Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 784 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2011 № 599 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Барномаи тасдиқшуда, ҷудо кардани маблағҳои молиявиро пешбинӣ кунанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 сар карда, маблағгузории корҳои омӯзиши геологии қаъри заминро аз рӯи нақшаи кварталии маблағгузории пешакӣ дар ҳудуди лимити муқаррарнамуда амалӣ созад.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои иивеститсиониро барои ҷалб намудани маблағҳои сармоягузорони дохилию хориҷӣ бо мақсади рушди соҳаи геология таҳия намоянд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар Оинномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои худ масъалаҳои нобаста ба омӯзиши геологию конҳои канданиҳои фоиданокро ба Барномаи мазкур мувофиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2006 № 784

ш. Душанбе