Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри солл 2006 № 783
тасдиқ шудааст
Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709)
Муқаддима
I. Вазъи ҳозираи системаи ҳифзи иҷтимоӣ
II. Ҳадафҳо ва принсипҳои асосии ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ
III. Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ
1. Ташаккули меъёрҳои иҷтимоии давлатӣ
2. Афзалиятҳои сиёсати оилавӣ ва демографӣ
3. Танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
4. Сиёсати давлатии музди меҳнат ва танзими даромадҳо
5. Ташкили системаи бисёрдараҷаи нафақа
6. Такмили системаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ
7. Такмили кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ
а) Мундариҷаи проблемаҳои имтиёзҳои иҷтимоӣ
б) Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоат
IV. Рушди таъмини иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ
V. Натиҷаҳои мавриди интизор
VI. Тадбирҳои амалӣ намудани Консепсия
Муқаддима
Бо Истиқлолияти давлатиро соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷомеа ба вуқӯъ пайваст ва он таъсири худро ба сатҳи некӯаҳволии табақаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ расонид. Дар раванди дигаргунсозиҳо ва решагирии иқтисоди бозорӣ, ҷумҳурӣ бо зарурати аз нав дида баромадани усулҳои бунёдии соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, маҳз дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ дучор омад.
Системаи мураттаби ҳифзи иҷтимоӣ бо иқтисодиёти давраи гузариш унсури муҳими рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Марҳалаи кунунии рушди ҷомеа бо мавҷудияти бекории пинҳон, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имонияти то андоза маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро гузоштааст.
Зарурати тағйироти куллии системаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ аз таъқидҳои пайваста ва дастурҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов бармеояд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқид гардидааст: "бо мақсади боз ҳам густариш додани сиёсати иҷтимоии давлат ҳоло лоиҳаи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода шуда истодааст, ки маҷмӯи чорабиниҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои солҳои наздик пешбинӣ менамояд".
Вазъи ҳозираи системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, инчунин мақоми соҳаи номбурда дар ташаккули иқтисоди бозории хусусияти иҷтимоидошта, ҳарчи зудтар таҳия намудан ва мавриди амал қарор додани дурнамои ислоҳот ва интихоби механизмҳоро оид ба дигаргунсозиҳо дар ин система тақозо дорад, ки он барпо намудани иқтисодиёти рақобатпазирро таъмин месозад.
Дигаргуниҳои куллии дар тӯли чанд соли охир Тоҷикистон ба амаломада, аз қабили ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамзамон боқӣ мондани як қатор проблемаҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва номувофиқии заминаи кӯҳнашудаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтории идораи сиёсати иҷтимоӣ, зарурати таҳияи ҳамин Консепсияро ба миён овардаанд.
I. Вазъи кунунии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Тоҷикистон дар тӯли ҳафт соли охир нахустин бор марҳилаи нисбатан устувор ва болоравии иқтисодиро, ки он аз соли 2000 оғоз 1фта то имрӯз идома дорад ва хусусияти асосии давраи ҳозираи таҷдиди иқтисодиёт ва ҷомеа мебошад, аз сар мегузаронад.
Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2005 нисбат ба соли 2000-ум 58,6 фоиз ё худ 17,7 фоизи афзоиши ҳарсоларо ташкил намуд. Ҳаҷми махсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ мутаносибан ба 74,1 ва 53,6 фоиз афзуд. Истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум 2,2 маротиба зиёд гардид.
Дар давоми солҳои 2000-2006 афзоиши воқеии тамоми даромадҳои пулии аҳолӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва нафақа ба назар мерасад. Тӯли ин солҳо даромадҳои воқеии пулии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ 3,4 маротиба зиёд гирдида дар даҳ моҳи соли 2006 3861,7 млн. сомониро ташкил доданд.
Бозсозии корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ бо дарназардошти шароити бозори озод имкон дод, ки истеҳсолот ва равобити иқтисодии бар асари пооромиҳои сиёсӣ харобшуда қисман барқарор гардад. Беҳтар гардонидани вазъи пардохти музди меҳнати кормандон муяссар гардид, музди меҳнати номиналӣ афзуда (ба ҳисоби миёна 40 фоиз дар як сол) сатҳи қарздорӣ аз пардохти он паст карда шуд (то 3 фоиз аз фонди моҳонаи музди меҳнат).
Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраҳо) аз 3,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000-ум то 12,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2005 афзуд, вале сатҳи хароҷот ҳамоно хеле паст боқӣ мемонад.
Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои бадастомада дар соҳаи иқтисод ва динамикаи мусбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, алалхусус масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ - меҳнатӣ, аз қабили дараҷаи баландии табақабандии аҳолӣ аз рӯи андозаи даромадҳо; сатҳи пасти музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сатҳи баланди музди меҳнати кормандони соҳаҳои қарз, суғурта, молия, корхонаҳои бахши хусусӣ, сохтмон, алоқа, наклиёт ва саноат ҳаллу фасли худро наёфтаанд. Тафриқаи байни ин нишондиҳандаҳо дувоздаҳ каратро ташкил медиҳад.
Таносуби байни нафақаи ҳадди ақали пардохтшаванда ва ҳадди ниҳоии нафақа 1:200-ро ташкил медиҳад.
Вуҷуд доштани бозори "сеҷузъии" меҳнат, ки амалан бо ҳиссаи баробар шуғли расмӣ, ғайрирасмӣ ва муҳоҷиратро созмон медиҳад, хоси ҳамин давра мебошад.
Сохтори ғайрирасмии дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, минҷумла табақаҳои камбизоаттарини он пайдо гардида, бо муваффақият амал мекунад, ки асоси молиявии онро воридоти пулӣ аз муҳоҷирони меҳнатии хориҷи ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Фаъолгардии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчум омили тавоно ва боздорандаи паҳншавии бекорӣ дар ҷумҳурӣ баромад мекунад.
Дар деҳоти Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ кам гардида, ҳиссаи калонсолон ва занон зиёд мегардад.
Новобаста ба тамоюли ташаккулёфтаи ҳаракати табиӣ ва муҳоҷиратии аҳолии Тоҷикистон, афзоиши минбаъдаи устувори теъдоди аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Афзоиши табиии аҳолӣ 2,3 фоизро ташкил медиҳад.
Чунил тағйироти сохтори синнусолии аҳолӣ самаранокии бештареро аз фаъолияти бозори меҳнат, муҳоҷирати муташаккил, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ тақозо намуда, андешидани тадбирҳои марбути суғуртаи иҷтимоии давлатиро талаб дорад.
Даромадҳои расмии меҳнатӣ айни замон дар сохтори даромадҳои оилаҳо қисми асосии он ба шумор намераванд. Тақрибан аз чор се ҳиссаи оилаҳо аз якчанд манбаи даромад истифода мебаранд ва вазни қиёсии он тақрибан ба қисмҳои мутаносиби бозори меҳнат баробар аст.
Намудҳои молии даромад, ки мақоми назаррас доранд, дар самти истифодабарӣ аз шаклҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассирро мегузоранд, зеро бо афзудани қимати нисбии ҳама гуна пардохтҳои пулӣ эҳтимолияти имконпазирии истифодаи мақсадноки онҳо, баръакс кам мегардад.
II. Ҳадафҳо ва принсипҳои асосии ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоии ахолӣ
Ҳадафҳои асосии ислоҳот инҳоянд:
- татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад;
- ташаккули системаи устувори молиявии ба принсипҳои суғуртавӣ асосёфта;
- таъмини маблағгузории гуногунманбаи системаи ҳифзи иҷтимоӣ;
- мутобиқгардонии системаи ҳифзи иҷтимоӣ дар шароити муносибатҳои рушдёбандаи бозорӣ;
- такмилдиҳӣ ва муносибсозии шартҳои пешниҳоди пардохтҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳо;
- кам намудани хароҷоти маъмурӣ.
Бо назардошти мақсадҳои зикргардида ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд ба принсипҳои зерин асос ёбад:
- мувофиқати ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоии кафолатнок ба имконоти молиявии давлат;
- риояи принсипи унвонияти кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ дар заминаи истифодаи усулҳои гуногуни (аз он ҷумла усулҳои ғайримустақим) муайян кардани ниёзмандии воқеӣ;
- аз байн бурдани рӯҳияи дастнигарии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ тавассути қатъӣ намудани шартҳо ва таъмини шаффофияти раванди таъини пардохтҳо;
- таъмини азнавтақсимкунии самараноки захираҳои мавҷудаи молиявии давлат ба фоидаи табақаҳои ниёзманди аҳолӣ.
Ҳамзамон бояд кафолатҳои зерини иҷтимоии шаҳрвандон ҳифз ва татбиқ карда шаванд:
- ҳукуқ ба таъмини давлатии нафақа ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ дар натиҷаи пиронсолӣ, маъюбӣ, бе саробон мондаи ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст;
- ҳар як коргари кироя бояд мавриди суғуртаи ҳатмии давлатии нафақавӣ қарор гирад;
- ҳар як шахси бо суғуртаи ҳатмии давлатии нафақавӣ фаро гирифташуда мутобиқи давомнокии суғурта ва музди меҳнате, ки аз он ҳаққи суғурта пардохта шудааст, ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ дорад;
- таъмини масрафи маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатии нафақавӣ танҳо ба мақсади талофии даромадҳои аздастдодаи ашхоси суғурташуда тибқи қоидаҳо иа меъёрҳое, ки қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар кардааст;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ татбиқ намудани механизми талофии хароҷоти таъмини нафақа нисбат ба ашхосе, ки дар суғуртаи нафақавӣ иштирок накардаанд.
III. Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ
1. Ташаккули меъёрҳои иҷтимоии давлатӣ
Сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба системаи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ асос ёбад, ки таҳияи он дар ду самти асосӣ мувофиқи мақсад мебошад:
а) асоснок намудани меъёрҳое, ки соҳаи даромадҳои пулии шаҳрвандонро танзим мекунанд ва аз ҳадди ақали неъматҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ бархӯрдор гардиданро ба онҳо кафолат медиҳанд;
б) фарогирии соҳаи пешниҳоди ройгони кӯмакҳои ҳадди ақали муҳими иҷтимоӣ.
