия и средства, обеспечивающие пользование в полной мере правами, установленными Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Законом и иными нормативными правовыми актами по охране труда;

- средства индивидуальной и коллективной защиты работников средства, используемые для предотвращения или уменьшения воздействия на работников опасных или вредных производственных факторов;

- опасный производственный фактор - производственный фактор, воздействие которого на работника может привести к травме;

- вредный производственный фактор - производственный фактор, воздействие которого работника может привести к заболеванию;

- профессиональное заболевание - заболевание, вызванное воздействием на работника вредных и опасных производственных факторов;

несчастный случай на производстве - травма, острое профессиональное заболевание, отравление, тепловой удар, ожог, обморожение, утопление, поражение электрическим током или молнией, повреждение вследствие аварии, пожара, стихийного бедствия (землетрясения, оползня, наводнения, урагана и т.д.) контакта с животными, насекомыми, ядовитыми растениями и другими представителями фауны и флоры.".

4. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан об охране труда в Республике Таджикистан

Законодательство Республики Таджикистан об охране труда основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, Трудового кодекса Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международно-правовых актов, признанных Таджикистаном.".

5. Статью 5 изложить в следующей редакции:

"Статья 5. Государственное управление охраной труда

Государственное управление охраной труда осуществляется Правительством Республики Таджикистан, уполномоченным государственным органом по охране труда, органами государственной власти на местах.".

6. Второе предложение части четвертой статьи 10 исключить.

7. В частях первой и второй статьи 14 слова "высших и средних специальных учебных заведениях", "Высшие и средние специальные учебные заведения" соответственно заменить словами "учреждениях начального профессионального, среднего профессионального и высшего профессионального образования", "Учреждения начального профессионального, среднего профессионального и высшего профессионального образования".

8. В разделах IV и V слова "законодательства","законодательства и иных нормативных актов" соответственно заменить словами "нормативных правовых актов".

9. Статью 35 исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Э.Рахмонов

г.Душанбе,

 5 марта 2007 года № 231

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     С.ХАЙРУЛЛОЕВ

г. Душанбе, 7 февраля 2007 года № 480

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране труда в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 22 февраля 2007 года № 273