Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 606
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатии соҳаи сиёсати баҳисобгирию оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ мебошад, ки вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро дар бахши омори давлатӣ ба амал мебарорад.
2. Кумита ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти омории ҳудудии идораҳои тобеи онро амалӣ мегардонад.
3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Кумита фаъолияти худро бо ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ба амал мебарорад.
II. Ваколатҳо
5. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияташ ваколатҳои зеринро дорад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоихаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба доираи фаъолияти Кумита, ки дар банди 1 ҳамин Низомнома муқаррар шудааст ва ба бахшҳои вобаста ба мақомоти омории тобеи он, инчуннн лоиҳаҳои барномаи корхои оморӣ, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунанд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- дар асос ва иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мустақилона ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияташ мукарраршударо қабул мекунад;
- аз рӯи барнома, шаклҳо, методологияи таҳия ва тасдиқкардаи Кумита гузаронидани мушоҳидаҳои омории давлатиро ташкил мекунад. Барномаҳои гузаронидани мушоҳидаи оморни сохдвӣ (идоравй) - ро мутобиқ месозад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои барӯйхатгирии аҳолӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар рӯйхатгириҳои зарурро мегузаронад. Омори хоҷагиҳои хонаводаҳо, омори инкишофи ҳар гуна шаклҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои фаъолияти соҳибкориро пеш мебарад;
- фаъолияти регистри давлатии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро дар асоси баҳисобгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад ва ба онҳо бо назардошти классификаторҳои иттилооти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рамзи идентификатсионӣ медиҳад;
- муносибати ягонаи вазорату идораҳоро ба ташаккули рамзҳои мақсаднок таҳия мекунад;
- гузаронидани маҷмӯи корҳо оид ба фаъолгардонӣ (актуализатсияи) регистри оморӣ ки ҷойгиршавии субъектҳои амалкунанда, намудҳои фаъолияти асосии онҳо, вазъи фаъолнокни корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро таъмин намояд;
- ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва муҳофизати иттилооти оморӣ, махфӣ доштани сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро таъмин мекунад;
- нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои байналмилалӣ муқоиса мекунад;
- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикнстон, дар асоси маълумотҳои аз вазорату идораҳо ва дигар мақомот гирифташуда мувозинаҳои (тавозунҳои) пардохтро тартиб медиҳад;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию хукуқӣ, шаклҳои ҳисоботи муҳосибавиро тасдиқ мекунад;
- барои субъектҳои хоҷагидории ҳамаи шаклҳои моликият ва намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошанд ва вобаста ба иқтисоди бозорӣ ба миён меоянд, шаклҳои хисоботи омориро тасдиқ менамояд, доир ба пур кардани шаклҳои ҳисоботи оморӣ, дастурамалҳо ва нишондодҳо, инчунин тавсияҳои методологӣ тартиб медиҳад;
- дар технологияи ҷамъоварӣ, таҳия ва интиқоли ахбори оморӣ сиёсати ягонаи техникиро таъмин менамояд;
- оиди саҳҳеҳии маълумотҳои оморӣ дар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият тафтишҳо мегузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳаи омор ва баҳисобгирӣ таклифҳо пешниҳод мекунад, инчунин барои афзудани самараи корҳои ҳуқуқии Кумита ва мақомоти омори ҳудудии идораҳои тобеи он тадбирҳо меандешад;
- барои истифодаи самараноки техникаи ҳисоббарорӣ ва ташкилӣ, модернизатсияи онҳо шароит муҳайё мекунад, технологияҳои навтарини таҳия ва интишори иттилоот, маҳсули барномавии муосир, системаи идораи манбаи маълумотҳо, системаҳои таҳлилӣ ва иттилоотию маълумотдиҳиро татбиқ менамояд;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, мувофиқи шартномаю қарордодҳои хоҷагӣ, созишномаҳо ва талабномаҳои яквақта, хизмати пулакии иттилоотию таҳлилӣ мерасонад;
- корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҳудуди ҷумҳуриро мутамарказ бо варақаҳои шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дастурамал барои пуркунии онҳо таъмин менамояд;
- оид ба тағйири нарху тариф дар ҷумҳурӣ мушоҳидаи оморӣ ташкил мекунад ва дар ҳамин асос сохти системаи индекси нархҳо, индекси дефляторро таъмин мекунад ва барои муштариён иттилоот тахия месозад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда, бо мақсади ҷой додани фармоишҳо ҷиҳати расондани молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин ҷиҳати гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар бахши муқарраршудаи фаъолият, озмун гузаронида, қарордод ба имзо расонад;
- таҳлили амалӣ намудани сиёсати давлатро дар бахши муқарраршудаи фаъолият ба сомон расонад;
