Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 148 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().
3. Ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад.
Барои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 30 воҳид, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Вазорат 14 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика дар соли 2007 аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" анҷом дода шавад.
5. Назорати давлатии барқ "Тоҷикэнергонадзор" ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Маркази рушди соҳаҳои нафтугаз ва ангишти собиқ Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт" табдил дода шаванд.
6. Вазоратн энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистои дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
7. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 № 188 "Дар бораи Низомномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2003 № 207 "Масъалаҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 119 "Дар бораи тадбирҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 475 "Дар бораи ворид намудада, тағйироту иловаҳо ба баъзе карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 196 "Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1718";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 259 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 605
ш. Душанбе