Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007с. № 373, аз 30.06.2007с. № 374)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 601 воҳид (ба ғайр аз Маркази кулли ҳисоббарорӣ ва бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 91 воҳид муқаррар карда шавад ().
3. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Раис, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад ва лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба дастгоҳи марказӣ 5 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти омори маҳалии тобеи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррагардида мутамарказ намудани маблағгузории мақомоти оморро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани шумораи кормандони мақомоти маҳалии онро ба Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
6. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои мақомоти тобеъро таҳия ва тасдиқ намояд;
- доир ба ворид намудаии тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурми Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
7. Беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 "Масълаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2001 № 326 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 "Масълаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 267 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001 № 74 "Масълаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 606
ш. Душанбе