Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2006 № 779
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 546, аз 30.12.2010 № 711, аз 7.08.2014 № 535, аз 31.10.2014 № 702)
1. Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд (минбаъдҚоидаҳо) тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" таҳия гардидааст.
2. Қоидаҳои мазкур тартиби аз роҳҳои автомобилгард гузаштаии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, инчунин ҳаҷми пардохти онро муайян менамояд.
3. Муқаррароти Қоидаҳо аз ҷониби ҳамаи соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, ки вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, новобаста аз шакли моликият риоя карда мешавад. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дигар пешбинӣ шуда бошанд, он гоҳ ин талабот риоя ва истифода бурда мешавад.
4. Андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилгард анҷом медиҳанд, мутобиқи замимаи 1 муқаррар карда мешавад.
5. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо борҳои вазнин ва калонҳаҷми тақсимнашаванда, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсус сурат мегирад. Иҷозати махсус аз тарафи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз нардохти маблағи дахлдор ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дода мешавад .
Тартиби додани иҷозати махсусро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
6. Хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва калонҳаҷми тақсимнашаванда аз меъёрҳои муқараргардида зиёд, бо соҳибони роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдории дар ин хати ҳаракат қарордошта, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Гузаронидани чунин воситаҳои нақлиёт дар фосилаҳои нисбатан камтари ҳаракати нақлиёт ва дар маҳалҳои аҳолинишин бошад танҳо рӯзона иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ва шабона ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин бо шарти ҷудо кардани роҳнамои махсуси Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозач дода мешавад .
7. Номгӯи роҳҳои автомобилгарде, ки дар онҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд иҷозат дода мешавад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
8. Агар ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва калонҳаҷми тақсимнашаванда зарурати андешидани чорабиниҳои махсусро ҷиҳати мустаҳкам ва обод кардани роҳҳои автомобилгард, таҷҳизот ва иншооти муҳандисии самти ҳаракати мазкур тақозо намояд, розигии соҳибони ин иншоот ва коммуникатсияҳо гирифта мешавад .
9. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз иншооти роҳ, аз ҷумла кӯпрукҳо, нақбҳо, эстакадаҳо ва ғайра танҳо ҳангоми мутобиқ будани вазн ва андозаашон ба меъёрҳои барои ҳамин иншоот муқарраргардида иҷозат дода мешавад.
10. Барои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд (бо бори тақсимнашаванда) аз соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт маблағи ҷуброн ситонида мешавад .
11. Андозаи пардохт барои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ки ҳаракати онҳо боиси пеш аз мӯҳлат вайроншавии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ мегардад, барои ҳаракати дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард монеаҳо ба вуҷуд меорад, бо дарназардошти хароҷоте, ки барои таъмир ва барқарорсозии иловагии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ заруранд, муқаррар карда мешавад .
12. Барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аз соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи ҷуброн бо тартиби зайл ситонида мешавад:
- барои зиёд будани вазни воқеии воситаҳои нақлиёт нисбат ба вазни максималии муқарраршуда;
- барои зиёд будани сарбории воқеӣ ба меҳвар нисбат ба сарбории муқарраршуда;
- барои аз меъёрҳои муқараршуда зиёд будани андозаи воситаҳои нақлиёт.
13. Маблағҳое, ки аз ҳисоби зиёд будани вазни воқеии воситаҳои нақлиёт, барои зиёд будани сарбории воқеӣ ба меҳвар, барои зиёд будани андозаи борҳо аз меъёрҳои муқарраршуда пардохта шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешаванд .
14. Санҷиши воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мутобиқати сарборӣ ба меҳвар ва вазну андозаҳо нисбат ба меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои назоратӣ анҷом дода мешавад. Нуқтаҳои назоратӣ дар қитьаи шоҳроҳҳои даромадгоҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва гузаргоҳҳои давлатии наздисарҳадӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизотҳое, ки барои гузаронидани санҷиш заруранд, ҷиҳозонида мешаванд .
15. Санҷиши воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мутобиқати сарборӣ ба меҳвар тавассути таҷҳизоти вазнченкунӣ (тарозу) ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои бору нақлиётии воситаҳои нақлиёт гузаронида мешавад.
Тарозуҳо дар нуқтаҳои назоратӣ мутобиқи дастури истифодабариашон таҷҳизонида мешаванд.
16. Амалиёти асосие, ки дар нуқтаҳои назоратӣ бо воситаҳои нақлиёт гузаронида мешаванд, аз инҳо иборатанд:
- қарор додани воситаҳои нақлиёт то 50-100 метр дуртар аз таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- санҷидани хуҷҷатҳо (иҷозатномаҳо ва хуҷҷатҳои бору нақлиётӣ);
- санҷиши мутобиқати андозаи воситаҳои нақлиёт тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
- баркашидани воситаҳои нақлиёт дар таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- ситонидан маблағ барои вазн, сарборӣ, ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ба ронанда додани хуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт;
- ба қайд гирифтани маълумоти дахлдор дар китоби сабти баҳисобгирии маблағҳо барои гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои вазн, сарборӣ ва андозаашон аз меъёр зиёд.
17. Воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ки бо мақсади рафъи зарари офатҳои табиӣ, интиқоли кӯмаки башардӯстона, амалиётҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин иҷрои супоришҳои махсус истифода мешаванд, аз пардохти маблағи ҷуброн озод карда мешаванд .
18. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд (бо бори тақсимшаванда) тавассути истифодаи умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст .
19. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуқтаҳои назоратии қитъаи шоҳроҳҳо ба мақомоти ваколатдор бобати муҳайё намудани шароити зарурӣ оид ба таъмини иҷрои банди 18 Қоидаҳои мазкур бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Дар ҳолати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо борҳои тақсимшаванда), шахси нозир ӯҳдадор аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида, барои фаровардани бори зиёдатӣ ё ба воситаи нақлиёти дигар бор кардани он амрнома супорад .
Дар ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд будани вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаи нақлиёт (бо бори тақсимнашаванда), то замони барасмиятдарории иҷозати махсус аз ҷониби Ҳадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳаракати воситаи нақлиёт то ҷои таъиноти бор манъ карда мешавад .
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботҳои Қоидаҳои мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд .
Замимаи 1 Ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
Андозаҳои
максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
+---+--------------------------------------------------+-------------ҷ
| № | Нишондиҳандаҳои техникӣ | Андозаҳои |
| | | максималӣ |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| 1 | Андозаҳо | |

