Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998, № 550 "Дар хусуси тадбирҳои татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999"

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 № 674 "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва бо мақсади сафарбаркунии захираҳо ба даромади Буҷети давлатӣ, таъмини самаранокии истифодаи онҳо ва кам кардани касри буҷет Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратхо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 № 674 дар хусуси ҷорӣ намудани Қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- аз 1 январи соли 1999 шумораи мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва воҳидҳои сохтории онҳоро 10 фоиз ихтисор намуда, ба хароҷоти "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ба ин мақсад пешбинӣ шуда мутобиқ намоянд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои лозимиро ба ҷадвалҳои штатӣ ва сметаҳои хароҷот дохил намояд.

Шумораи кормандони мақомоти идораи давлатӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисор карда шавад.

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 январи соли 1999 сметаи (бароварди) хароҷот ва сметаи (бароварди) маблағҳои махсусро барои соли 1999 дар муассисаҳои ба воситаи Идораи марказии хазинадорӣ ва воҳидҳои маҳаллии он бопултаъминкардашаванда пешниҳод намоянд;

- ба Агентии хариди молҳо ва хизматрасониҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 1999 ҳаҷмҳои маблағгузориҳои буҷетиро дар асоси сметаи (баровард) хариди таҷҳизот, асбобу анҷом, маводи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, захираҳои дигари моддию техникӣ ва барои таъмири асосӣ пешбинӣ шуда, пешниҳод намоянд;

Бастани қарордодҳо, воридоти молҳо, кору хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои буҷетӣ дар сурати тасдиқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мавҷуд будани маблағҳои барои ин мақсадҳо пешбинигардида ва бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

дар мӯҳлати 1 моҳ лоиҳаҳои Қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ворид кардани тағьироте, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" бармеоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999", маблағгузории чорабиниҳои дар буҷети ҷумҳурӣ пешбинишударо қатъиян дар доираи даромадҳои воқеан воридгардида таъмин намояд;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон манбаъҳои берунии бопултаъминкунии касри буҷетро, аз ҷумла аз ҳисоби кредитҳои ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дарёфт кунад;

- мактубҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро оид ба ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ аз буҷети давлатӣ бе муайян кардани манбаъҳои маблағгузорӣ баррасӣ накунад;

- дар ҷараёни иҷроиши буҷет ба гузаронидани маблағҳо аз як моддаи хароҷот ба дигар модда, махсусан аз рӯи моддаҳои ҳифзшудаи хароҷот тибқи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" роҳ надода, маблағгузории хароҷотро қатъиян дар асоси сметаҳои тасдиқгардида риоя намояд;

- дар ҷараёни иҷроиши буҷет дар навбати аввал маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷот (музди меҳнат, маблағи суғуртаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, стипендия, нафақа ва барои доруворӣ) ва объектҳои махсусан муҳими хоҷагии халқро тибқи рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, анҷом диҳад;

- ба маблағи 3 млрд. рубл векселҳои хазинавӣ ба муомилот бароварда, якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши онҳо ва ба буҷет воридшавии маблағҳоро аз рӯи онҳо таъмин намояд.

Муқаррар карда шавад, ки тағьир намудани ҳаҷми маблағгузории объектҳо аз рӯи маблағгузории асосӣ бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Муқаррар карда шавад, ки аз соли 1999 ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи қарзҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳою ташкилотҳо аз рӯи пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳо ба буҷет дар ҳолати истисно бо розигии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар асоси пешниҳодоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои андоз ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти ҳомии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хизмати давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи ҳайати шахсиро дар асоси ҳисоботи қабулкардаи Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 мувофиқ гардонида, онро бо ҷудо кардан ба категорияҳо (афсарон, прапорщикҳо, хизматчиёни ҳарбии берун аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ (қарордодбастагон), хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмӣ, коргарон ва хизматчиён) барои тасдиқ кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5. Муқаррар карда шавад, ки таъминоти озуқаворӣ, ашьё ва моддию техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти ҳомии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хизмати давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба воситаи Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағгузорие, ки дар соли 1999 дар буҷет барои ин мақсадҳо пешбинӣ гардидааст, сурат мегирад.