Дар самти аввали таҳияи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳадди ақали зиндагии гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ҳамчун асос барои меъёрбандӣ хизмат мекунад. Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ мебошад, ки маҷмӯи маводи озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқа, хизматрасонӣ, инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ва аъзоҳаққиро дар бар мегирад.
Сабади истеъмолӣ ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам аз рӯи се гурӯҳи асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ (кӯдакон, аҳолии қобили кор, нафақахӯрон), ки бо ҳадди ақали маҷмӯи маводи истеъмолӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ менамоянд. муайян карда мешавад.
Ҳадди ақали зиндагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсадҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ҳангоми таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои давлатии иҷтимоӣ ба назар гирифтани тағйирёбии сатҳи зисти аҳолӣ;
- асоснок намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, инчунин барои муайян кардани андозаҳои стипендияҳо, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ.
Ҳадди ақали зиндагӣ ба сифати нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми ҳисоб ва муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат, ҳадди ақали нафақаҳо, кӯмакпулиҳо, стипендияҳо, меъёрҳои нигохдории муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, хонаҳои кӯдакон ва пиронсолон, инчунин дар таҳияи барномаҳои (чорабиниҳо) паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоати ҷумҳурӣ лозим мебошад.
Андозаи ҳадди ақали зиндагии ҳар як нафар аҳолӣ ва гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он бояд дар асоси ҳадди ақали.буҷети истеъмолии аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор ба ҳисоб гирифта муайян карда шавад.
Ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа, стипендияҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ бояд тадриҷан, бо назардошти вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ наздик гардонида шаванд.
Тартиби тасдиқ ва давра ба давра аз нав дида баромадани андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бояд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
2. Афзалиятҳо дар сиёсати оилавӣ ва демографӣ
Тоҷикистон аз рӯи анъана мамлакати дорои нерӯи барзиёди корӣ мебошад. Дар навбати аввал, ин ба сатҳи баланди таваллуд вобаста аст. Аз рӯи теъдоди аҳолии қобили меҳнат нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ ҷумҳурӣ бо 58 фоиз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ ҷойи намоёнро ишғол мекунад.
Вазифаҳои рушди демографии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
а) дар самти тақвияти саломатӣ ва зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ:
- зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ;
- зиёд намудани дарозумрии солим (фаъол);
- кам кардини фавти модарон ва кӯдакон;
- беҳсозии сифати зиндагии беморони якумрӣ ва маъюбон;
б) дар самти банақшагирӣ ва мустаҳкамсозии оила:
- фароҳам овардани заминаҳо барои кам кардани таваллуд то андозаи зарурии барқароршавии мӯътадили теъдоди аҳолӣ;
- устуворсозии ҳамаҷонибаи оила - ҳамчун шакли мутаносиби фаъолияти ҳаётии шахсият;
- фароҳам овардани шароит барои дар ҳаёт татбиқ намудани имкониятҳои воқеии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии унвонии оила;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бахши тақсимоти оқилонаи буҷети оилавӣ;
в) дар самти муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ:
- ба тартибдарории (ба расмият даровардани) раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шакли муҳоҷирати муташаккил, аз он ҷумла шахсони оиладор;
- пешгирии раванди беруншавии неруи илмӣ, зеҳнӣ ва эҷодӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ кардани маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявие, ки ба мутобиқати иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия нигаронида шудаанд;
- такмили қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳукуқи муҳоҷирони иҷборӣ (гурезаҳо) ва шаҳрвандони дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонбуда;
- таҳияи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани мутаҳаррикии минтақавии кувваи корӣ нигаронида шудаанд.
3. Танзими бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии бекорон
Дар давраи солҳои 2000-2005 захираи меҳнатии Тоҷикистон 22,4 фоиз зиёд гардида, 3,9 млн. нафарро ташкил намуд. Сатҳи шуғли аҳолӣ ба андозаи 4,6 фоиз афзуда, теъдоди аҳолии машғули кор ба 2.0 млн. нафар расид, вале афзоиши шуғл аз афзоиши захираҳои меҳнатӣ ба андозаи 7,8 фоиз қафо мемонад.
Аз рӯи афзоиши пешакӣ, барои ҳалли масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистон 1 млн ҷойҳои кориро таъсис додан зарур аст, аммо амалӣ намудани чунин иқдом дар ояндаи наздик ғайриимкон аст. Таҳлили вазъи бозори меҳнати солҳои 2000-2005 нишон медиҳад, ки масъалаи шуғли аҳолӣ яке аз проблемаҳои ҷиддитарини иҷтимоии Тоҷикистони имрӯза ба шумор меравад.
Айни ҳол ба тағйироти дар соҳаи шуғли аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ гузаштаистода тамоюлҳои зайл хос мебошанд:
Дар сохтори соҳавии шуғли аҳолӣ ҳиссаи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ кам мегардад, дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бошад, шуғл бештар мешавад.
Камшавии ҳиссаи шуғл дар соҳаҳои индустриалӣ ба назар мерасад: саноат ба андозаи 4 фоиз, нақлиёт 5 фоиз ва он дар соҳаи аграрии иқтисод (50,8) бешатр мегардад.
Ҳиссаи кормандоне, ки ғайри кироя кор мекунанд, афзоиш меёбад. Ин раванд бар асари афзоиши корхонаҳои кишоварзӣ сурат гирифтааст. Аз теъдоди умумии шуғлдорон шумораи кормандони кироя дар соҳаҳои иқтисодиёт 1028,5 ҳазор нафар ё 52,7 фоизро ташкил медиҳад. Теъдоди шуғлдорони ғайри кироя бошад, ба 923,8 ҳазор нафар баробар мебошад. Бо назардошти он, ки дар мамлакат системаи суғуртаи иҷтимоии ашхоси ғайри кироя ба пуррагӣ такмил наёфтааст, афзоиши теъдоди кормандони ғайри кироя боиси маҳдудгардии ҳудуди андоз ва камгардии воридоти ҳаққи суғурта ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад .
Шуғли дуввум аслан дар байни ашхосе вусъат пайдо намудааст, ки онҳо дар бахши ғайрирасмӣ кор мекунанд. Ғайр аз ин, ҳиссаи шуғл дар бахши ғайрирасмӣ калон буда, тибқи ҳисобу китобҳои гуногун ҳаҷми он аз 25 то 70 фоизро ташкил медиҳад. Мутаносибан ин нишондиҳанда оид ба ҳаҷми маблағҳое, ки ба доираи андози ҷумҳурӣ дохил намегарданд, далолат мекунад.
Ашхосе, ки тайёрии касбӣ надоранд ё бар асари ба муддати тӯлонӣ аз кор барканор буданашон малакаи кориро аз даст додаанд, дар байни бекорон ҳиссаи намоёнро (қариб 78 фоиз) ташкил медиҳанд. Наздики 81 фоизи бекорон маълумоти миёнаи умумӣ ё маълумоти миёнаи нопурра доранд.
Интихоби беасоси касби оянда аз ҷониби ҷавонон, мутобиқ набудани ҷараёни таълим ба меъёрҳои касбӣ, надонистани эҳтиёҷоти дурнамоии иқтисодиёт ба кадрҳо ва ғайра ба вазъи бозори меҳнат таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ пробелмаҳои ҷиддии кадрӣ арзи ҳастӣ доранд, ки муҳимтаринашон пиршавии ҳайати шахсии корхонаҳои бахши воқеии иқтисодиёт, камёбии кадрҳои баландихтисоси коргарӣ мебошанд, дар ҳоле ки дар ҷумҳурӣ иқтидори тавонои маълумотӣ ва қариб 14 ҳазор ҷойҳои холии корӣ дар бозори меҳнат вуҷуд доранд. Махсусан раванди ба тадриҷ коста гардидани сафи кормандони корхонаҳои калон ва миёна ташвишовар мебошад. Чунончи, дар соли 2005 дар корхонаҳои мазкур 224 ҳазор нафар ба кор қабул карда шуда, 253 ҳазор нафар корро тарк намудаанд, ки аз ин теъдод 190 ҳазор корманд бо хоҳиши худ аз кор рафтааст.
Таҳлили вазъи шуғли аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2006 нишон медиҳад, ки шуморам аҳолии дар иқтисодиёт фаъол нисбат ба соли 2005 ба 15,3 ҳазор нафар кам гардида: теъдоди бекорони дар мақомоти Хадамоти шуғл ба рӯйхат гирифташуда 7,6 ҳазор нафар афзудааст. Ғайр аз ин, сатҳи шуғли аҳолии қобили меҳнат дар сохтори расмии иқтисодиёт дар сатҳи соли 2005 (98,1 фоиз) боқӣ мондааст.
Сифати иқтидори меҳнатӣ дар даҳсолаҳои наздик омили қатъии ғайримоддие мегардад, ки рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтисодиётро дар маҷмӯъ муайян месозанд.
Имрӯз дар сатҳи сиёсӣ масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии насли ҷавон дар бозори меҳнат эътироф гардидааст. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ислоҳоти куллии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълимиро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2006-2015 пеш гирифт. Дар доираи он ташаккул додани механизми нави омӯзиши касбии калонсолон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ мешавад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ қисми муҳиму таркибии соҳаи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳаллу фасли проблемалҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия "Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия", ки 11 январи соли 2006 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, нақши муассир дорад.
Мувофиқи матлумоте, ки дар асоси варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират, пурсиши хоҷагидориҳо ва иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия дастрас шудааст, ҳар сол на бештар аз 500 ҳазор нафар шаҳрвандони мо муваққатан берун аз ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд. Дар семоҳаи аввали соли 2006 ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ 412123 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ рафтаанд, ки аз онҳо 402370 нафарро мардон ва 9753 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод ба Федератсияи Руссия - 404470 нафар, ба Қазоқистон - 2089 нафар, Қирғизистон, 2134 нафар ва ба дигар давлатҳои аьзои ИДМ ва мамолики хориҷи дур 3430 нафар рафтаанд.
