Низомномаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 614

Санаи амалкуни: 03.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 150 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 614

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 78, 7.03.2009 № 144, аз 30.10.2010 № 579, аз 03.10.2012 № 559)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, фаъолиятро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, сохтмон ва меъморӣ анҷом медиҳад.

2. Роҳбарии фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайлро анҷом медиҳад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи банди 1 ҳамин Низомнома ба фаъолияти Агентӣ дахл доранд, инчунин нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамо, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистонро тақозо менамоянд, манзур медорад;

- таҳия, тасдиқ ва ҷори намудани меьёрҳои давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ (ба истиснои стандартҳои байнидавдатӣ ва давлатӣ дар сохтмон), назорати истифодаи дурусти онҳо;

- такмили сатҳи лоиҳаҳои меъморӣ ва лоиҳаҳои меьмории биною иншоот ва маҷмааи онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунонии фармоишҳо барои молрасонӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои иҳтиёҷоти Агентӣ, инчунин доир намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи фаьолияти муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ мебандад;

- омодагии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисонро дар соҳаи шаҳрсозӣ, сохтмон ва меъморӣ ташкил менамояд;

- таҳия ва татбиқи нақша ва лоиҳаҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, иуқтаҳои аҳолинишин деҳот, курортҳо, минтақаҳои истироҳатии қитъаҳои саноатӣ;

- таҳияи барномаҳои минтақавӣ, азхуд намуданн ҳудудҳои кӯҳӣ, ки барои таъмини бехатарии сохтмон дар минтақаҳои хатарноки имконпазир, ҳифзи аҳолӣ аз таъсири хатарноки табиӣ нигаронида шудааст;

- ташкил, таҳия ва пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатнома ба шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти хоҷагидориро дар соҳаи сохтмону меъморӣ анҷом медиҳанд;

- гузаронидани интихоби озмунии корхонаҳои лоиҳакашӣ барои иҷрои лоиҳахои инвеститсионӣ сохтмони беҳтарин иншоотҳо, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва кредитҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додаи созмонҳои байналмилалӣ ва бонкҳо анҷом дода мешавад;

- танзим ва ҳамоҳангсози фаьолияти хадамоти меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ва роҳбарии фаъолияти онҳо дар қисми таъминоти илмию методӣ;

- таҳлили иқтисодии фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии система ва тасдиқи нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти онҳо;

- дар барномаҳои давлатии сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ ҷорӣ намудани технологияҳои нав, конссесия ва лоиҳаҳо дар асоси тадқиқотҳои илмӣ ва озмоишҳо;

- дар доираи салоҳияти худ ташклл ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯхдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои фаъолияти маҷмӯи бинокорӣ, тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

- дастгирии рушди соҳибкории хусусии бинокорӣ ва соҳибкорӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои рушди саноати сохтмон, аз ҷумла дастгирии таҳкими заминаи моддию техникии корхонаҳои саноатӣ, марказҳо, муассисаҳои таълимӣ;

- таъминоти барномавӣ ва илмию методӣ дар соҳаи сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, ташкили нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва илмию оммавӣ оид ба сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ;

- таъсиси низоми ягонаи давлатии таъиноти иттилоотӣ дар соҳаи сохтмон, шаҳрсозӣ ва меьморӣ;

- таҳлили ҳамасолаи фаьолияти ташкилотҳои бинокорӣ ва лоиҳакашӣ, дар асоси маълумоти омори давлатӣ;

- иҷрои ваколати фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо мақоми давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронидани корҳо оид ба сертификасияи маҳсулоти бинокорӣ ва хизматрасониҳо, инчунин оид ба стандартизатсия ва таьминоти метрологии истеҳсолот;

- пешбурди феҳристи ташкилотҳои бинокорӣ ва лоиҳакашие, ки дорои иҷозатномаи давлатӣ мебошанд;

- таъмини баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиати шаҳрвандон, оид ба онҳо қабул намудани қарор ва тибқи мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;

- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- иштирок дар ҳалли масъалаҳои хусусигардонии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи сохтмон, саноати масолеҳи бинокорӣ ва конструксияҳо;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи сохтмон;

- таъмини омодагии сафарбарии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии ташкилотҳои таҳти тобеияташон қарордошта оид ба омодагии сафарбарӣ;

- ташкили омодагии касбии кормандони Агентӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нҷрон корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолият Агентӣ ташаккул ёфтаанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили конгрессҳо, копференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- ҷамъбасти амалияи татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Агентӣ ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

- оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тавзеҳот диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳхо, ҳайати мушовара) таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият кормандонро сарфароз гардонад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият воситаҳои чопии иттилооти оммавӣ таъсис диҳад.