- фармоишгари асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад, ки барои таъммни Кумита ва амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда пешбинӣ шудааст;
- қабули шаҳрвандонро таъмин намуда, сари вақт ва нурра баррасӣ намудани муроҷяати хаттӣ ва шифоии онҳоро таъмии менамояд ва дар асоси муқаррароти конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои аризадиҳандаҳоро мефиристонад;
- дар доираи салоҳияти худ ҳимояи маълумотҳои дорои сирри давлатидоштаро таъмин менамояд;
- омодагии сафарбаркунии Кумитаро барои назорату ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти омории ҳудудии тобеи онро таъмин менамояд;
- тайёрии қасбии кормандони Кумита, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои банналмилалӣ дар бахши фаъолияти муқарраршуда ҳамкорӣ менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мукаммалсозӣ, ҳифзу нигоҳбонӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар давоми фаълияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, ба сомон мерасонад;
- Кумита ваколатҳои дигаре, ки бо санаҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
6. Кумита бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо ва ваколатҳои дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- мувофиқи тартиботи муқарраршуда барои қабули қарор оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Кумита, маълумот талаб кунад ва гирад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда нишонҳои фарқкунанда ва мукофоти идоравӣ таъсис намояд ва барои комёбиҳои баланд дар бахши муқарраршудаи фаъолият кормандонро мукофотонад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда барои аз нав кор кардани масъалаҳо дар бахши муқарраршудаи фаъолият, ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон на матахассисонро ҷалб намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва коршиносӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) аз ҷумла дар бахши муқарраршудаи фаъолият барои нашри санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷой додани дигар маводҳо оиди масъалаҳои дахлдор ба салоҳияти Кумита ва мақомоти омории ҳудудии тобеи он таъсис намояд;
- доир ба масъалаҳои омор ва баҳисобгирӣ карору фармон ва дастурамалҳо мебарорад, ки иҷроашон барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳатмист;
- аз ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, аз он ҷумла аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва дар ҳаҷми пурра, бепул ҳисоботи дақиқи оморӣ (аз он ҷумла сирри тиҷорат бошад ҳам) бигирад;
- аз мақомоти дахлдори хизмати давлатӣ ва дигар ташкилотҳо маълумоти оморӣ бигирад ва истифода барад;
- аз шаҳрвандон роҷеъ ба вазъи иҷтимоию демографӣ ва фаъолияти истеҳсолиашон варақаи пурсиши мушоҳидаҳои оморӣ бигирад;
- дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ вазъи баҳисобгирии аввалия ва дақиқии маълумоти омориро санҷад ва дар баҳисобгирии аввалия ва дигар нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд ислоҳу тағйиротҳо дарорад. Шахсони дахлдори ҳуқуқӣ ва воқеиро вазифадор намояд, ки ин ислоҳотро дар ҳисоботҳои аввалия сабт кунанд;
- аз болои шахсони ҳуқуқӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор нисбат ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор назорат барад;
- нисбат ба шахсони мансабдор барои таҳриф кардан ё ба мақомоти давлатии омор пешниҳод накардани ҳисоботҳои оморӣ, мувофиқи конунгузории амалкунанда муҷозоти иқтисодӣ ба кор барад;
- тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои омории давлатиро муайян кунад;
- оид ба масъалаҳои салоҳияти Кумита машваратҳо, семинарҳо, конференсияҳо, аз ҷумла конференсияҳои байналмилалӣ гузаронад;
- дар ташкилотҳои байналмилалӣ манфиатҳои ҷумҳуриро муаррифӣ карда, аз номи он оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва омор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад;
- ҳамчун фармоишгари давлатӣ бо тартиби муқарраршуда амал кунад, бо иштироки вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо доир ба коркарди маълумотҳои оморӣ барномаҳои мақсаднок таҳия ва таъсис диҳад;
7. Кумита ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат, инчунин идораи амволи давлатиро ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқи фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонун конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд. Инчунин Кумита хуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқук ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳукуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва гайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатхое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раис барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Раис муовинон аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Дар Кумита иборат аз 7 нафар: дар ҳайати Раис (раиси ҳайати мушовара), муовинони Раис (аз рӯи вазифа), инчунин дигар кормандони роҳбарияти мақомоти Кумита ҳайати мушовара ташкил карда мешавад.