| | Бар | |

| | - ҳама намуди воситаҳои нақлиёт | 2,5 метр |

| | - воситаҳои нақлиёти рефрежиратордор | 2,6 метр |

| | Баландӣ | |

| | - ҳама намуди воситаҳои нақлиёт | 4 метр |

| | Дарозӣ | |

| | - воситаи нақлиёти устувор | 12,0 метр |

| | - воситаҳои нақлиёти пайвастшуда, | |
| | ядакҳо, автопоездҳо | 20,0 метр |

| 2 | Вазн (вазни воситаи нақлиёт бо бор) | 40 тонна |

| 3 | Сарборӣ ба меҳвар (ось) | |

| | - меҳвари камбар | 10 тонна |

| | - меҳвари дугонакардашуда (сдвоенная ось) | |
| | аз ҷумла: | |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 12 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 14 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 16 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 18 тонна |

| | - меҳвари сегонакардашуда | |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 16,0 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 18,5 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 20,5 тонна |

| | - масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 22,5 тонна |

Бо карори Хукумати ЧТ аз 30.12.2010 № 711 аз эътибор сокит дониста шуд
Замимаи 2 Ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
Андозаи маблағҳо барои вазн, сарборӣ ба меҳвар,
андозан воситаҳои нақлиёт, ки аз меъёр зиёданд ва иҷозати махсус
+----+---------------------------------------------+-----------------ҷ
| № | Нишондиҳандаҳои техникӣ |Андозаи пардохт |
| | |барои 1 тоннаи |
| | |иловагӣ дар 1 км |
| | |бо доллари ШМА |
+----+---------------------------------------------+-----------------+
| 1 |Барои андозаҳои аз меъёр зиёди воситаҳои | |
| |нақлиёт | 0,15 |