7. Агентӣ ҳуқук дорад, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ваколатҳои назоратиро анҷом диҳад.

Маҳдудиятҳои ваколат, ки сархати якуми ҳамин банд муқаррар намудааст, нисбат ба ваколатҳои роҳбари Агентӣ оид ба ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкили фаъолияти Агентӣ, инчунин ваколат оид ба назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ татбиқ намегардад.

Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Агентӣ ҳуқуқ надорад ваколатҳоеро, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ накардаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ

8. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Директор муовинон дорад, ки бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Воҳидҳои сохтории Агентӣ раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошанд. Ба таркиби раёсатҳо бахшҳо шомил мебошанд.

10. Директор:

- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад, масъулияти онҳоро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ муқаррар менамояд.

- низомнома оид ба воҳидҳои сохторӣ ва Оинномаҳои ташкилотҳои тобеи Агентиро тасдиқ менамояд;

- кормандони Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд;

- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Агентӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Агентиро дар доираи давраи дахлдори маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоту муассисаи давлатии таҳти тобеияти системаи Агентӣ қарордошта пешниҳод манзур медорад;

- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарони муассисаҳои системаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ё бо ҳамин роҳбарон шартномаҳои давлатӣ мебандад, онҳоро тағйир медиҳад с бекор менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Агентӣ ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Агентӣ қарордошта, инчунин ташкили дохилии корҳои Агентӣ фармонҳо мебарорад.

11. Агентӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, Хадамот оид ба иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмон ва меъморӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, ки низомномаҳояшон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон тасдиқ мегардад, корхонаҳои воҳиди давлатии соҳавӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии соҳавиро, ки саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ доранд, анҷом медиҳад.

12. Маблағгузорин хароҷотҳои нигаҳдории Агентии сохтмон ва меъморӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молиян Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

13. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 36 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006

№ 614 тасдиқ шудааст

СОХТОРИ Дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меьмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон

Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ

Раёсати иқтисод ва молия

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Раёсати корҳо

Бахши кадрҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Шӯъбаи ҳуқуқ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006

№ 614 тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 614

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меьмории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 78, аз 30.10.2010 № 579)

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Водоканалпроект"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Гипрострой"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Гипропром"

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "САНИИОСП"

Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Сохтмон ва меъморӣ"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи бинокорон" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 78)

Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2010 № 579)

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006

№ 614 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, фаъолиятро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, сохтмон ва меъморӣ анҷом медиҳад.

2. Роҳбарии фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурни Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайлро анҷом медиҳад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи банди 1 ҳамин Низомнома ба фаъолияти Агентӣ дахл доранд, инчунин нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамо, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистонро тақозо менамоянд, манзур медорад;

- таҳия, тасдиқ ва ҷори намудани меьёрҳои давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ (ба истиснои стандартҳои байнидавдатӣ ва давлатӣ дар сохтмон), назорати истифодаи дурусти онҳо;

- такмили сатҳи лоиҳаҳои меъморӣ ва лоиҳаҳои меьмории биною иншоот ва маҷмааи онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунонии фармоишҳо барои молрасонӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои иҳтиёҷоти Агентӣ, инчунин доир намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи фаьолияти муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ мебандад;

- омодагии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисонро дар соҳаи шаҳрсозӣ, сохтмон ва меъморӣ ташкил менамояд;

- таҳия ва татбиқи нақша ва лоиҳаҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, нуқтаҳои аҳолинишин деҳот, курортҳо, минтақаҳои истироҳатии қитъаҳои саноатӣ;

- таҳияи барномаҳои минтақавӣ, азхуд намуданн ҳудудҳои кӯҳӣ, ки барои таъмини бехатарии сохтмон дар минтақаҳои хатарноки имконпазир, ҳифзи аҳолӣ аз таъсири хатарноки табиӣ нигаронида шудааст;

- ташкил, таҳия ва пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатнома ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти хоҷагидориро дар соҳаи сохтмону меъморӣ анҷом медиҳанд;

- гузаронидани интихоби озмунии корхонаҳои лоиҳакашӣ барои иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохтмони беҳтарии иншоотҳо, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва кредитҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додаи созмонҳои байналмилалӣ ва бонкҳо анҷом дода мешавад;

- танзим ва ҳамоҳангсози фаьолияти хадамоти меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ва роҳбарии фаъолияти онҳо дар қисми таъминоти илмию методӣ;