Ҳайати мушовараи Кумита, тасдиқ ва озод намудани онҳо бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо имзои Раиси он ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармонҳои Раиси Кумита татбиқ мегарданд.
Дар мавриди байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара пайдо шудани ихтилоф Раис қарорҳои худро амалӣ карда, дар бораи пайдо шудани ихтилофот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ, дар навбати худ, ҳуқуқ доранд фикрашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии марбут ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташударо баррасӣ мекунад.
9. Воҳидҳои сохтории Кумита аз раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаьолияти Кумита иборат мебошанд. Ба таркиби раёсат шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
10. Раис:
- вазифа ва ӯҳдадориҳоро байни муовинон тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтори Кумитаро тасдиқ мекунад;
- корманди Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, масъалаҳои гузаштани хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандоне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар намудааст ҷадвали (штати) кормандони Кумита ва сметаи хароҷоти таъиноти Кумитаро барои давраи дахлдори маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;
- нақшаи кори ҳарсолаи сохторҳои системаи Кумита, инчунин ҳисоботро дар бораи иҷрои корҳо тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ба қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва сохторҳои системаи он таклифҳо пешниҳод менамояд.
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 5 ҳамин Низомнома нишон дода шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти муқарраршуда ба сохторхои системаи Кумита супоришҳо медиҳад ва ба иҷрои онҳо назорат мебарад;
- қарорҳои сохторҳои системаи Кумитаро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд бекор мекунад, дар сурате, ки тартиби дигари бекор кардани онро дар қонун муқаррар нашуда бошад;
- мувофиқи пешниҳоди роҳбарони сохторҳои системаи Кумита муовинон роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда кормандони Кумита дигар шахсонро, ки дар бахши муқарраршуда фаъолият мекунанд, барои додани унвони фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- қарорҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармонҳои хусусияти ғайримеъёрӣ интишор мекунад.
11. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Кумита ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумита нишододашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.
12. Кумита шахси ҳуқуқӣ мебошад ва дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
13. Маҳали ҷойгиршавии Кумита: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 17 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 606
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати методологияи оморӣ ва кор бо мақомоти маҳалии омор
Раёсати таҳлили маҷмӯи иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон
Раёсати омори кишоварзӣ
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
Раёсати бақайдгирии нарх, тариф, индексатсияи даромадҳои аҳолӣ ва тадқиқи хоҷагии хонавода
Раёсати оморидемографӣ, шуғли аҳоли ва иҷтимоӣ
Раёсати омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
Раёсати омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, зизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати банақшагирӣ, ҳисобот ва маъмурию хоҷагӣ
Раёсати кадрҳо ва ҳуқуқ
Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 606
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Маркази кулли ҳисоббарорӣ
Кумитаҳои омори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Раёсатҳо ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо
Положение Государственного комитета статистики Республики Таджикистан
I. Общие положения
1. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан (в дальнейшем - Комитет) является центральным органом исполнительной власти в области учетно-статистической политики и экономического анализа, осуществляющим функции по выработке государственной политики и нормативно-правовому регулированию в сфере государственной статистики
2. Комитет осуществляет координацию и контроль деятельности находящихся в его введении подведомственных ему территориальных статистических органов.
3. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики - Таджикистан, конституционными законами и законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указы и распоряжения Президента Республики Таджикистан, постановления и распоряжения Правительства Республики Таджикистан, международно правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
4. Комитет осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительные органами государственной власти, юридическими лицами независимо от организационно-правовой формы.
