Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 611 "Дар бораИ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 547 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 1999 воҳид (генералҳо-4, афсарон-575, прапоршикҳо-221, сержантҳои хизмати ихтиёрӣ-113, сержантҳо ва аскарони хизмати ҳатмӣ-899, коргарон ва хизматчиён-187), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумита ба теъдоди 166 воҳид (генералҳо-4, афсарон-114, прапоршикҳо-33, сержантҳои хизмати ихтиёрӣ-4, коргарон ва хизматчиён-11) муқаррар карда шавад.

З. Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 (се) муовини Раиси Кумита, аз он ҷумла 1 (як) муовини аввал ва ба теъдоди 7 (ҳафт) нафар Ҳайати мушовара дошта бошад.

4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

аз 27 ноябри соли 1999 № 479 "Дар бораи масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 12 июни соли 2001 № 275 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479";

аз 3 июли соли 2002 № 278 "Дар бораи таъсиси Гурӯҳи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез";

аз 1 сентябри соли 2005 № 346 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 611

ш. Душанбе