Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 1997, № 71 "Дар бораи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.1998 с. № 553 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози"

Бо мақсади нашри саривақтии рӯзномаи Ҳукумати "Ҷумҳурият", рӯзномаҳои "Народная газета" ва "Халқ овози" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нашр шудани рӯзномахо аз соли 1997 ба таври зайл муқаррар карда шавад:

"Ҷумҳурият" - ҳафтае 2 маротиба ё ин ки 104 шумора дар 1 сол.

"Народная газета" ва "Халқ овози" - ҳафтае 1 маротиба ё ин ки 52 шумора дар 1 сол. Адади нашри рӯзномаҳо вобаста ба талаботи хонандагон муайян карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт нашр шудани рӯзномаҳои мазкур маблағгузориро мувофиқи нишондоди буҷети давлатӣ пешбинӣ намояд.

3. Таъминоти моддиву техникии рӯзномаҳои зикршуда ба ӯҳдаи нашриёти "Шарқи Озод" гузошта шавад.

4. Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ барои муътадил сохтани кори паҳн кардани рӯзномаҳо, ташкили обуна ва фурӯши рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овози" чораҳои мушаххас андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 7 феврали соли 1997 № 71

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.1998г. №553

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О РЕСПУБЛИКАНСКИХ ГАЗЕТАХ "ДЖУМХУРИЯТ", "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" И "ХАЛК ОВОЗИ"

С целью улучшения издания правительственной газеты "Джумхурият", газета "Народная газета" и "Халк овози" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить следующую периодичность выпуска газет с 1997 г. "Джумхурият" 2 раза в неделю или 104 номера в год. "Народная газета" и "Халк овози" 1 раз в неделю или 52 номера в год. Тираж регулируется в зависимости от читательского спроса.

2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить своевременное финансирование выпуска названных газет в соответствии с государственным бюджетом.

3. Возложить материально-техническое обеспечение вышеуказанных газет на издательство "Шарки Озод".

4. Министерству связи республики нормализовать распространение, подписку и реализацию в розницу газет "Джумхурият", "Народная газета" и "Халк овози".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан          Э. Рахмонов

от 7 февраля 1997 года, № 71

 г. Душанбе