II. Полномочия
5. Комитет осуществляет следующие полномочия в установленной сфере деятельности:
- вносит в Правительство Республики Таджикистан проекты законов Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан и другие документы, вносит предложения по вопросам, относящимся к сфере ведения Комитета, установленной пунктом 1 настоящего Положения и к сферам ведения подведомственных ему статистических органов, а также проект программы статистических работ, по которым требуется решение Правительства Республики Таджикистан;
- на основании и во исполнение Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, указы и распоряжения Президента Республики Таджикистан, постановления и распоряжения Правительства Республики Таджикистан самостоятельно принимает нормативные правовые акты в установленной сфере деятельности;
- организует проведение государственных статистических наблюдений по программе, формам и методологии, разработанными и утвержденными Комитетом. Согласовывает Программы проведения отраслевых (ведомственных) статистических наблюдений, проводит на территории Республики Таджикистан переписи населения, сельского хозяйства и других необходимых переписей. Ведет статистику домашних хозяйств, развития различных форм хозяйствования и видов предпринимательской деятельности;
- обеспечивает функционирование Государственного Регистра предприятий и других организаций на основе учета всех хозяйствующих субъектов на территории Республики Таджикистан с присвоением им идентификационных кодов, исходя из классификаторов технико - экономической и социальной информации;
- вырабатывает единые, подходы к формированию целевых регистров министерствами и ведомствами;
- проводит систему работ по актуализации статистического Регистра, характеризующих местонахождение хозяйствующего субъекта, основной вид его деятельности, состояния активности предприятий и других организаций;
- обеспечивает сбор, обработку, хранение и защиту статистической информации, соблюдение государственной и коммерческой тайны, охрану законных интересов юридических и физических лиц;
- осуществляет международные сопоставления основных социальноэкономических показателей Республики Таджикистан;
- совместно с Национальным банком Таджикистан составляет платежный баланс на основе данных, полученных от министерств, ведомств, и других органов;
- совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан утверждает формы бухгалтерской отчетности для хозяйствующих субъектов, независимо от форм собственности;
- утверждает формы статистической отчетности для хозяйствующих субъектов всех форм собственности и видов экономической деятельности, находящихся на территории республики, возникающих в связи с рыночной экономикой, составляет инструкции, указания по заполнению форм статистической отчетности, а также методологические рекомендации;
- обеспечивает единую техническую политику в технологии сбора, обработки и передачи статистической информации;
- проводит проверки достоверности отчетных данных в организациях, независимо от форм собственности;
- вносит в установленном порядке предложения в Правительство Республики Таджикистан по совершенствованию законодательства в области статистики и учета, а также осуществляет меры по повышению эффективности правовой работы в Комитете и в подведомственных ему территориальных статистических органах;
- создает условия для эффективного использования средств вычислительной и организационной техники, их модернизации, внедряет новейшие технологии обработки и распространения информации, современные программные обеспечения, системы управления базами данных, аналитические и информационно - справочные системы;
- оказывает платные информационно - аналитические услуги юридическим и физическим лицам, а также международным организациям в соответствии с хозяйственными договорами, соглашениями и разовыми запросами;
- обеспечивает предприятия, учреждения и другие организации, находящиеся на территории республики бланками централизованных форм статистической отчетности и соответствующим инструментарием по их заполнению;
- организует статистическое наблюдение за изменением цен и тарифов в республике, обеспечивает на этой основе построение системы индексов цен, индекса дефлятора и подготавливает информации пользователям;
- проводит в установленном порядке конкурсы и заключает контракты на размещение заказов на поставку товаров, выполнение работ и оказание услуг для нужд Комитета, а также на проведение научно-исследовательских работ для государственных нужд в установленной сфере деятельности;
- проводит анализ реализации государственной политики в установленной сфере деятельности;
- осуществляет функции главного распорядителя и получателя средств республиканского бюджета, предусмотренных на содержание Комитета и реализацию возложенных на Комитет функций;
- организует прием граждан, обеспечивает своевременное и полное рассмотрение устных и письменных обращений граждан, принятие по ним решений и направление ответов заявителям в установленный законодательством Республики Таджикистан срок;
- обеспечивает в пределах своей компетенции защиту сведений, составляющих государственную тайну;