4. Сиёсати давлатии музди меҳнат ва танзими даромадҳо
Дар марҳилаи муносибатҳои бозорӣ нақши давлат дар соҳаи танзими пардохти музди меҳнат аз муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки он барқароршавии мӯътадили нерӯи кориро мутобиқи миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда кафолат медиҳад, танзими андозӣ ва тартиби умумии индексатсияи музди меҳнат, таъмини кафолатҳои тибқи қонунгузорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ пешбинигардида иборат мебошад.
Дар замони ҳозира сатҳи нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ аз саҳми меҳнати ҳар як корманд кам вобаста мебошад. Ба он бештар омилҳои берунӣ - вазъи иқтисодиёт, ҷамъоварӣ шудани андози иҷтимоӣ, таносуби теъдоди коргарон ва нафақахӯрон дар мамлакат таъсир мерасонанд.
Барои ислоҳ намудани ин вазъ бояд масъалаи ниҳоят ҷиддӣ - расмӣ гардонидани музди меҳнат ва даромадҳоро ҳаллу фасл намуд. Аз ин иҷроиши буҷет ва ҳолати сохтори суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, инчунин сатҳи умумии ҳифзи иҷтимоӣ вобаста мебошанд.
Новобаста аз тамоми тадбирҳои андешидашуда, бо такмили сиёсати умумии ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - ба вуҷуд овардани системаи ҳавасмандсозандаи афзоиши даромадҳо ва расмӣ гардонидани тамоми подошҳои меҳнат мебошад. Бо ин мақсад тавассути қонунгузории замонавӣ бояд гузариши батадриҷ ба усулҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) таъмин гардад. Аз маблағи барои ҳаққи суғурта ҷудогардида қисми асосии нафақаи суғуртавӣ вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки аз тамоми маблағи ҳаққи меҳнат супоридани андози иҷтимоӣ барои коргар дар оянда фоидаовар мебошад.
Сиёсати давлатии ташаккули даромадҳо бояд ба самтҳои зерин равона гардад:
- ба вуҷуд овардани таносуби оқилона дар байни музди меҳнат ва даромади соҳибкорӣ;
- таъмини таносуби ҳақиқӣ дар байни музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии иқтисодиёт;
- муқаррар намудани таносуби оқилона байни андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва дигар меъёрҳои иҷтимоии ҳадди ақал (ҳадди ақали зиндагӣ, ҳадди ақали нафақа, ҳадди ақали кӯмакпулии бекорӣ ва ғ.);
- муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва меъёри тарифии дараҷаи якуми ҷадвали ягонаи тарифӣ дар соҳаи буҷетӣ дар сатҳи на камтар аз ҳадди ақали зиндагӣ;
- индексатсияи музди меҳнат (муайян намудани ҳад ва тартиби индсксатсия).
Дар раванди ислоҳоти соҳаи мазкур фаъолияти чунин механизми ба танзимдарории музди меҳнатро таъмин намудан зарур аст, ки он фарогири танзими давлатӣ, сохтори мушорикати иҷтимоӣ ва танзими бозорӣ (ҳисоби таносуби талабот ва пешниҳодот) бошад.
Инчунин зарур аст, ки мақоми трипартизм дар ҳалли масъалаҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатӣ пурзӯр карда шавад. Дар созишномаҳои сеҷониба вазифаҳои зайли танзими музди меҳнат ба миён гузошта шаванд:
- ҳадди ақали муносиби музди меҳнат, ки қобилияти кории инсонро нигаҳ медорад;
- сатҳҳои кафолатноки меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо аз рӯи гурӯҳҳои касбӣ-тахассусӣ, ки барои корманд ва аъзои оилаи ӯ шароити мусоиди зиндагиро (новобаста аз натиҷаҳои фаъолияти корхона) таъмин менамоянд;
- таносубҳои иҷтимоан ҷоизи байни ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо;
- нигоҳ доштани қобилияти харидории музди меҳнат дар давраи таваррум;
- саривақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон.
Масъалаҳои рушди бозории механизми музди меҳнат бояд дар Консепсияи музди меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёбанд.
Вале бе барқарор намудани вазифаҳои асосии музди меҳнат (бозистеҳсолкунанда, ҳавасмандсозанда ва танзимкунанда) амал кардани механизми бозории танзими музди меҳнат ба гумон аст.
Барои барқарор намудани вазифаҳои бозистеҳсолии музди меҳнат на як солу ду сол лозим аст. Ғайр аз ин, андешидани тадбирҳои зерин зарур мебошад:
- баркарор намудани қобилияти харидории ҳадди ақали музди меҳнат аз ҳисоби таъмини суръати пешравандагии афзоиши он нисбат ба афзоиши музди миёнаи меҳнат;
- барқарорсозии қобилияти харидории музди меҳнати тарифии кормандони тахассуси миёна аз ҳисоби муқаррар намудани коэффитсиентҳои коҳишдиҳандаи афзоиши музди меҳнати кормандони тахассуси баланд ва олӣ, нисбатан баланди (баробар) кормандони тахассуси паст ва миёна.
5. Ташкили системаи бисёрдараҷаи нафақа
Вазъи системаи амалкунандаи таъмини нафақа яке аз масьалаҳои муҳими иҷтимоӣ - иқтисодӣ дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ мебошад.
Аҳамияти иҷтимоии таъминоти нафақа аз доираи фарогирии он бармеояд. Таъминоти нафақа ба манфиатҳои ҳаётан муҳими беш аз ним миллион пиронсолон, маъюбон ва аьзои оилаҳои саробонгумкарда дахл дорад.
Масъалаи мубрами рӯзи системаи мавҷудаи таъминоти нафақа дар марҳилаи ҳозираи рушди ҷомеа сатҳи пасти андозаҳои мутлақ ва нисбии нафақа мебошад.
Проблемаҳои дар ин соҳа ҷойдошта дар навбати аввал аз ташаккулёбии объективии заминаи молиявии таъминоти нафақа бармеоянд. Ба раванди таъиноти пардохтҳо омилҳои субъективӣ (шахсиятӣ) таъсири муассир мерасонанд.
Тамоюли камшавии теъдоди кироякорон дар теъдоди умумии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ба системаи таъминоти нафақа таъсири ҷиддӣ мерасонад ва ин зарурати аз нав дида баромадани шартҳои ба даст овардани ҳуқуқҳоро барои гирифтани нафақаҳо ва алоқаманд сохтани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои гуногуни нафақахӯронро бо ҳиссаи шахсии меҳнатии онҳо дар сохтор зарур мегардонад.
Вазифаи дар як вақт баланд бардоштани сатҳи ҳадди ақали таъминоти нафақа ва тафриқаи иҷтимоӣ - боадолатонаи нафақаҳо вобаста ба саҳми меҳнатии солҳои пешин, гузаришро ба тартиби нави ҳисоби андозаҳои нафақаҳо дар заминаи истифодабарии қоидаҳои ягонаи нафақавӣ ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ тақозо менамояд.
Бо дохил кардани унсури захиравӣ ба системаи давлатии таъмини нафақа ва муқаррар гардидани асосҳои ҳуқуқии таъсиси фондҳои ғайридавлатии нафақа, барои рушди минбаъдаи намудҳои бисёртабақавии нафақа бо ҳудудбандии аниқи манбаъҳои маблағгузорӣ заминаҳо ба вуҷуд омаданд.
Қисми асосии нафақаи кафолатнок, ки дар оянда нафақаи иҷтимоиро бояд иваз намояд, сатҳи аввалини ташкили системаи нафақа мебошад. Манбаъҳои сатҳи аввали нафақа маблағҳои буҷетҳои сатҳҳои гуногун мебошанд.
Сатҳи дуюм қисми суғуртавии нафақаи меҳнатӣ ба шумор меравад. Мақоми ин намуд тамоми ташкили суғуртаи нафақавиро муайян мекунад. Дар доираи ислоҳот он бояд аз вазифаҳои хоси вай набуда озод ва ба манфиати тамоми қишрҳои коргарони кироя мутобиқ бошад. Аз ин талаботи принсипиалии зерин ба ислоҳоти нафақаи суғуртавӣ бармеояд: мувофиқ омадани шартҳои таъин ва андозаи нафақа бо меъёри иштирок дар суғуртаи нафақаи ҳар як шахси алоҳида, ки вобаста аз давомнокии суғурта ва меъёри пардохтҳои аъзоҳаққӣ муайян мегардад. Манбаъҳои маблағгузории сатҳи дуввум - маблағҳои суғуртаи нафақа ба ҳисоб мераванд.
Дар вақти муайян намудани ҳуқук барои гирифтани нафақа, андозаи он, давраҳои ба пардохти аъзоҳаққии суғурта вобаста набуда, ҳангоми додани ҷуброни хароҷоти дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба инобат гирифта мешаванд: таҳсил, даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо. Ин тасдиқи он аст, ки мунтазам ба амалбарории принсипҳои низоми нафақаи суғуртавӣ имтиёзҳои гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташударо бекор менамояд. Манбаъҳои иловагии маблағгузории иловапулиҳо ба нафақаи таъиншуда захираҳои нафақаи инфиродӣ ба ҳисоб мераванд.
Сатҳи сеюми (ихтиёрӣ). системаи нафақаро нафақаҳои ғайридавлатӣ ташкил мекунанд. Таъминоти ғайридавлатии нафақа, нисбат ба нафақаҳои давлатӣ ҳамчун илова ҳисобида шуда, метавонад чун шакли иловагии системаи нафақаи касбии муассисаҳои алоҳида, дар ҳудуд ё дар соҳаҳои иқтисодиёт амалӣ гардад ё ба шакли таъминоти шахсии нафақаи шаҳрвандон, ки ҷамъоварии маблағро дар асоси бастани созишномаҳо бо фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ ба вучуд овардаанд, амал кунад. Дар навбати худ, бавуҷудоии нақшаҳои иловагии нафақаи касбӣ дар давраи ҳозиразамон вазифаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва бояд дар навбати аввал аз тарафи давлат ҳавасманд карда шавад.
