Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 № 599 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ барои иҷрои Барномаи мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

3) Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳои марбут ба омӯзиши геологии қаъри заминро ба тарзи пешпардохт дар ҳаҷми 40% аз меъёри семоҳаи пешбинишуда таъмин намояд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар барномаҳои дахлдори рушди иҷтимоию иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданокро бо Барномаи мазкур мутобиқ намоянд.

6) Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2006, № 784 тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2011 № 599

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной программы развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2012-2020 годы

В соответствии со статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу развития геологической отрасли Таджикистана на 2012-2020 годы (прилагается).

2) Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Главным управлением геологии при Правительстве Республики Таджикистан при разработке среднесрочной программы государственных расходов предусмотреть необходимые средства для выполнения данной Программы.

3) Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, министерствами финансов и экономического развития и торговли принять конкретные меры по привлечению отечественных и иностранных инвестиций для выполнения данной Программы.

4) Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование работ, связанных с геологическим изучением недр, путем предоплаты в размере 40% от предусмотренного квартального лимита.

5) Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахщанской автономной области, областей, городов и районов в соответствующих программах по социально-экономическому развитию привести вопросы, связанные с геологическим изучением месторождений полезных ископаемых, в соответствие с настоящей Программой.

6) Признать утратившим силу Программу развития геологической отрасли Таджикистана на 2007-2015 годы, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2006 года, №784.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2011 года № 599

г. Душанбе