- обеспечивает мобилизационную подготовку Комитета, а также контроль и координацию деятельности находящихся в его ведении органов;
- организует профессиональную подготовку работников Комитета, их переподготовку, повышение квалификации и стажировку;
- взаимодействует в установленном порядке с органами государственной власти иностранных государств и международными организациями в установленной сфере деятельности;
- осуществляет в соответствии с законодательством Республики Таджикистан работу по комплектованию, хранению, учету и использовании архивных документов, образовавшихся в процессе деятельности Государственного комитета;
- Комитет осуществляет иные полномочия в установленной сфере деятельности, если такие полномочия предусмотрены законами, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
6. Комитет с целью реализации полномочий в установленной сфере деятельности имеет право:
- запрашивать и получать в установленном порядке сведения, необходимые для принятия решений по вопросам, отнесенным к деятельности Комитета;
- учреждать в установленном порядке знаки отличия и ведомственные награды и награждать ими граждан за высокие достижения в установленной сфере деятельности;
- привлекать в установленном порядке для проработки вопросов в установленной сфере деятельности научные и иные организации, ученых и специалистов;
- создавать координационные, совещательные и экспертные органы (советы, комиссии, группы), в том числе в установленной сфере деятельности для публикации нормативных правовых актов, официальных объявлений, размещения других материалов по вопросам, отнесенным к компетенции Комитета и подведомственных органов;
- издавать постановления, приказы и инструкции по вопросам статистики и учета, обязательные для исполнения всеми хозяйствующим субъектами, независимо от их ведомственной подчиненности и форм собственности, а также физическими лицами, осуществляющими предпринимательскую деятельность;
- получать бесплатно достоверную статистическую отчетность (в том числе составляющую коммерческую тайну) от всех юридических и физических лиц, независимо от форм собственности, вида экономической деятельности и ведомственной подчиненности, находящихся на территории Республики Таджикистан, в том числе государственных органов управления и местных исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан в установленные сроки и в полном объеме;
- получать и использовать статистические данные государственных служб и иных ведомств, организаций;
- получать от граждан анкеты статистических наблюдений, касающихся их социально-демографического положения и производственной деятельности;
- проверять на предприятиях, в учреждениях и других организациях республики состояние первичного учета, достоверности статистических данных и вносить исправления в данные первичного учета и другие взаимосвязанные показатели. Обязывать соответствующие юридические и физические лица отражать эти исправления на уровне первичного учета;
- осуществлять контроль за выполнением всеми юридическими и другими хозяйствующими субъектами законов Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан по вопросам статистики;
- применять экономические санкции к должностным лицам, согласно действующему законодательству, за искажение или непредставление статистических отчетов в орган государственной статистики;
- устанавливать порядок представления государственной статистической отчетности;
- проводить совещания, семинары, конференции, включая международные, по вопросам входящим в компетенцию Комитета;
- представлять интересы республики в международных организациях, заключать от её имени соглашения по вопросам учета и статистики в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан;
- выступать в установленном порядке в качестве государственного заказчика и осуществлять с участием министерств, ведомств, научных и других организаций разработку и формирование целевых программ по обработке статистических данных.
7. Комитет в своей деятельности не вправе осуществлять функции по контролю и надзору, а также функции по управлению государственным имуществом, кроме предусмотренных нормативными правовыми актами.
При осуществлении правового регулирования деятельности Комитет не праве устанавливать не предусмотренные конституционными законами, законами Республики Таджикистан, актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан функции и полномочия центральных органов исполнительной власти, местных исполнительных органов государственной власти, органов местного самоуправления. А также Комитет не праве устанавливать ограничения на осуществления прав и свобод граждан, прав коммерческих и не коммерческих организаций, за исключением случае, когда возможность ведения таких ограничений предусмотрена Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами и законами Республики Таджикистан, актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, издаваемыми на основании и во исполнении Конституцией Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан.
III. Организация деятельности
8. Комитет возглавляет Председатель, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Президентом Республики Таджикистан.