Таъминоти нафақаи ихтиёрии иловагӣ метавонад ҳамчун бо пардохтҳои муқарраршуда ва инчунин бо аъзоҳаққии муайяншуда бошад, метавонад муттафиқона гардад ё дар як вақт ҳарду принсипро истифода барад. Маблағгузории он метавонад аз ҳисоби суғуртаи аъзоҳаққии кордиҳанда ё ин ки аз ҳисоби аъзоҳаққии худи коргар аммлӣ карда шавад. Дар навбати худ ҳамаи ӯхдадориҳо оид ба системаи нафақа бо маблағгузорӣ дар шакли активҳои ҷамъшаванда ва воридоти азоҳаққии оянда фаро гирифта мешавад.
Ғайр аз ин ҳамчун имконияти ҳалли масъала аъзохаққии суғуртавӣ, ки аз ҷониби кордиҳандагон ба фондҳои нафақаи ғайри давлатӣ пардохта мешаванд аз андоз озод карда шаванд.
Бо сабаби он, ки қисми зиёди активҳои фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ ба сектори воқеии иқтисодӣ сармоягузорӣ карда мешавад, бинобар ин озод кардани фоидаи бевоситаи аз сармоягузорӣ ба даст меовардаи онҳо аз андозбандӣ мувофиқи мақсад мебуд.
Рушди системаҳои нафақаи ғайридавлатӣ бояд бо дастгирии бевосита ва назорати доимии давлатӣ амалӣ гардад. Бинобар ин мақомоти давлатиеро, ки додани литсензия ва назорати фаъолияти фондҳои нафақавии ғайри давлатиро ба амал мебароранд, муайян намудан лозим аст.
Механизми гузариши мунтазамро ба принсипҳои нави таъиноти нафақа бо назардошти зарурати нигоҳдошти ҳуқуқҳои иафақа, ки дар асоси системаи амалкунандаи нафақа ба даст омадааст дар давраи татбиқи консепсияи мазкур ба инобат гирифтан зарур аст.
Ислоҳоти системаи нафақа - ин барномаи мураккаби комплексӣ буда, қабули қарорҳои дурандешона ва ҳамаҷониба санҷидашударо талаб менамояд. Ноил шудан ба мақсадҳое, ки Консепсияи мазкур ҳангоми ба амал баровардани меъёрҳои дар он ифодагардида гузоштааст, ҳамзамон бо беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ ва бозсозии институтсионалии системаи нафақа имкон дорад.
Бо ин мақсад дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани системаи бақайдгирии хусусигардонидашудаи ҳуқуқи нафақавии шахсони суғурташуда, ки бо истифодабарии технологияи замонавии иттилоотӣ - телекомуникатсионӣ ҳангоми гузариш ба принсипҳои таъини нафақаи суғуртавӣ ва ҷорӣ намудани андозаҳои аниқи пардохтҳои таъиншуда аз давр ва меъёри пардохти аъзоҳакқиҳои суғуртавӣ вобаста буда зарур аст. Чунин бақайдгирӣ на танҳо интизоми молиявии пардохткунандагони андози иҷтимоиро мустаҳкам мекунад, балки имконият медиҳад, ки тартиби таъин ва пардохти нафақаро куллан содда ва осон намуда аз ҷамъоварӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳодкунии ҳуҷҷатҳои зиёд: дар бораи собиқаи корӣ (суғуртакунӣ) ва маош озод шавад. Азбаски ин мақомот дорои ахбори зарурӣ мешаванд. Дар натиҷа мӯҳлати барасмиятдарории нафақа кам гардида, зарурати ҷорӣ намудани дафтарчаҳои мехнатӣ, ки аз онҳо дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сӯистифодаи зиёд ҷой дорад, аз байн меравад.
Ташкил намудани фонди захиравӣ ниҳоят зарур мебошад. Захираҳои озоди фонди нафақа бояд самаранок ва шаффоф истифода шуда, лекин натиҷаҳои идоракунии он барои назорати омма дастрас бошад. Татбиқи чораҳои пешниҳодгардида барои таъмини мӯътадилгардонии молиявии системаи нафақа мусоидат намуда, заминаҳои заруриро барои баланд бардоштани сатҳи боварии мардум ба ислоҳоти иҷтимоии аз тарафи Ҳукумат гузаронидашудаистода муҳайё месозад.
Батартибдарории имтиёзҳои нафақавӣ барои кам намудани хароҷоти ғайримақсадноки таъминоти нафақавии давлатӣ мусоидат намуда, ноил шудан ба адолати иҷтимоии бештарро ҳангоми таъини нафақаҳо таъмин менамояд.
Таъминоти нафақаи имтиёзнок бояд тадриҷан ба доираи системаи нафақаҳои касбии иловагӣ бо назардошти зарурати кам кардани вазнинии умумии андоз ба корфармоён ворид карда шавад.
Гузариши давра ба давра ба чунин механизми таъминоти нафақа, такмили меъёрбандии омилҳои зараровари муҳити истеҳсолӣ ва ҷараёни меҳнатро талаб намуда, дар ин асос маҳакҳоеро, ки барои гузаронидани корҳо, касбҳо ва вазифаҳо ба категорияи кормандон, ки ба онҳо нафақаи пеш аз мӯҳлат таъмин карда мешавад, муқаррар менамояд.
Бо назардошти ин, яке аз шартҳо барои додани имтиёзҳои андоз ба системаи иловагии касбии нафақа, бояд ҳалли масъалаи зикргардида оид ба нигоҳ доштани ҳуқуқи пайдокардаи онҳо ба имтиёзҳо тибқи системаи нафақавии давлатӣ бошад.
6. Такмили системаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ
Дар системаи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ проблемаҳои ҳалталаб мавҷуданд, ки бе ҳалли онҳо таъсиси системаи самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз хатарҳои асосии иҷтимоӣ ғайриимкон аст.
1. Стратегияи умумимиллии рушди системаи суғуртаи иҷтимоии ҳатмии дурнамо, ки ба манфиати коргарону корфармоён, шаҳрвандони бекор ҷавобгӯ, ба мӯҳлати тӯлонӣ пешбинӣ шуда, бо такмилдиҳии нақшаи маблағгузории он алоқаманд ва бо тарафҳои мушорикати иҷтимоӣ мувофиқашуда мавҷуд нест.
2. Мавҷудияти элементҳои ғайрисуғуртавӣ дар система, ки намудҳои зиёди таъминоти ғайрисуғуртавиро аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод менамоянд.
Таҳлили амалияи истифодаи андози иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки самараи интизоришаванда аз ҷорӣ намудани он ба даст наомад.
- аъзоҳаққиҳои суғуртавӣ ба андози махсус барои корфармоён табдил ёфтанд, ки аз ин онҳо ягон ҳуқуқ ва ваколат ба идора ва назорат аз болои истифодабарии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба даст наовардаанд;
- сарбории баланд ба фонди музди меҳнат боқӣ мондааст;
- пойдории молиявии фондҳои иҷтимоӣ ба даст наомадааст ва идорасолории ҷамъоварии маблағҳо содда карда нашудааст.
Ғайр аз ин, хусусияти андозии ба истилоҳ "аъзоҳаққии суғуртавӣ" барои равона кардани маблағҳо ба мақсадҳои бо суғуртаи кормандон алоқаманд набуда имконият фароҳам месозад, ки ба омехташавии вазифаҳо оид ба суғуртакунии кормандон ва вазифаҳо оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ба шахсони суғуртанашуда аз ҷумла шаҳрвандони бекор меоварад.
3. Қисми зиёди дар иқтисодиёт фаъоли аҳолӣ ба систсмаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷалб карда нашудааст.
4. Соҳаи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ бе низом ва номутобиқ мемонад.
Амалан ҳисоботҳои воқеӣ вуҷуд надоранд, ҳаҷми аъзоҳаққиҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои хатарҳои иҷтимоӣ асоснок карда нашудаанд, принсипҳои тақсимоти масъулият байни корманд, корфармо ва давлат муайян карда нашудааст. Дар система пардохтҳое, ки хусусияти андозро доранд ва ҳам аъзоҳаққии суғуртавӣ вуҷуд доранд.
Масъалаи ислоҳоти системаи суғуртаи иҷтимоӣ бояд масъалаҳои таҳияи модели он, инчунин механизми азнавсозиро дар бар гирад. Ҳангоми барпо намудани модели суғуртаи иҷтимоӣ муҳим аст ба воқеияти имрӯза баҳои холисона дода, тамоюлҳоро дар раванди рушди ҷомеа амиқтар пешбинӣ намуд, ҳол он ки амалияи иҷтимоӣ аксаран бисёр мураккаб мебошад. Ба инобат гирифтани имконияти ислоҳот, аз ҷумла, ҳамон далеле, ки давлат дар вазъи мураккаби иқтисодиву молиявӣ қарор дорад, инчунин худи эҳтиёҷоти афзоишёбандаи аҳолиро дар ҳифзи иҷтимоӣ ба назар гирифтан зарур аст. Ин имконият медиҳад механизми гузариши босаводона ба системаи нави суғуртаи иҷтимоӣ барпо карда шавад.
Имрӯз масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳақиқат яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, алоқамандии зичи онҳоро бо фазои гуногуни ҷамъиятӣ ва мушкилиҳои тақсимоти таҳдидҳои дохилӣ ва беруниро ба инобат гирифта, онҳо бояд мутобиқи ҷараёни минбаъдаи ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳалли худро ёбанд.
