Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998, № 553 "Дар бораи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овозӣ"

Санаи амалкуни: 01.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

сархати сеюми банди 2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007 № 131 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)

Бо мақсади инъикоси саривақтии сиёсати дохилию хориҷии давлат, ташреҳу тартиби фармонҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдодҳои дорои аҳамияти девлатӣ, таьмини робитаи мустаҳками мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ бо аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба инобат гирифта шавад, ки Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ихтиёри Ҳухумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рӯзномаҳои ҷумҳурявии Халқ овози" ва "Народная газета" розигӣ дод.

2. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддиву техникии рӯзномаҳои ҷумхуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози" ки муассиси онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар заминаи Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутамарказонида шавад.

Миқдори штатии идораи рӯзномаҳои: "Ҷумҳурият"- 44 воҳид, "Народная газета" ва "Халқ овози" - 15 воҳиди муқаррар карда шавад.

беэътибор дониста шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007 № 131).

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррирони рӯзномаҳои мазкур ва муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

4. Аз моҳи январи соли 1999 рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҳафтае 3 маротиба ё ин ки 156 шумора дар як сол, "Народная газета" ва "Халқ овози" ҳафтае 1 маротиба ё ин ки 52 шумора дар як сол чоп карда шаванд, Адади нашр вобаста ба талаботи хонандагон танзим карда мешавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"-ро дар ҳудуди маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети ҷумҳурӣ барои нашри онҳо пешбинӣ мешаванд, мутаносибан ба иҷрои қисми даромади буҷет таъмин намуда, маблағҳои номбурдаро ба Комплекси табъу нашри "Шарқи Озод "-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

6. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳнкунӣ, обуна ва фурӯши чаканаи рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"-ро ба роҳ монад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384).

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 1997 № 71 "Дар бораи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овозӣ" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 1998 № 553

ш.Душанбе