Председатель несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Комитет полномочий и реализацию государственной политики в установленной сфере деятельности.
Председатель имеет заместителей, в том числе первый заместитель который назначается на должность и освобождается от должности Правительством Республики Таджикистан.
Количество заместителей Председателя устанавливается Правительством Республики Таджикистан.
В Комитете образуется коллегия из 7 человек в составе Председателя (председатель коллегии), заместителей Председателя по должности, а также других руководящих работников системы Комитета.
Члены коллегии Комитета утверждаются Правительством Республики Таджикистан по представлению Председателя Комитета.
Решения коллегии оформляются постановлениями, подписываемые Председателем коллегии и проводятся в жизнь приказами Председателя Комитета.
В случаях разногласий между Председателем и членами коллегии, Председатель проводит, в, жизнь свои решения, докладывая о возникающих разногласиях Правительству Республики Таджикистан, а члены коллегии также, в свою очередь, имеют право сообщить свое мнение Правительству Республики Таджикистан.
Коллегия на своих заседаниях рассматривает основные вопросы, связанные с выполнением задач, возложенных на Государственный комитет по статистике Республики Таджикистан
9. Структурными подразделениями Комитета являются управления по основным направлениям деятельности Комитета. В состав управлений включаются отделы и сектора.
10. Председатель:
- распределяет обязанности между своими заместителями;
- утверждает положения о структурных подразделениях Государственного комитета;
- назначает на должность и освобождает от должности работников Государственного комитета;
- решает в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о государственной службе вопросы, связанные с прохождением государственной службы в Государственном комитете;
- утверждает платное расписание Комитета в пределах установленных Правительством Республики Таджикистан фонда оплаты труда и численности работников, смету расходов на содержание Комитета в пределах утвержденных на соответствующий период ассигнований, предусмотренных в республиканском бюджете;
- утверждает ежегодный план работы подведомственных Государственному комитету служб, а также отчеты об их исполнении;
- вносит в Министерство финансов Республики Таджикистан предложения по формированию республиканского бюджета в части финансового обеспечения деятельности Комитета и подведомственных Комитету органов;
- вносит в Правительство Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов, другие документы, указанные в пункте 5 настоящего Положения;
- в рамках установленных полномочий дает поручения подведомственным Комитету службам и контролирует их исполнение;
- отменяет противоречащие законодательству решения подведомственных Комитету служб, если иной порядок отмены решений не установлен законом;
- назначает на должность и освобождает от должности по представлению руководителей подведомственных Комитету служб заместителей руководителей служб;
- представляет в установленном порядке работников Комитета и находящихся в ведении Комитета органов, других лиц, осуществляющих деятельность в установленной сфере, к присвоению почетных званий и награждению государственными наградами Республики Таджикистан;
- издает постановления, имеющие нормативный характер, а по оперативным и другим текущим вопросам организации деятельности Комитета - приказы ненормативного характера.
11. Финансирование расходов на содержание Комитета и органов указанных в Схеме управления Комитета осуществляется за счет средств республиканского бюджета.
12. Комитет является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном и русском языках, соответствующие печати, штампы и финансируется из единого казначейского счета Министерства Республики Таджикистан.
13. Место нахождения Комитета: город Душанбе, улица Бохтар, 17.
Структура Центрального аппарата Государственного комитета статистики Республики Таджикистан
Руководство
Управление статистической методологии и работы с местными статистическими органами
Управление сводно-экономического анализа и международных связей
Управление статистики промышленности и инвестиций в строительство
Управление статистики сельского хозяйства
Управление системы национальных счетов и статистики финансов
Управление регистрации цен, тарифов, индексации доходов населения и обследования домашнего хозяйства
Управление демографической статистики, занятости населения и социальной статистики
Управление статистики материальных ресурсов, торговли и внешнеэкономических связей
Управление статистики транспорта, связи, жилищно-коммунального хозяйств, платных услуг населению и охраны окружающей среды
Управление планирования, учета и хозяйственного обеспечения
Управление кадров и право
Схема управления Государственного комитета статистики Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Главный вычислительный центр
Комитеты статистики Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе
Управления и отделы статистики городов и районов