Мақсади ислоҳоти системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ бояд барпо намудани системаи мустаҳками молиявӣ шавад, ки ба шаҳрвандони коргар муҳофизати боэътимодро аз хатарҳои иҷтимоии бо аз байн рафтани даромадашон алоқаманд таъмин намуда, ба принсипҳои воқеии суғуртавӣ асосёфтааст, ки инҳоро дар назар дорад:
- муайян намудани доираи аниқи суғурташавандагонмаблағгирандагон дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ;
- муқарар намудани номгӯи мукаммали намудҳои таъминоти суғуртавӣ, бо асос гирифтани принсипи барқароркунии даромади аз дастрафта ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртаи иҷтимоӣ;
- таъмини алоқа байни бузургии кӯмакҳои суғуртавӣ, ҳиссаҷудокуниҳои ҳосилшуда барои суғуртаи иҷтимоӣ ва бо ин мақсад ташкили ҳисоби пардохтҳои шахсӣ;
- пасткунии бештари ставкаҳои андози иҷтимоӣ то сатҳи зарурӣ барои маблағгузории кафолатҳои асосии иҷтимоии давлатӣ ва барои он муқаррар намудани базаи андозсупории бо фонди музди меҳнат алоқаманд набуда;
- муайян намудани дигар манбаҳои маблағгузорӣ барои кӯмакҳое, ки суғуртавӣ намебошанд ва интиқоли пардохти онҳо аз суғуртакунандагон ба дигар мақомот;
- озод намудани суғуртакунандагон аз иҷроиши функсияҳои ба онҳо хоснабуда оид ба таъминоти иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар системаи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ суғурта нашудаанд;
- иштирок намудани суғурташавандагон дар таъсис намудани маблағҳои системаи суғуртаи иҷтимоӣ бо роҳи тақсимкунии сарборӣ оид ба пардохти маблағҳои суғуртавӣ байни суғуртакунандагон ва шахсони суғурташаванда.
7. Такмили кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ
а) Мундариҷаи проблемаҳои имтиёзҳои иҷтимоӣ
Системаи ҳифзи иҷтимоӣ басо сохтори мураккаб ва печида буда, аз пардохтпулӣ ва ёрдампулиҳои гуногуни иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо барои гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон, кӯмаки иҷтимоӣ ба шахсони ниёзманд, пешниҳоди маблағҷудокунии давлатӣ ба муассисаҳою ташкилотҳое, ки маҳсулоти ниёзи мардум мебароранд ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд иборат аст. Айни замон зиёда аз 540 намуди кафолатҳои иҷтимоӣ, ёрдампулӣ, имтиёзпулӣ ва иловапулиҳо вуҷуд доранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷа пардохта мешаванд. Онҳо барои зиёда аз 92 гурӯҳҳои шаҳрвандон (собиқадорон, маъюбон, кӯдакон, бекорон, ҷавонони донишҷӯ, оилаҳои камбизоат ва ғайра) муқаррар карда шудаанд.
Дар қонунгузорӣ мафҳуми равшани имтиёзҳо чун унсури ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин онҳо баъзан чун кафолати иҷтимоӣ маънидод мегарданд ва баъзан чун имтиёзҳо ифода мешаванд.
Имтиёзҳои иҷтимоӣ хусусиятҳои зеринро доро мебошанд:
1) воситаи тафриқаи иҷтимоӣ ҳамчун истисно аз қоидаҳои умумӣ;
2) истисноҳои хуқуқие, ки аз ҷониби субъектҳои ташаббусҳои қонунгузоридошта дар санадҳои меъёрӣ муқаррар карда шудаанд (имтиёзҳо бояд дар санадҳои меъёрӣ, на дар санадҳои истифодаи ҳуқуқӣ сабт гарданд);
3) механизми ёридиҳандаи аз ҷониби давлат аз нав тақсимнамоии даромаду сарватҳо тибқи маҳакҳои ҷамъияти бюрократии сотсиалистии давлатӣ, ки аз рӯи хусусиятҳои иҷтимоию касбӣ ба табақаҳо ҷудо гардидааст;
4) сабук кардани шароитҳои зиндагонии гирандагони имтиёзҳо.
Ин афзалиятҳо нобаробарии сатҳи зиндагонии гурӯҳҳои ҷудогонаи аҳолиро тағийр медиҳанд (паст мекунанд ва дар баъзе мавридҳо баланд мебардоранд), аммо дар баробари ин тибқи дараҷаи самаранокии иҷрои ин вазифаҳо қадр карда намешаванд, бештар хусусияти номуташаккилӣ, на балки мақсаднок доранд.
Системаи имтиёзҳои давлатӣ вазифадор буд, қисман маомши ками аҳолиро талофӣ намояд, шароити бади меҳнатро беҳтар ва дар як қатор мавридҳо ба сифати омили иловагии ба намудҳои гуногуни фаъолият ҷалб кардани ин ё он гурӯҳи аҳолӣ, эътирофи хизматҳои махсуси онҳо хизмат намояд. Он дар таъмини аҳолӣ бо намудҳои зиёди молу хизматҳои ройгон, кор ва хизматрасониҳо (ё бо пардохти 50 фисади арзиши онҳо) ифода меёбад.
Ба ҷои такмил додани сохтори омилҳои қулайи ҷалб намудани қувваи корӣ, ба монанди музди.меҳнат ва пардохтҳои пулӣ, системаи мавҷудаи имтиёзҳоро барои рафъи шиддати иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пастравии сатҳи зиндагонии аҳолӣ ба амал меоянд, аз ҳад зиёд истифода мебурдагӣ шуданд.
Системаи аз ҳад зиёд васеъи имтиёзҳо боиси он мегардад, ки давлат ӯҳдадориҳои иҷтимоияшро дар назди гирандагони имтиёзҳо ва офарандагони хизматҳои имтиёзнок барои хароҷоти кардаашон иҷро накарда мемонад.
Ба камбудии асосии системаи имтиёзҳои мавҷуда барои табақаҳои гуногун инҳо дохил мешаванд:
1) ҳуқуқи гирифтани теъдоди зиёди имтиёзҳои гуногун, ки мувофиқи заминаи гуногунтаркиби ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.
Асноди меъёрии ҳуқуқӣ номураттаб қабул карда шудаанд ва дар аксар мавридҳо онҳо на механизми татбиқи ҳуқуқҳои ба шаҳрвандон додашударо доранд на манбаҳои бо маблағ таъмин гардиданашон нишон дода шудаанд.
2) маҳакҳои ягонаи додани имтиёзҳои иҷтимоӣ вуҷуд надоранд.
Таҷриба солҳои охир собит иамуд, ки бинобар ба бисёриҳо дастрас будан ва ба осонӣ гирифта шудани имтиёзҳо маблағҳои давлатӣ пароканда мегарданд. Баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон дар давоми муддати дароз бе аниқ гардонии эҳтиёҷоташон, вале бо асосҳои зиёд имтиёзҳо мегиранд, ки самаранокии он барои гирандагон аҳамияти худро гум мекунад.
Ба системаи имтиёзҳо нокифоягии воситаҳои молиявии таъмини онҳо, инчунин ,шаффоф, набудани роҳҳои интиқоли онҳо хос аст. Манбаҳои бо маблағ таъминнамоии хароҷоти ба ахолӣ додани ин ё он имтиёзҳо дар бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ аниқ зикр наёфтаанд. Муносибатҳои байни шаҳрвандони имтиёзгиранда ва корхонаҳое, ки (ташкилотҳо) ин ё он хел маҳсулот мебароранд ва ё хизмат мерасонанд, ҳамчунин байни ин субъектҳои хоҷагидор ва буҷаҳои сатҳҳои гуногун ҳамоно танзим карда нашудаанд.
Заминаи ягонаи маълумотҳои оморӣ оид ба шумораи гирандагони имтиёзҳо ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад.
Проблемаи асосие, ки дар системаи имтиёзҳо ва ёрдампулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумхурӣ ба миён омадаанд, самаранокии пасти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад, ки ба принсипи ба як табақаи одамон муқаррар намудани кӯмакҳо ва ҳамоҳангсозии сусти хадамоти гуногун, ки намудҳои ҷудогонаи хизматро фароҳам меоранд алоқаманд аст.
б) Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоат
Ислоҳоти механизми пешниҳод ва таъмини пардохтҳо ва имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ на бояд аз рӯи тарзи соддаи қатъи пурра ё нигоҳ доштани пурраи онҳо, балки баррасии ҳар гурӯҳи алоҳидаи эҳтиёҷмандон ва намудҳои мушаххаси имтиёзҳо амалӣ карда шавад.
Якбора қатъ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба табақаҳои бештар ниёзманди аҳолӣ зарари калон мерасонад. Аз ин рӯ, масьалаи аз нав дида баромадан ё бекор кардани он бояд тадриҷан ва оқилона сурат гирад.
Самти умумии ислоҳоти системаи имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ бояд бо ҳадафҳои асосии зерин равона гардад:
1) ислоҳоти механизмҳои пешниҳод ва таъмини системаи имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ маблағгузорӣ мешаванд;
2) ҳангоми таснифи имтиёзҳои иҷтимоие, ки мавриди ислоҳот қарор мегиранд, бояд омилҳои зерин ба назар гирифта шаванд:
а) синну соли имтиёзгиранда;
б) сатҳи даромади гирандаи имтиёзҳо;
в) корношоямии имтиёзгиранда;
г) зарурати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахс;
3) гузариш аз имтиёзҳое, ки аъзои оила барои зиндагонии муштараки оила мегиранд, ба муқаррар намудани имтиёзҳо танҳо ба нафаре, ки ба он эҳтиёҷ дорад.
Ғайр аз он, бояд имтиёзҳо ба шаҳрвандон ба таври ҷубронпулии давлатӣ барои дидани зарари моддӣ ва маънавӣ, инчунин аз ҷониби онҳо иҷро намудани ӯҳдадориҳои муайяни давлатӣ, хизматӣ ё ҷамъиятӣ дода нашаванд (ин ҷо бояд шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шаванд). Пардохтҳои иҷтимоие, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқаррар гардидаанд, бояд ба шакли музди меҳнат ва таъминоти пулӣ гузаронида шаванд.