- таҳлили иқтисодии фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии система ва тасдиқи нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти онҳо;

- дар барномаҳои давлатии сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ ҷорӣ намудани технологияҳои нав, конссесия ва лоиҳаҳо дар асоси тадқиқотҳои илмӣ ва озмоишҳо;

- дар доираи салоҳияти худ ташклл ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯхдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои фаъолияти маҷмӯи бинокорӣ, тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

- дастгирии рушди соҳибкории хусусии бинокорӣ ва соҳибкорӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои рушди саноати сохтмон, аз ҷумла дастгирии таҳкими заминаи моддию техникии корхонаҳои саноатӣ, марказҳо, муассисаҳои таълимӣ;

- таъминоти барномавӣ ва илмию методӣ дар соҳаи сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, ташкили нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва илмию оммавӣ оид ба сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ;

- таъсиси низоми ягонаи давлатии таъиноти иттилоотӣ дар соҳаи сохтмон, шаҳрсозӣ ва меьморӣ;

- таҳлили ҳамасолаи фаьолияти ташкилотҳои бинокорӣ ва лоиҳакашӣ, дар асоси маълумоти омори давлатӣ;

- иҷрои ваколати фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо мақоми давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронидани корҳо оид ба сертификасияи маҳсулоти бинокорӣ ва хизматрасониҳо, инчунин оид ба стандартизатсия ва таьминоти метрологии истеҳсолот;

- пешбурди феҳристи ташкилотҳои бинокорӣ ва лоиҳакашие, ки дорои иҷозатномаи давлатӣ мебошанд;

- таъмини баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиати шаҳрвандон, оид ба онҳо қабул намудани қарор ва тибқи мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;

- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- иштирок дар ҳалли масъалаҳои хусусигардонии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи сохтмон, саноати масолеҳи бинокорӣ ва конструксияҳо;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи сохтмон;

- таъмини омодагии сафарбарии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии ташкилотҳои таҳти тобеияташон қарордошта оид ба омодагии сафарбарӣ;

- ташкили омодагии касбии кормандони Агентӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрон корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолият Агентӣ ташаккул ёфтаанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- ҷамъбасти амалияи татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Агентӣ ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

- оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тавзеҳот диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳхо, ҳайати мушовара) таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият кормандонро сарфароз гардонад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият воситаҳои чопии иттилооти оммавӣ таъсис диҳад.

7. Агентӣ ҳуқуқ дорад, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома ваколатҳои назоратиро анҷом диҳад.

Маҳдудиятҳои ваколат, ки сархати якуми ҳамин банд муқаррар намудааст, нисбат ба ваколатҳои роҳбари Агентӣ оид ба ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкили фаъолияти Агентӣ, инчунин ваколат оид ба назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ татбиқ намегардад.

Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Агентӣ ҳуқуқ надорад ваколатҳоеро, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ накардаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ

8. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Директор муовинон дорад, ки бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Воҳидҳои сохтории Агентӣ раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошанд. Ба таркиби раёсатҳо бахшҳо шомил мебошанд.

10. Директор:

- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад, масъулияти онҳоро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ муқаррар менамояд.

- низомнома оид ба воҳидҳои сохторӣ ва Оинномаҳои ташкилотҳои тобеи Агентиро тасдиқ менамояд;

- кормандони Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд;

- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Агентӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Агентиро дар доираи давраи дахлдори маблағгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоту муассисаи давлатии таҳти тобеияти системаи Агентӣ қарордошта пешниҳод манзур медорад;

- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарони муассисаҳои системаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ё бо ҳамин роҳбарон шартномаҳои давлатӣ мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ё бекор менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Агентӣ ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Агентӣ қарордошта, инчунин ташкили дохилии корҳои Агентӣ фармонҳо мебарорад.

11. Агентӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, Хадамот оид ба иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмон ва меъморӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, ки низомномаҳояшон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон тасдиқ мегардад, корхонаҳои воҳиди давлатии соҳавӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии соҳавиро, ки саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ доранд, анҷом медиҳад.

12. Маблағгузорин хароҷотҳои нигаҳдории Агентии сохтмон ва меъморӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

13. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода36 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006

№ 614 тасдиқ шудааст

СОХТОРИ Дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меьмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон

Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ

Раёсати иқтисод ва молия

Раёсати саноат ва таҷҳизонии техникии маҷмӯи бинокорӣ

Раёсати корҳо

Шӯъбаи кадрҳо