| 2 |Барои вазни зиёдатии воситаи нақлиёт | 0,15 |
| | | |
+----+----------------------------Т----------------+-----------------+
| 3 |Барои сарбории зиёдатӣ ба меҳвар (ось) | |
| | | |
+----+----Т----------------------------------------+-----------------+
|3.1.|- меҳвари камбар (одинарный осъ) | 0,10 |

|3.2.|- меҳвари дугонакардашуда (сдвоенная ось) | |
| | аз ҷумла: | |
| | | |
+----+------------------Т---Т----------------------+-----------------+
| |- масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 0,11 |

| |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 0,12 |

| |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 0,13 |

| |- масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 0,14 |

|3.3.|- меҳвари сегонакардашуда (строенная ось) | |
| | аз ҷумла: | |
+----+-----Р---------------------------------------+-----------------+
| | | |
| |- масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 0,15 |

| |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 0,16 |

| |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 0,18 |

| |- масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 0,20 |

| 4 |Иҷозати махсус | 25,0 |
| | |(барои як хатти |
| | | ҳаракат) |
+----+---------------------------------------------+-----------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2006 № 779
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 546, аз 30.12.2010 № 711)
1. Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд (минбаъд Қоидаҳо) тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" таҳия гардидааст.
2. Қоидаҳои мазкур тартиби аз роҳҳои автомобилгард гузаштаии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, инчунин ҳаҷми пардохти онро муайян менамояд.
3. Муқаррароти Қоидаҳо аз ҷониби ҳамаи соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, ки вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, новобаста аз шакли моликият риоя карда мешавад. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дигар пешбинӣ шуда бошанд, он гоҳ ин талабот риоя ва истифода бурда мешавад.
4. Андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилгард анҷом медиҳанд, мутобиқи замимаи 1 муқаррар карда мешавад.
5. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо борҳои вазнин ва калонҳаҷм, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсус сурат мегирад. Иҷозати махсус аз тарафи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз нардохти маблағи дахлдор ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дода мешавад ().
Тартиби додани иҷозати махсусро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
6. Хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва калонҳаҷми аз меъёрҳои муқараргардида зиёд, бо соҳибони роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдории дар ин хати ҳаракат қарордошта, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт вн коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Гузаронидани чунин воситаҳои нақлиёт дар фосилаҳои нисбатан камтари ҳаракати нақлиёт ва дар маҳалҳои аҳолинишин бошад танҳо рӯзона иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ва шабона ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин бо шарти ҷудо кардани роҳнамои махсуси Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозач дода мешавад.
7. Номгӯи роҳҳои автомобилгарде, ки дар онҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд иҷозат дода мешавад, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
8. Агар ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои вазнин ва калонҳаҷм зарурати андешидани чорабиниҳои махсусро ҷиҳати мустаҳкам ва обод кардани роҳҳои автомобилгард, таҷҳизот ва иншооти муҳандисии самти ҳаракати мазкур тақозо намояд, розигии соҳибони ин иншоот ва коммуникатсияҳо гирифта мешавад.
9. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз иншооти роҳ, аз ҷумла кӯпрукҳо, нақбҳо, эстакадаҳо ва ғайра танҳо ҳангоми мутобиқ будани вазн ва андозаашон ба меъёрҳои барои ҳамин иншоот муқарраргардида иҷозат дода мешавад.
10. Барои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аз соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт маблағи ҷуброн ситонида мешавад.
11. Андозаи пардохт барои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ки ҳаракати онҳо боиси пеш аз мӯҳлат вайроншавии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ мегардад, барои ҳаракати дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард монеаҳо ба вуҷуд меорад, бо дарназардошти хароҷоте, ки барои таъмир ва барқарорсозии иловагии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ заруранд, муқаррар карда мешавад ().
12. Барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аз соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи ҷуброн бо тартиби зайл ситонида мешавад:
- барои зиёд будани вазни воқеии воситаҳои нақлиёт нисбат ба вазни максималии муқарраршуда;
- барои зиёд будани сарбории воқеӣ ба меҳвар нисбат ба сарбории муқарраршуда;