Дар раванди ислоҳот даст кашидан аз як қатор имтиёзҳо ва ба шаҳрвандон додани ин ё он намуди имтиёзҳои иҷтимоӣ (дар шакли молӣ, пулӣ ё хизматрасонӣ), шаклҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокро муайян намудан зарур аст).
Барои ии зарур аст, системаи амалкунандан имтиёзҳои иҷтимоиро аз нав дида баромада, чунин маҳакҳо аз қабили бо мадади ин имтиёзҳо аҳамияти қонеъгардонии эҳтиёҷот ва мақоми иҷтимоии ашхоси имтиёзгиранда дастури амал қарор гирад. Ин имкон медиҳад, ки имтиёзҳои камсамар тағйир ё барҳам дода шуда, инчунин имтиёзҳои ба ҳам шабеҳ аз эътибор соқит карда шаванд.
Имтиёзҳои иҷтимоӣ бояд дар чорчӯбаи меъёрҳои муқаррар намудаи давлат, меъёрҳо ва муқаррароти иҷтимоӣ амал кунанд, яъне нархномаҳом имтиёзнок фақат дар доираи меъёрҳои иҷтимоии истеъмолот амал менамоянду подоши истеъмолоти аз меъёр зиёди як қатор молу хизматҳо бояд аз рӯи арзиши аслиашон пардохта шавад. Ин имкон медиҳад, ки вазъи оилаҳои таъминоти молиашон гуногун ва оилаҳои ба истеъмоли неъматҳои давлатӣ бо роҳҳои гуногун ноилшаванда баробар карда шаванд.
Моҳияти иқтисодии имтиёзҳои иҷтимоиро бо мақсади гузаронидани қисми зиёди он ба соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ ва қисми боқимондаро ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ бо роҳи талофии хароҷоти давлатӣ ошкор намудан зарур аст. Имтиёзҳо танҳо ба шарте барҳам дода шаванд, ки гурӯҳҳои имтиёздори шаҳрвандон бо даромади пулӣ (нафақаҳо, пардохтҳои ҷубронӣ) таъмин шуда бошанду онҳо барои таъмини сатҳи зиндагоние, ки то барҳам додани имтиёзҳои дахлдор вуҷуд дошт, кифоя кунанд.
Дар амалияи ҷаҳонӣ се консепсияи асосии муайян намудани камбағалӣ истифода мегардад:
- мутлақ;
- нисбӣ; .
- субъективӣ.
Консепсияи мутлақи камбизоатӣ ба муқаррар намудани рӯйхати номгӯи ҳадди ақали эҳтиёҷоти асосӣ (ҳадди ақали зиндагӣ) ва андозаи захираҳое, ки барои қонеъ гардонидани ин эҳтиёҷот талаб карда мешаванд, асос меёбад. Аз ҷумла, барои муайян намудани эҳтиёҷоти маводи хӯрока меъёрҳои физиологии барои истеъмол зарур: сафедаҳо, карбогидратҳо, равған истифода бурда мешаванд.
Ҳангоми истифодаи консепсияи нисбӣ барои муайян кардани камбизоатӣ нишондиҳандаҳои некӯаҳволиро на бо ҳадди ақали талабот, балки бо сатҳи таъминоти моддӣ қиёс намудан ҳатмист. Вақтҳои охир тарзу усулҳои муайян кардани сатҳи нисбии камбизоатӣ дар асоси тартиб додани феҳристи мӯҳтоҷият, ки вуҷуд доштани онҳо тарзи маъмули рӯзгузарониро халалдор менамоянд, хеле васеъ истифода бурда мешаванд.
Аммо тафовути консептуалии муайян намудани камбизоатӣ номувофиқатии эҳтимолиро ҳангоми арзёбии он ҳаргиз барҳам намедиҳад. Ин номувофиқатӣ натиҷаи муносибати гуногун ба ҳисобкунии даромадҳо ва интихоби хусусиятҳои оилаҳо, ки даромад ва хароҷоташон бо ҳадди ақали зист муқоиса карда мешаванд буда метавонанд. Аксар ин хусусиятҳо чунин мебошанд:
- даромадҳои пулии оилаҳо;
- хароҷоти пулии оилаҳо;
- захираҳои мавҷудаи моддии оилаҳо.
Омор, чун дар аксарияти кишварҳои ИДМ камбизоатиро тавассути ҳисоб кардани даромади миёнаи ҳар шахс муайян менамояд, ҳол он ки мафҳуми камбизоатӣ амалан бо нокифоягии истеъмолот алоқаманд аст. Сабаб дар он аст, ки иттилоот дар бораи даромадҳо назар ба маълумот оид ба истеъмолот бештар дастрас аст.
Хароҷоти пулӣ ба ҳар сари одам, одатан дар мавридҳое истифода мегарданд, ки агар ба даст овардани маълумоти аниқ оид ба даромадҳо душвор шуда бошад. Ин нишондиҳанда дар ҷумҳуриҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш қарордошта васеъ истифода бурда мешавад. Вале ҳисобу китоби омории нишондиҳандаи мазкур назар ба ҳисобкунии даромадҳо ҳаҷми хеле калонтари иттилоотро талаб мекунад.
Нишондиҳандаҳои марбут ба захираҳои мавҷудаи моддӣ дар мавридҳое истифода бурда мешаванд, ки агар дар истеъмолот ҳиссаи номгӯи маводи озуқа ва хизматҳои молии дар хоҷагии хонагӣ истеҳсолгардида зиёд бошад. Нархгузории арзиши молҳои истеҳсоли худӣ машкилиҳои муайянеро ба миён меоварад, зеро дар ин ҳолат одатан меҳнати "бемузди" аҳли оила истифода мегардад ва сифат, масалан, маводи озуқа аз сифати маҳсулоти барои фурӯш тайёр карда шуда фарқ карда метавонад.
Муайян намудани воҳиди ченаки эҳтиёҷмандӣ (шахси ҷудогона ё оила) дар давраи муайян намудани ниёзмандӣ низ бо аҳамияти калон молик аст.
Оилаи эҳтиёҷманд - чунин ҳолати оила аст, ки аъзоёнаш барои қонеъ гардонидани истеъмолоти ҳадди ақал имконият надоранд. Муайян кардани миқдори барои қонеъ намудани эҳтиёҷот зарурбуда аз он вобаста аст, ки истеъмолоти ҳадди ақал чӣ тавр ҳисоб карда мешавад.
Оилаҳои камбизоат - оилаҳои бекор, дорои аъзоёни бемориашон давомнок, маъюбон, оилаҳои дорои як волидайн, серфарзанд, пиронсолони танҳо ҳисобида мешаванд.
Тарзу усули муайян намудани камбизоатӣ дар асоси арзёбии деприватсия ва истисно кардани истеъмолоти гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиву демографӣ - аниқ намудани камбизоатӣ аз рӯи мӯҳтоҷиро низ озмудан ба мақсад мувофиқ аст.
Ғайр аз ин, вақте ки сатҳи зист тамоюли пастравӣ дорад, гузариши ҳамвора аз консепсияи мутлақ ба нисбӣ сурат мегирад, яъне онҳоеро камбизоат мешуморанд, ки даромади ҳар шахс назар ба меъёрҳои миёна камтар аст. Одатан остонаи камбизоатӣ тибқи даромаде муайян карда мешавад, ки назар ба даромади миёна тақрибан ду баробар кам буда, имкон медиҳад шумораи нисбии камбизоатон дар дараҷаи мӯътадил ва ба ҳамин мувозинати он бо имкониятҳои дастгирии камбизоатон нигоҳ дошта шаванд. Вобаста ба шароити ҳозира ин чунин маъно дорад, ки остонаи даромад назар ба ҳадди ақали зист поёнтар қарор мегирад.
Фақат бо истифодаи механизми арзёбии эҳтиёҷмандӣ, ки мутлақо ба тафтишу баҳисобгирии даромадҳои пули шаҳрвандон асос меёбанд махдуд шудан норавост.
Дар оянда истифода бурдани маълумотҳо оид ба истеъмолоти воқеии аҳолӣ, ки дар асоси хароҷоти аслии он ба амал омадаанд, инчунин усулҳои ғайримустақими арзёбии эҳтиёҷот ва нишондиҳандаҳои дигари ислоҳкунанда ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳалли масъалаҳои номбурда на танҳо аниқ намудани бисёр нуқтаҳои қонунгузории ҷории соҳаи иҷтимоӣ, балки ворид намудани тағйироту иловаҳои зиёди хусусияти консептуалӣ доштаро тақозо мекунад.
Кӯмаки давлатии иҷтимоӣ бояд асосан мувофики муроҷиат расонида шавад. Зеро дар ин ҳолат масъалаҳон муттасил ба миён гузошташаванда дар хусуси қонунӣ будани дархости тафтиши иловагии маълумот оид ба даромади шаҳрвандони барои гирифтани кумаки иҷтимоӣ муроҷиат намуда. аз миён бардошта мешавад. Ҳангоми татбиқ кардани принсипи аризадиҳӣ, гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ кори комилан ихтиёрӣ мешавад ва муддаъиён бошуурона даромадҳояшонро ошкор мекунанд, то исбот намоянд, ки камбизоат ҳастанд.
Дар мавридҳои ҷудогона принсипи аризадиҳиро бо принсипи пешниҳодкунии кӯмаки иҷтимоӣ муттаҳид кардан зарур аст. Дар навбати худ мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳайси ташаббускори расонидани кӯмаки давлатии иҷтимоӣ ба шахсоне, ки барои гирифтани кӯмак муроҷиат карда наметавонанд (шаҳрвандони яккаву танҳо, пиронсолони мӯҳтоҷи ёрии дигарон, кӯдакон, маъюбон ва ҳоказо) амал карда метавонанд.
Кӯмаки иҷтимоиро мақомоти ҳокимият дар маҳали зист пурсамартар мерасонад. Зеро дар ин маврид ҷамъ овардани иттилооти зарурӣ, тафтиши он, ва дар шакли қулайтар ба аризадиҳанда пешниҳод намудани кӯмак хеле осон мегардад.
