Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2009 № 144 "Дар бораи ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи идоракунии 100 фоиз саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи идоракунии 100 фоиз саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП"

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи идоракунии фаврии 100 фоиз саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП"-и Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №614 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "САНИИОСП" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 марти соли 2009 № 144

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О передаче в управление Дирекции по строительству правительственных объектов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан принадлежащие государству 100 процентов акций Открытого акционерного общества "Научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт САНИИОСП"

В соответствии со статьей 232 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Предоставить право оперативного управления Дирекции по строительству правительственных объектов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан принадлежащие государству 100 процентов акций Открытого акционерного общества "Научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт САНИИОСП" Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Из Перечня организаций системы Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №614, исключить слова "Акционерное общество открытого типа "САНИИОСП".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

от 7 марта 2009 года №144

г. Душанбе