- барои аз меъёрҳои муқараршуда зиёд будани андозаи воситаҳои нақлиёт.
13. Маблағҳое, ки аз ҳисоби зиёд будани вазни воқеии воситаҳои нақлиёт, барои зиёд будани сарбории воқеӣ ба меҳвар, барои зиёд будани андозаи борҳо аз меъёрҳои муқарраршуда пардохта шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешаванд ().
14. Санҷиши воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мутобиқати сарборӣ ба меҳвар ва вазну андозаҳо нисбат ба меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои назоратӣ анҷом дода мешавад. Нуқтаҳои назоратӣ дар қитьаи шоҳроҳҳои даромадгоҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва гузаргоҳҳои давлатии наздисарҳадӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизотҳое, ки барои гузаронидани санҷиш заруранд, ҷиҳозонида мешаванд.
15. Санҷиши воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мутобиқати сарборӣ ба меҳвар тавассути таҷҳизоти вазнченкунӣ (тарозу) ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои бору нақлиётии воситаҳои нақлиёт гузаронида мешавад.
Тарозуҳо дар нуқтаҳои назоратӣ мутобиқи дастури истифодабариашон таҷҳизонида мешаванд.
16. Амалиёти асосие, ки дар нуқтаҳои назоратӣ бо воситаҳои нақлиёт гузаронида мешаванд, аз инҳо иборатанд:
- қарор додани воситаҳои нақлиёт то 50-100 метр дуртар аз таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- санҷидани хуҷҷатҳо (иҷозатномаҳо ва хуҷҷатҳои бору нақлиётӣ);
- санҷиши мутобиқати андозаи воситаҳои нақлиёт тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
- баркашидани воситаҳои нақлиёт дар таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- ситонидан маблағ барои вазн, сарборӣ, ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ба ронанда додани хуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт;
- ба қайд гирифтани маълумоти дахлдор дар китоби сабти баҳисобгирии маблағҳо барои гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои вазн, сарборӣ ва андозаашон аз меъёр зиёд.
17. Воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ки бо мақсади рафъи зарари офатҳои табиӣ, интиқоли кӯмаки башардӯстона, амалиётҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин иҷрои супоришҳои махсус истифода мешаванд, аз пардохти маблағи ҷуброн озод карда мешаванд.
18. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботҳои Қоидаҳои мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Замимаи 1
Ба Қоидаҳои аз роҳҳои
автомобилгард гузаштани воситаҳои
нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки
аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
Андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
+---+--------------------------------------------------+-------------ҷ
| № | Нишондиҳандаҳои техникӣ | Андозаҳои |
| | | максималӣ |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| 1 | Андозаҳо | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | Бар | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - ҳама намуди воситаҳои нақлиёт | 2,5 метр |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - воситаҳои нақлиёти рефрежиратордор | 2,6 метр |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | Баландӣ | |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - ҳама намуди воситаҳои нақлиёт | 4 метр |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | Дарозӣ | |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | - воситаи нақлиёти устувор | 12,0 метр |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - воситаҳои нақлиёти пайвастшуда, | |
| | ядакҳо, автопоездҳо | 20,0 метр |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| 2 | Вазн (вазни воситаи нақлиёт бо бор) | 40 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| 3 | Сарборӣ ба меҳвар (ось) | |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - меҳвари камбар | 10 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - меҳвари дугонакардашуда (сдвоенная ось) | |
| | аз ҷумла: | |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 12 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 14 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 16 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 18 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - меҳвари сегонакардашуда | |
| | аз ҷумла: | |
| | | |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр | 16,0 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр | 18,5 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр | 20,5 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
| | | |
| | - масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр | 22,5 тонна |
+---+--------------------------------------------------+-------------+
Замимаи 2
Ба Қоидаҳои аз роҳҳои
автомобилгард гузаштани воситаҳои
нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз
меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
Андозаи маблағҳо барои вазн, сарборӣ ба меҳвар, андозан воситаҳои нақлиёт, ки аз меъёр зиёданд ва иҷозати махсус