Давра ба давра расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба шароитҳои мушахасе, ки оилаи камбизоат муҳити онҳо қарор дорад, вобаста аст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳукуқ доранд, феҳрасти ҳуҷҷатҳоро барои баррасии аризаҳо ва расонидани кӯмаки давлатии иҷтимоӣ тартиб диҳанд, инчунин воситаҳои гуногунро барои муайян намудани эҳтиёҷмандмии ҳақиқии аризадиҳанда истифода баранд ва барои аниқ намудани эътимоднокии маълумоти пешниҳодгардида тафтишотҳои дахлдор гузаронанд. Дар баробари ин тарзу усулҳои тафтиши вазъи оилаҳои камбизоат бояд ҳуқуқ ва озодии инсонро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории ҷорӣ сабт ёфтаанд вайрон накунанд.
Дар мавриди пешниҳод намудани маълумоту ҳуҷҷатҳои бардуруғ, ба иштибоҳ андохтани мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, дар бораи қать гардондан, рад кардан ё маҳрум сохтан аз кӯмаки иҷтимоӣ қарор қабул карда мешавад. Агар кӯмак аллакай расонида шуда бошаду аз тарафи кӯмакгиранда вайрон кардани қоидаҳо ошкор гардад, вай бояд кумаки гирифтаашро баргардонад. Дар вазъияти вазнини ҳаёт қарор доштанашро бояд худи аризадиҳанда исбот кунад.
Ба муддаъиён ва гирандагони кӯмаки иҷтимоӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки дар хусуси ҳар қарори мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ оид ба катъ намудан, рад кардан ё маҳрум сохтан аз кӯмаки давлатии иҷтимоӣ ва оид ба андоза, намуд ва мӯҳлати расонидани кӯмаки давлатии иҷтимоӣ арз кунанд.
Масъалаи муҳимтарин манбаҳои маблағгузорӣ мебошанд. Дар маблағгузорӣ ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бояд ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия, ки ба иҷрои буҷа масъуланд, инчунин маблағҳо аз манбаҳои ғайрибуҷавӣ ширкат варзанд. Хароҷоти асосӣ ба зиммаи буҷаи ҷумҳуриявӣ аст. Вале азбаски кӯмаки иҷтимоӣ бевосита дар маҳалҳо расонида мешавад, тавассути ба мақомоти худидораи маҳаллӣ додани як қатор ваколатҳои давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки давлатии иҷтимоӣ ва ба онҳо додани воситаҳои зарурии моддию молиявӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ воситаҳои буҷаи маҳаллӣ низ истифода бурда мешаванд. Ғайр аз ин аз буҷаи маҳаллӣ бояд он намудҳои кӯмаки иҷтимоӣ, ки дар буҷаи ҷумҳуриявӣ тавассути қонунҳои дахлдор вобаста карда шудаанд (маблағгузорӣ ба имтиёз ва ёрдампулиҳои гуногун) бо маблағ таъмин карда шаванд.
IV. Рушди таъминоти иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ
Бо сабаби иттилооти нопурра ва номукамалии методҳои коркарди он, таҳлил ва дурнамои иҷтимоӣ - иқтисодӣ мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳолатҳои ҷиддии ҳисобҳои нодуруст дар асосноккунии сиёсати даромадҳо, музди меҳнат ва шуғл роҳ медиҳанд, ки ба амалҳои беасос оварда мерасонад.
Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ бе ҷамъоварӣ ва коркарди ҳаҷми зиёди маълумотҳо оид ба ҷамъият ва он равандҳое, ки дар он ҷараён доранд ғайриимкон мебошад.
Омори иҷтимоӣ яке аз ҷузъҳои муҳимтарин дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки хусусияти микдории сохтори ҷамъият, ҳаёт ва фаъолияти одамон, муносибатҳои онҳо бо давлат ва ҳуқуқ, имконияти муайян ва санҷидани қонуниятро дар рафтори одамон, ба тақсимоти неъматҳо байни баҳо медиҳад.
Қабули тадбирҳои фаврии зерин оид ба ташаккули омори иҷтимоии соҳавии ба ҳалли масоили асосӣ равонагардида дар соҳаи иҷтимоӣ талаб карда мешавад:
- таҳлили мунтазами вазъият дар соҳаи иҷтимоӣ;
- таҳлили тамоюлҳо ва қонуниятҳои муҳимтарини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ;
- омӯхтани таркиб, хусусияти оморӣ ва воқеии гурӯҳҳои иҷтимоӣ;
- баҳодиҳии дараҷаҳои тафриқаи ҳамаи хусусиятҳои сатҳҳо ва шароити зисти аҳолӣ;
- пешгӯии нисбатан имконпазири роҳҳои рушд дар ояндаи наздик ва дур;
- тадқиқоти омилҳое, ки зери таъсири онҳо ҳолатҳои айни замон ба вуқӯъ омадааст;
- баҳодиҳии дараҷаи мувофиқоии параметрҳои воқеӣ ба меъёрҳои аҳамиятӣ;
- муайян намудани таносуб ва нақши омилҳои объективию субъективӣ;
- тадқиқоти таъсири мутақобили ҳолатҳои иҷтимоӣ бо дигар ҷузъҳои рушди ҷамъиятӣ.
Гурӯҳи махсуси нишондиҳандаҳоро нишондиҳандаҳои меъёрии рушди дурнамои соҳаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Ҳамаи системаи нишондиҳандаҳои ташаккулёбанда бояд ба қисмҳои зерин ҷудо карда шаванд:
- иҷтимоӣ - демографӣ (инкишофи шумораи ахолӣ, аз ҷумла хусусиятҳои ҷинсӣ ва синнусолӣ, таваллуд, фавт, давомнокии умр ба ҳисоби миёна ва ғайраҳо);
- иҷтимоӣ - меҳнатӣ (баҳодиҳии захираҳои меҳнатӣ ва ҷобаҷогузории онҳо, талаботи истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба қувваи корӣ, инкишофи шуғл ва баҳодихии бекорӣ, таназзули потенсиали меҳнатӣ);
- сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ (ҷараёни инкишофи даромадҳои пулӣ, воқеӣ, ба ҳар сари одам, истеъмоли мол, пасандозҳои пулӣ, мувофиқоии қобилияти пардохти талабот ва пешниҳодоти мол ва хизматрасонӣ бо назардошти тафриқа аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳои оила, кӯмакҳои иҷтимоиӣ, мафҳумҳои ҳудудии сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ) ва ғайраҳо.
Дар ояндаи наздик дар ҳама маҳалхо бо мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ таҳия ва ҷорӣ намудани манбаъ ва хазинаи ҷамъоварии маълумотҳо. Ҷорӣ намудани манбаъ ба куллан содда кардани тартиби бақайдгирии гурӯҳи дахлдор имконият медиҳад.
Технологияҳои иттиллотӣ дар соҳаи иҷтимоӣ метавонад бисёр масъалаҳои бавуҷудомадаро дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ҳал намоянд.
Ғайр аз он, мунтазам шаҳрдиҳии пурра дар воситаҳои ахбори омма оид ба тағйироти дар ҷамъият ба вуқӯъомада, ба мисли тарзи зиндагӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии некбинона, қолаби рафтори оқилонаи аҳолӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ, инчунин баланд бардоштани нуфузи ҷомеавии оилаҳои мустаҳками серфарзанд, масъулият нисбати саломатии худ ва аъзоёни оила - муҳимтарин ҷузъи татбиқи бомуваффақияти Консепсия ба ҳисоб меравад.
Кори мазкур бояд доимо ва пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори омма, сохторҳои минтақавии иттиллотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ гузаронида шавад.
V. Натиҷаҳои мавриди интизор
Татбиқи пайвастаи ислохот дар соҳаи сиёсати даромадҳои аҳолӣ ва таъминоти нафақа, нисбат ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳам дар ояндаи наздик ва ҳам дар ояндаи дур таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳамзамон хусусияти муфиди ин натиҷаҳо нисбати худи системаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳам дар рушди умумии иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ инъикос меёбад.
Дар марҳилаи аввали ислоҳот барои ихтисори назарраси пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ аз система шароит фароҳам оварда шуда, баланд намудани андозаи пардохти иҷтимоӣ ба он шахрвандоне, ки он ягона манбаи восита барои зиндагии онҳо мебошад, имконият медиҳад. Дар ин маврид ҳаҷми ҳамаи пардохтҳои иҷтимоӣ тибқи саҳмгузории меҳнати солҳои пешин ва бо назардошти тағйирот дар соҳаи музди меҳнати дар солҳои охир ба вуқӯъомада тафриқабандӣ карда мешавад. Дар натиҷа масъалаи номутобиқи андозаи нафақаи таиншудаи кӯҳна ва нав баробар карда мешавад.
Амалигардонии мунтазами индексатсияи музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ бо назардошти афзоиши нарх ва баландшавии воқеии сатҳи зиндагии аҳолии дар иқтисодиёт фаъол, ба нигаҳдории баробарии нисбии андозаи ҳамаи пардохтҳои иҷтимоӣ новобаста аз мӯҳлати таъинот имкон медиҳад. Натиҷаи муфиди ислоҳот, инчунин ташкили омори соҳавӣ низ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки мунтазам баҳодиҳии муҳими ислоҳоти вазъи молиявии система дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат амалӣ гардида баҳри таъминоти устувори молиявӣ ва пойдории системаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳукумат тадбирҳои эҳтиётӣ қабул намояд.
Таъсиси системаҳои суғуртавии иловагии ғайридавлатӣ ва касбии иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба тақсимоти масъулияти баробар байни корфармо ва корманд баҳри бартараф кардани хавфи иҷтимоии имконпазир метавонад мусоидат кунад ва бо ин иштироки давлатро махдуд намояд, ки он дар мадди охир ба бозтақсимкунии боадолатонаи маблағҳо ба манфиати табақаи оилаҳои ниёзманд бе расонидани фишори андозҳои иловагӣ ба бахши хусусии иқтисодӣ амалӣ кардан имконият медиҳад.