6. Вазоратҳо, идораҳо, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо ба вазорату идораҳои дар банди 5 зикргардида мол, маҳсулот ва захираҳои дигари моддию техникиро қатьиян аз рӯи лимит ва квотаҳои пешниҳодкардаи Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси боварномаҳое, ки Кумитаи зикргардида додааст, диҳанд. Аз меъёр зиёд ва бидуни боварномаи ин Кумита додани молҳо манъ аст.

7. Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар доираи маблағҳои барои соли 1999 дар буҷет пешбинишуда ҳаҷмҳои фармоиши давлатии мудофиаро, ки дар корхонаҳои ин вазорату идораҳо иҷро карда мешаванд, муайян намояд;

вобаста ба шумораи ҳайати шахсии аз рӯи категорияҳо тақсимкарда шуда, маблағгузориҳои буҷетии дар соли 1999 пешбинишударо ба вазорату идораҳо ва моддаҳои хароҷот тақсим намуда, номгӯй ва миқдори маҳсулотеро (захираҳои моддию техникиеро), ки бояд расонда шаванд бо ин вазорату идораҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонад.

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳоро барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ танҳо бо мувофиқа ва тибқи квотаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи маблағҳои буҷетии барои ин мақсадҳо ҷудокардашуда фиристонанд.

9. Ҷубронпулӣ дар соли 1999 ба ивази озуқавории хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" дар ҳаҷми 6900 рубл дар як моҳ пардохта мешавад.

10. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

дар ҷараёни иҷроиши буҷет дар ҳолатҳои зарурӣ то 5 фоизи хароҷоти буҷетҳои маҳаллиро барои пӯшонидани хароҷоти рафти оқибатҳои офатҳои табиӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо равона кунанд;

дар ҳолати дарьёфт намудани манбаҳои иловагӣ барои маблағгузории буҷетҳои дахлдор, то 85 фоизи маблағҳои аз ҳисоби андози замин воридшударо барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин равона созанд;

ҳангоми ворид шудани бақияпулиҳо аз андози замин ва Фонди роҳ 50 фоизи маблағҳои воридшударо барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмири роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ равона кунанд;

бақияи маблағҳои буҷетиро, ки аз рӯи ҷамъбасти иҷроиши буҷети соли 1998 ба вуҷуд омадааст, пурра барои пӯшонидани касри буҷетҳои дахлдор равона намоянд.

11. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳисоб карда гузаронидани андозҳоро қатъиян риоя кунанд.

12. Кумитаҳои андоз ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 ҷамъоварии пурраи андозҳо ва даромадҳоро ба Буҷети давлатӣ таъмин намоянд ва мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки аз рӯи пардохтҳои андоз ба бақияпулиҳо роҳ доданд, тадбирҳо андешанд.

13. Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ дар хусуси иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти Фонди роҳ ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.

14. Бинобар аз 1 январи соли 1999 дар амал ҷорӣ кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1997 № 507 "Дар бораи тартиби бопултаъминкунии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 1999 дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории мақомоти андоз ва полицияи андоз, барои суғуртаи ҳатмии шахсии ҳамаи кормандони ин мақомотҳо ба андозаи 2,5 фоиз аз ҷамъи умумии маблағҳои воқеии андозҳо, ки мақомоти андоз назорат мекунанд, боҷҳо ва хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла аз маблағи умумии ҷаримапулиҳои молиявӣ ва маъмурӣ, ки ин мақомотҳо гузоштанд, пенияҳои ҳисобкардашуда, аз маблағҳои аз фурӯши амволи мусодиракардашуда ва бесоҳиб, ки ба Буҷети давлатӣ ворид шудаанд, маблағҳо пешбинӣ карда мешавад.

Дар ин ҳолат ба ҷамъи андозҳои воқеии ба буҷет воридгардида маблағҳои аз андоз аз фурӯш дохил карда намешаванд.

Дар банди 2-и қарори мазкур калимаи "3 фоиз" ба "2,5 фоиз" иваз карда шавад.

15. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Қумитан андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 1999 маблағи ҷарима ва пеняҳои корхонаю ташкилотҳоро, ки вобаста ба вайрон кардани қонунҳои андоз то 1 январи соли 1999 ба вуҷуд омадаанд, ба ғайр аз маблағи пардохти андоз, ихтисор намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

аз 31 декабри соли 1998 № 550

ш. Душанбе