Масъалаҳои муқарраркунии ҳаҷми нафақа ба шахсоне, ки даромадҳои хеле калон доранд, мутобиқи сатҳи музди меҳнати онҳо дар доираи системаи нафақаи иловагии касбӣ ва системаи ихтиёрии шахсии (коллективӣ) нафақаи суғуртавӣ вобаста аз имкониятҳои корфармо ё бо хоҳиши шаҳрванд аз иштирок намудан дар чунин система амалӣ карда мешавад.
Натиҷаи асосии ислоҳот бояд беҳтаршавии вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа дар ҷумҳурӣ шавад.
Ташаннуҷи иҷтимоии вобаста ба хусусияти ноустувор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ беадолатонаи системаи ҳифзи иҷтимоии амалкунанда паст мегардад. Системаи нав ба кулли шаҳрвандон фаҳмо мешавад, ба онҳо шароити баробар ва кафолатҳои татбиқи ҳуқуқҳои доштаашонро таъмин менамояд.
Таҷдиди меъёрҳои таъминоти нафақа имкон медиҳад, ки як қисми маблағҳо сарфа гардида, барои ҳалли проблемаҳои ҳалталаби соҳаи иҷтимоӣ равона карда шавад.
Рушди таъминоти нафақаи иловагии ғайридавлатӣ ба ҷамъоварии маблағҳои молиявӣ ва маблағгузории онҳо дар истеҳсолоти мамлакат мусоидат менамояд, ки он ба бозсозии сохтории иқтисодӣ таъсири хуб мерасонад.
Ислоҳоти музди меҳнат ва даромади соҳибкорон ба бозори меҳнат таъсири мусбӣ мерасонад, ки аз он шахсони ба синни нафақа расида озод карда шуда, вале бо мақсади нигоҳдории сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ кори худро давом медиҳанд. Озодкунии қисми кормандони солхӯрда барои ҷавонон ва ба кормандони лаёқатманд ҷойҳои корӣ муҳаё месозад, ки ин имконият медиҳад усулҳои кории мутараққӣ ва технологияи замонавӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ба таври вусъатбахш дохил карда шаванд. Ин дар навбати худ ба бозсозии сохтории иқтисодиёт мусоидат мекунад.
VI. Тадбирҳои амалӣ намудани Консепсия
Татбиқи Консепсияро дар асоси усулҳои барномавӣ - мақсаднок амалӣ гардонидан дар назар аст. Номгӯи чорабиниҳои мушаххасро оид ба татбиқи ин Консепсия дар як давраи муайян (кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат) дар доираи барномаи мақсаднок, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад таҳия намудан зарур аст.
Татбиқи Консепсия дар доираи барномаҳои (нақшаҳои) амали тасдиқшуда бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
- такмили заминаи ҳукуқӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯи самтҳо ва иҷрои меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва бастани шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои муҳоҷирати минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ;
- дастгирӣ ва рушди системаи ҷойҳои корӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқтисодӣ;
- таъсиси системаи иттилоотӣ, аз ҷумла марказҳои иттилоотии минтақавӣ (байниминтақавӣ);
- таъсиси системаи таъминоти илмӣ ва тарбияи касбии кадрҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират;
- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ба манфиати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ.
Вобаста ба инкишофи рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти алоҳидаи Консепсия мумкин аст бо ҳуҷҷатҳои дахлдор такмил, тасҳеҳ ва мушаххас карда шаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри солл 2006 № 783
тасдиқ шудааст
Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184)

III. Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ 1. Ташаккули меъёрҳои иҷтимоии давлатӣ
Сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба системаи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ асос ёбад, ки таҳияи он дар ду самти асосӣ мувофиқи мақсад мебошад:
а) асоснок намудани меъёрҳое, ки соҳаи даромадҳои пулии шаҳрвандонро танзим мекунанд ва аз ҳадди ақали неъматҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ бархӯрдор гардиданро ба онҳо кафолат медиҳанд;
б) фарогирии соҳаи пешниҳоди ройгони кӯмакҳои ҳадди ақали муҳими иҷтимоӣ.
Дар самти аввали таҳияи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳадди ақали зиндагии гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ҳамчун асос барои меъёрбандӣ хизмат мекунад. Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ мебошад, ки маҷмӯи маводи озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқа, хизматрасонӣ, инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ва аъзоҳаққиро дар бар мегирад.
Сабади истеъмолӣ ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам аз рӯи се гурӯҳи асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ (кӯдакон, аҳолии қобили кор, нафақахӯрон), ки бо ҳадди ақали маҷмӯи маводи истеъмолӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ менамоянд. муайян карда мешавад.
Ҳадди ақали зиндагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсадҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ҳангоми таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои давлатии иҷтимоӣ ба назар гирифтани тағйирёбии сатҳи зисти аҳолӣ;
- асоснок намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, инчунин барои муайян кардани андозаҳои стипендияҳо, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ.
Ҳадди ақали зиндагӣ ба сифати нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми ҳисоб ва муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат, ҳадди ақали нафақаҳо, кӯмакпулиҳо, стипендияҳо, меъёрҳои нигохдории муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, хонаҳои кӯдакон ва пиронсолон, инчунин дар таҳияи барномаҳои (чорабиниҳо) паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоати ҷумҳурӣ лозим мебошад.
Андозаи ҳадди ақали зиндагии ҳар як нафар аҳолӣ ва гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он бояд дар асоси ҳадди ақали.буҷети истеъмолии аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор ба ҳисоб гирифта муайян карда шавад.
Ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа, стипендияҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ бояд тадриҷан, бо назардошти вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ наздик гардонида шаванд.
Тартиби тасдиқ ва давра ба давра аз нав дида баромадани андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бояд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
2. Афзалиятҳо дар сиёсати оилавӣ ва демографӣ
Тоҷикистон аз рӯи анъана мамлакати дорои нерӯи барзиёди корӣ мебошад. Дар навбати аввал, ин ба сатҳи баланди таваллуд вобаста аст. Аз рӯи теъдоди аҳолии қобили меҳнат нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ ҷумҳурӣ бо 58 фоиз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ ҷойи намоёнро ишғол мекунад.
Вазифаҳои рушди демографии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
а) дар самти тақвияти саломатӣ ва зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ:
- зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ;
- зиёд намудани дарозумрии солим (фаъол);
- кам кардини фавти модарон ва кӯдакон;
- беҳсозии сифати зиндагии беморони якумрӣ ва маъюбон;
б) дар самти банақшагирӣ ва мустаҳкамсозии оила:
- фароҳам овардани заминаҳо барои кам кардани таваллуд то андозаи зарурии барқароршавии мӯътадили теъдоди аҳолӣ;
- устуворсозии ҳамаҷонибаи оила - ҳамчун шакли мутаносиби фаъолияти ҳаётии шахсият;
- фароҳам овардани шароит барои дар ҳаёт татбиқ намудани имкониятҳои воқеии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии унвонии оила;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бахши тақсимоти оқилонаи буҷети оилавӣ;
в) дар самти муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ:
- ба тартибдарории (ба расмият даровардани) раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шакли муҳоҷирати муташаккил, аз он ҷумла шахсони оиладор;
- пешгирии раванди беруншавии неруи илмӣ, зеҳнӣ ва эҷодӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ кардани маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявие, ки ба мутобиқати иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия нигаронида шудаанд;
- такмили қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳукуқи муҳоҷирони иҷборӣ (гурезаҳо) ва шаҳрвандони дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонбуда;
- таҳияи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани мутаҳаррикии минтақавии кувваи корӣ нигаронида шудаанд.
3. Танзими бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии бекорон
Дар давраи солҳои 2000-2005 захираи меҳнатии Тоҷикистон 22,4 фоиз зиёд гардида, 3,9 млн. нафарро ташкил намуд. Сатҳи шуғли аҳолӣ ба андозаи 4,6 фоиз афзуда, теъдоди аҳолии машғули кор ба 2.0 млн. нафар расид, вале афзоиши шуғл аз афзоиши захираҳои меҳнатӣ ба андозаи 7,8 фоиз қафо мемонад.
Аз рӯи афзоиши пешакӣ, барои ҳалли масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистон 1 млн ҷойҳои кориро таъсис додан зарур аст, аммо амалӣ намудани чунин иқдом дар ояндаи наздик ғайриимкон аст. Таҳлили вазъи бозори меҳнати солҳои 2000-2005 нишон медиҳад, ки масъалаи шуғли аҳолӣ яке аз проблемаҳои ҷиддитарини иҷтимоии Тоҷикистони имрӯза ба шумор меравад.
Айни ҳол ба тағйироти дар соҳаи шуғли аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ гузаштаистода тамоюлҳои зайл хос мебошанд:
Дар сохтори соҳавии шуғли аҳолӣ ҳиссаи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ кам мегардад, дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бошад, шуғл бештар мешавад.
Камшавии ҳиссаи шуғл дар соҳаҳои индустриалӣ ба назар мерасад: саноат ба андозаи 4 фоиз, нақлиёт 5 фоиз ва он дар соҳаи аграрии иқтисод (50,8) бешатр мегардад.
Ҳиссаи кормандоне, ки ғайри кироя кор мекунанд, афзоиш меёбад. Ин раванд бар асари афзоиши корхонаҳои кишоварзӣ сурат гирифтааст. Аз теъдоди умумии шуғлдорон шумораи кормандони кироя дар соҳаҳои иқтисодиёт 1028,5 ҳазор нафар ё 52,7 фоизро ташкил медиҳад. Теъдоди шуғлдорони ғайри кироя бошад, ба 923,8 ҳазор нафар баробар мебошад. Бо назардошти он, ки дар мамлакат системаи суғуртаи иҷтимоии ашхоси ғайри кироя ба пуррагӣ такмил наёфтааст, афзоиши теъдоди кормандони ғайри кироя боиси маҳдудгардии ҳудуди андоз ва камгардии воридоти ҳаққи суғурта ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мешавад ().